Маълумоти охирин

Окбайт

Окбайт, кабристони мансуб ба асри 3 то милод, ки дар сохили рости дарёи Оксу, 6 километр шимолтари Кизилработ вокеъ аст. Солхои 1948, 1952 ва 1956 А. Н. Бернштам кашф ва тадкик намуд ва солхои 1958—59 Экспедисиям археологии Помири Шаркии Институти таърихи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон бо рохбарии Б. А. Литвинский хафриётро давом дод. Майдони кабристон дар Шимол то ба шохоби рости Оксуи дарёи Карокул мерасад.

Дар суфачахои якум ва дуюми болои сохили дарё (ба дарозии 3 километр) зиёда аз 100 пушта чойгир аст. Се намуди пушта ба назар ме­расад: 1) пуштахои мудаввар ё байзашакли сангпуш ва бо халкаи сан­ги ихоташуда; 2) пуштахои росткунчаи сангу хокпуш ва бо як ё ду халкаи санги ихоташуда; 3) пуштахои мудаввар ё байзашакл. Баъзе кабрхо арчапуш буда, ба руяшон хок кашидаанд. Аз кабрхо силоххои чанги (тег, ханчар, пайкон, табар), инчунин косахои биринчию чуби, халкахои тасма, дастпонахои биринчи, мухрахо, зарфхои сафолии хачман ва шаклан гуногун, гушвораи тилло ва гайра ёфт шуданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.