Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ойунский Платон

Ойунский Платон

Ойунский Платон Алексеевич (И. И. 1893 — 31. 10. 1939), нависандаи советии ёкут, ходими чамъияти, асосгузори адабиёти советии ёкут. Дар улуси Татин (хозира pайони Алек­сеевск) дар оилаи дехкон таваллуд шудааст. Аъзои КПСС аз соли 1918. Аз аввали соли 1917 аъзои махфили сотсиал-демократхо буд.

Аз огози Револютсияи феврали 1917 ба муборизаи револютсиони хамрох гардид. Дар вазифахои рохбарнкунандаи давлати ва муассисахои илмии Ёкутистон кор кардааст. Аъзои Правленияи ИН СССР (1934—38). Асархои у бештар хусусияти романтики доранд. Шеърхои у («Суруди озоди», 1922; «Ба вафоти дохи», 1924; «Аспи оханин», 1926; «Хокимият ба Советхо», 1927 ва гайра) ва достони драмавии «Шама­ни сурх* (1918, тахрири дуюм соли 1925) дар рохи аз чихати сиёси бедор намудани мехнаткашони кишвар роли бузург бозиданд.

Ойунский дар хикояхои «Хоби пустмол» (1926), «Искандари Макдуни» (1935) ва гайра, повести «Халоси аз лачан» (1936), ёддоштхои «Рузхо ва солхои гузашта» (1928) аз вокеахои револютсиони дар Ёкутистон накл мекунад. Якчанд асархои драматурги низ дорад: «Большевик» (намоиш 1926), «Туйа- арыма-Куо» (намоиш 1928) ва гайра. Муаллифи асархои илмии «Афсонаи ёкути (олонхо), сюжет ва мазмуни он» (1927), «Оид ба назарияи назми ёкути» (1928), «Забони ёкути ва роххои тараккиёти он» (1935). Депутати Совета Олии СССР (даъвати 1). Дар Ёкутистон мукофоти ба но­ми П. А. Ойунский таъсис шудааст (1966).

Адабиёт: Очерк истории якутской советской литературы, Москва, 1970.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …