Маълумоти охирин

Оила

Оила шакли умумияти одамон аст, ки муносибатхои зану- шавхари ва хешутабориро дарбар мегирад. Карл Маркс ва Фридрих Энгелс оиларо хамчун муносибати байни зану шавхар, волидайн ва фарзандон муайян кардаанд» (К. Маркс и Фридрих Энгелс Сочинение том 3, сахифаи 27). Никох асоси хукукии Оила аст.

Пайдоиши Оила зухуроти табиию таърихист. Таърихи инсоният ду шакли Оиларо медонад: п о л и г а м и (гурухи) ва моногами (якканикохи). Моногамия шакли баландтарини оиладорист. Хусусияти Оила ба тарзи муайяни истехсолот, характери муносибатхои истехсоли ва дарачаи инкишофи тамаддуни чамъияти вобаста аст.

Пайдоиши моликияти хусуси, синфхою муносибатхои синфи бониси ташаккули Оилахои моногами гардидааст. Масъалаи гун намудани сарват омили асосии устуворгардии Оилахои моногами буд. Дар натичаи галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр типи сифатан нави Оила ба миён омад.

Сотсиализм асосхои иктисоди, ахлокию хукуки ва муносибати аъзоёни Оиларо ба тартиб оварда, табиати онро ба кулли тагйир дод. Акнун манбаи асосии фаъолияти Оиларо даромади мехнатии аъзоёни он ташкил медихад. Сарватхои мехнатии Оила мувофики талаботи аъзоёни он таксим мешаванд. Дар айни хол аз он барои аъзоёни кобили мехнат набудаи Оила хисса чудо карда мешавад.

Аз тарафи чамъият ба зимма гирифтани парастории хаматарафаи куда- кон, пиронсолон ва маъюбон кору ташвиши Оиларо сабук мекунад. Конунияти (мазкур ба афзудани мустакилияти иктисодии аъзоёни оила, баробарии комили байни зану шавхар, чавонон ва пирон, падару модарон ва фарзандон оварда мерасо­над.

Фарохам овардани чунин шароит ба махви хурофотхои оилави (муносибати бою феодали нисбат ба зан, бемасъулияти дар оила ва гайра) мусоидат мекунад. Боки мондани вазифаи хочагию истехсолии Оила дар замони сотсиализм низ мероси замони гузаштаи он аст. Афзудани даромади ахоли аз хисоби хочагихои чамъияти ва баланд шудани макоми хизматрасони боиси бархам хурдани вазифаи мазкури Оила мегардад.

Аммо конунияти мазкур просесси дуру дароз буда, фарохам овардани заминахои махсуси модди ва ичтимоиро талаб мекунад. Аз ин ру, дар рафти сохтмони коммунизм партия ва хукумат барои хочагихои хонагиро ба истехсолоти калони чамъияти табдил додан чорахои зарури меандешанд.

Афзудан ва васеъ намудани хизматрасонии чамъияти, ба ховагии калони механиконидашуда табдил додани сети хизмати маиши, барои таъмини баробарии хакикии чинсхо, афзудани дарачаи маънави ва муносибатхои мустахками аъзоёни Оила тамоми шароитро фарохам меоварад. Бар хилофи Оилахои буржуази вазифаи мухимтарини чамъиятин Оилаи сотсиалисти тарбияи нас­ли наврас аст.

Мавчудияти фаркияти ичтимои, инчунин гуногунии дарачаи мада- ниятноки ва маънавии аъзоёни чамъият боиси нобаробарии тарби­яи насли наврас дар Оилахо мегардад.

Нобаробарии иктисодии Оилахо но­баробарии инкишоф додани кобили- ят ва тарбияи кудаконро дарбар мегирад. Дарачаи пасти маданият ва ахлок дар баъзе Оилахо боиси тарбияи нодурусти фарзандон мегардад. Аз хамин чост, ки чамъият ба тарбияи бемайлони чамъиятии насли наврас ахамияти калон медихад.

Дар баробари ин аз сахми Оила ва методхои гуногуни тарбиявии он сарфи назар карда намешавад. Аз ин ру, инкишофи тарбияи чамъияти (васеъ намудан» доираи муассисахои томактаби, хонаи пионерон, мактаб-интернатхо ва дигар муассисахои кудакона) ва оилави зарур аст. Бемайлон бартараф намудани махдудиятхои оилави ва таъмин намудани таносуби дурусти тарбияи Оила ва чамъият имкон медихад, ки тарбияи насли наврас дуруст ба рох монда шавад.

Мувофики маълумоти баруйхатгирии соли 1979 дар СССР 122,6 миллион марду зан дар акди никоханд. Аз 66,3 миллион Оила 29,7%- — 2 нафари, 28,9% —3 нафари, 23% —4 нафари, 18,4% — 5 нафари ва зиёдтар мебошанд.

Дар шароити сотсиализм муносибатхои оилавию никохиро давлат танзим мекунад. Оила дар панохи давлат аст. Давлат дар хакки оила бо рохи барпо намудан ва зиёд кар­дани муассисахо, ташкилотхои  бачагона ва такмил додани хизмати маиши, ёрдампулию мададрасони гамхори мекунад (Конститутсия (конуни асосии) СССР, Душанбе, 1977, сахифаи 18). Бо мурури ба фазаи олии чамъияти коммунисти гузаштани одамони совеи дахолати давлат ба Оила ахамияти худро гум мекунад. Оилаи коммунисти типи олии муносибатхои заношуй ва мустахкамтарину хушбахтарин хохад шуд.

Адабиёт: Вне рабочее время и его исполь­зование. Социология СССР, том 2, Москва, 1966; Строительство коммунизама и развитие общественных отношений, Москва, 1966; Харче в А. Г., Быт и семья в социалисти­ческом обществе, Ленинград, 1968. Некоторые во­просы теории научного коммунизма. Душанбе. 1971.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …