Маълумоти охирин

Оилаи забонхо

Оилаи забонхо, мачмуи забонхои хеш, ки аз як забони мабдаъ ба вучуд омадаанд. Масалан, забонхои славяни, балти, хинди, эрони, германи, романи, армани ва гайра забонхои хеш шуда, Оилаи забонхои хиндуевропоиро (нигаред забондои хиндуевропои) ташкил медиханд. Микдори Оилаи забонхо дар адабиёти илми хар хел (20 ва аз он зиёдтар) кайд шудааст. Забонхои хиндуевропои, сомию хоми, кавкази, фину угори, турки, малаю полинези ва гайра Оилаи забонхои калони дунё мебошанд.

Одатан, Оилаи забонхо ба гуруххои нисбатан хурд — шохахои забони чудо меша­ванд. Масалан, забонхои эрони, славяни, германи, хинди ва гайра шохахои Оилаи забонхои хиндуевропои, забонхои матруки мисрии кадим, кубти, кушити, чади ва гайра шохаи Оилаи забонхои сомию домиро ташкил медиданд. Хар як шохаи забони, чун коида аз якчанд забон­хои ба хам наздик иборат мебошад.

Чунончи, ба шохаи забонхои эронии Оилаи забонхои хиндуевропои гурухи забон­хои шарки ва гарбии эрони дохиланд. Аммо забонхои чудогона низ дастанд, ки як шохаи мустакили Оилаи забонхоро ташкил мекунанд (шохахои албани ва армании Оилаи забонхои хинду­европои). Дарачаи хешии шохахои забонии Оилаи забонхо  дар як поя нест. Дар байни баъзе шохахои забони тафовути зиёд ба назар намерасад.

Ам­мо аксари шохахо аз хам чунон дур рафтаанд, ки муайян намудани хешии онхо бо рохи тадкики мукои- савию таърихи муяссар мегардад. Масалан, дар дохили Оилаи забонхои хиндуевропои шохаи эрони ва хинди, славяни ва балти ба хам наздиканд. Бино- бар ин онхоро забонхои хиндуэрони ва балтуславяни низ меноманд. Ба хамдигар наздик будан ё фарки зи­ёд пайдо кардани забону лахчахои Оилаи забонхо  ба мухити чугрофи, такдири таърихии сохибони забон, дарачаи таъсири мутакобили онхо, сохти давлатдори ва гайра вобаста аст.

Тафовут ва монандии забонхо дар дохи­ли Оилаи забонхо ба таърихи забони мабдаъ низ сахт марбут аст. Забонхое, ки дар гузаштаи наздик аз забони маб­даъ чудо шудаанд (масалан, бисёр за­бондои Оилаи забонхои малаю полинези, агарчи аз хам дар масофаи хеле дур чойгир шуда бошанд хам, мубодилаи афкор дар байни намояндагони ин забонхо ба осони муяссар ме­гардад), ба хамдигар хеле монанданд. Зиёд будани тафовути байни забонхои ба хам хеш, баръакс нишон медихад, ки ба шохахо чудо шудани забони мабдаъ дар замони хеле кадим ба вукуъ пайвастааст.

Забонхое низ мавчуданд (забони бурушаски, баски, япони, шумери ва гайра), ки ба кадом Оилаи забонхотааллук доштанашонро илми забоншиноси таъин накардааст. Аз аввали пайдоиши забоншиносии мукоисави масъалан ба хам монанд будани Оилаи забонхои чудогона ба миён омад. Масалан, баъзе олимон Оилаи забонхои фину угори ва олтоиро ба Оилаи забонхои уралию олтои муттахид мекунанд ва тамоми забондои туркию мугули, тунгусу манчури ва хатто забони кореиро ба он хамрод медонанд.

Ходисаи ба хам монанд будани Оилаи забонхои фину угори ва хиндуев­ропои хам аз тарафи намояндагони забоншиносии мукоисави баён шу­дааст. Дар солхои охир забоншино­сии мукоисави дар бисёр сохахо (забоншиносии олтои, картвели, сомию хоми ва гайра) ба дакик ва амик омухтани забонхои мабдаи Оилаи забонхои чудогона муваффак шудааст.

Дар натича, олимон дар асоси мукоисаи забон­хои мабдаи Оилаи забонхои гуногун фарзияи дар замони хеле кадим аз як забони мабдаъ (фарзияи «забонхои нострати — «забонхои хеш») пайдо шудани якчанд Оилаи забонхои калонро ба миён гузоштаанд. Аз руи фарзияи мазкур Оилаи забонхои хиндуевропои, сомию хоми, уралию олтои, картвели, дравиди ва гайра гуё ба хам хеш буда, каробати зиёде доранд.

Адабиёт: М е й е А., Введение в сравни­тельное изучение индоевропейских языков, Москва— Ленинград, 1938; Оранский И. М„ Введение в иранскую филологию, Москва, 1960; Дьяконов И. М., Языки древней Передней Азии, Москва, 1962; Илдич- С в и т и ч О. М., Опыт сравнения ностратических языков, том 1—2, Москва. 1971—76; Основы иранского языкознания. Древне­иранские языки, Москва, 1979; Основы иран­ского языкознания. Среднеиранские язы­ки, Москва, 1982.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …