Маълумоти охирин

Охур

Охур барои хайвоноти хочагии кишлок, чоест барои хуроки чорпоён. Охур пошхури, сарфаи хурок, шароити бехдошту гигиенаи хурокдихиро таъмин менамояд. Сохт ва андозаи Охур ба намуд, синну сол ва усули Нар­ва риши чорво вобаста аст. Охур бояд барои хар гуна хуроки якдафъагии хайвонот, инчунин барои пур кардани хурок, бехдошт ва дезинфексия мувофик бошад.

Охур барои гов стасионари ва сайёр, яктарафа ва дутарафа, фарди ва муштарак мешавад. Шакл ва андозаи Охур мувофики дар дарун ё беруни Охур чойгир шудани тахвилнавори таксимгарак (транспортёр) гуногун мешавад. Дар СССР барои чорпоёне, ки баста ва набаста парвариш мекунанд, бештар Охурхои стасионариро истифода мебаранд, барои гусолахо бошад, Охурхои чудошавандаро ба кор мебаранд. Барои говхои чушои, ки бо дастгоххои говдуши тачхизонида шудааст, аз Охурхои фарди (барои консентрат) истифода мекунанд. Консентрат ба Охур аз дозатор дохил мешавад, ки бо ёрии механизмхо, дасти ё автомати ба кор медароранд. Охур одатан хангоми бино кардани молхонахо сохта мешавад.

Дар фермахои асппарвари Охурро барои хурокихои омехта ва дурушт истифода мебаранд. Аввал Охурхои чудо мешудаги месозанд ва пас ба девор мустахкам мекунанд. Онхоро бароихасбеда ва силос пешаки Охур тахсис мекунанд, барои консентратхо —рештак. Ба баррахо дар новахои пахнпоя хурок медиханд. Барои фермахои хукпарвари дар саноат намудхои гуногуни Охурхои автомат бароварда мешавад. Махсусан Охуохои навъи АКТ, СМ-1 ва ВС-1,0 маъмуланд. Охурхои АКТ ва СМ-1 барои хурокхои хушки пошхуранда (АКТ-и дутарафа ба 50— 60 хук, СМ-1-и яктарафа барои 20—30 хук), ВС-1,0 барои ниммоеъхои омехта ва пасмондахои хурокии пухташуда таъин шудаанд. Гунчошиаш 1 тонна хуроки ниммоеъ. Ба­рои дигар чорпоёни хочагии кишлок хам. Охурхои махсус месозанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.