Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Охундов Мирзо Фатхали

Охундов Мирзо Фатхали

Охундов Мирзо Фатхали (12. 7. 1812, Шеки. хозира Нухо —10. 3. 1878, Тифлис), нависандаи маорифпарвари озар, файласуфи материа­лист. Асосгузори драматургия ва насри реалистии Озарбойчон. Забонхои руси, араби ва туркиро медонист. Дар Кавказ дар идораи гумоштаи шох (Тифлис, 1834—78) вазифаи тарчумониро адо менамуд. Дар Омузишгоки уездии Тифлис аз забонхои форси ва турки дарс гуфтааст. Фаъолияти эчодии Охундов аз охири солхои 20 асри 19 шуруъ шудааст. Асархои аввалини у касидаи «Шикоят аз за­мона» ва «Поэмаи Шарк» (хар ду ба забони форси) ном дорад. «Поэ­маи Шарк» (тарчумаи руси 1837) дар бораи бузурги ва макоми Александр Сергеевич Пуш­кин дар таърихи адабиёти рус ва чахон ва марги фочеавии шоир хикоят мекунад.

Табъи эчодии Охундов хусусан дар дра­матургия хело барчаста зохир гаштааст. Аз соли 1850 то 1856 шаш мазхака офарид, ки дар онхо хаёти Озарбойчони нимаи якуми асри 19 ба таври реалисти инъикос ёфтааст. Дар мазхакахои «Хикояти мусе Жордан, хакими наботот ва дарвеш Мусталишох, чодугари машхур» (1850), «Хикояти Муллоиброхими Халили кимёгар» (1850) тавассути образи мусбат хислатхои фардии инсон, аз кабили мехнатдусти, иродаи кави доштан ва гайра таргиб шудааст. Дар мазхакаи «Саргузашти вазири хони Ленкоран» (1850) бошад, ахлоки замимаи вазирон, тирагии акоиди хонхо, муносибат, рафтори мардум ва танкиди замона нишон дода шудааст. Дар «Хикояти хирс, фотехи рохзан» (1851) зиндагии мардуми Озарбойчон дар миёнаи асри 19 тахлил шуда, дар мазхакаи «Саргузашти марди хасис» (1852) ва повести хачвии “Кавокиби фирефташуда” (1857) таназзули муносибатхои феодали- патриархалиро тасвир кардааст.

Хамрохшавии Озарбойчони Шимоли ба Россия вокеаи мухимми таърихи дар хаёти чамъиятии халки озар буда, ба хаёти сиёси, иктисоди ва мадании ин сарзамин таъсири прогрессиви расонд.

Дигаргунихои ичтимоию сиёси ва мадание, ки дар Озарбойчон ба вучуд омаданд, дар афкори пешкадами чамъиятию сиёси ва фалсафии мардуми он, аз чумла Охундов инъикос ёфтаанд. Чахонбинии Охундов зори таъсири акидахои пешкадами мутафаккирони рус, дар натичаи шиносоии у бо адабиёти томарксисти, махсусан бо асархои В. Г. Белинский, Н. Г. Чернышевский, Н. В. Гогол, А. С. Грибоедов, Салтыков-Щедрин ва дигар, муносибати бевоситааш бо шахсони пешкадами Россия, ки ба Кавказ бадарга шуда буданд, ташаккул ёфтааст. Таълимоти материалистони асри 18-и Франсия низ ба ташаккули афкори ичтимои-фалсафии у таъсири мусбат расонд. Охундов дар рисолаи фалсафии «Се мактуби шохзодаи Хинд Камолуддавла ба шохзодаи Эрон Чалолуддавла ва чавоби ин ба вай» (ба забонхои турки, фор­си ва руси навишта шудааст), маколаи «Чавоб ба хакими англис Юм» ва гайра акидахои материалисти ва атеистиро инкишоф дода, човидонии рухро инкор ва илму фалсафаро аз дин чудо карда, ба омузиши табиат даъват менамуд.

Охундов материяро чавхари ягона, тафаккурро махсули материя медонад. Ба таври объектави дар вакту фазо вучуд доштани материя ва мувофики конуниятхои дохили харакат намудани онро эътироф намудааст. Охундов бо вучуди дар назарияи маърифат гояи сенсуализми материалистиро пазируфтан диалектикаи зинахои хисси ва аклии маърифатро ошкор карда натавонист. Охундов бар зидди зулми ичтимои, ба химояи хукуки занони Шарк баромада, дар бораи бо рохи зури сарнагун сохтани истисморкунандагон изхори акида намуда буд. Охундов максади тарбияро дар ташаккули граж­данхои ватандусту бошуури аз таъ­сири эътикодоти дини озод медид. Ба тарбияи эстетикии насли наврас диккати махсус дода, методи реалистиро (ки хакикатро ба таври реалисти тасвир мекунад) таргиб, ислом ва таассуботи диниро танкид, оштинопазирии эътикод ва дониш, роли иртичои динро дар чамъият махсусан кайд кардааст. Ба максад мувофик будани ивази алифбои арабиро ба лотини низ таргиб мекард.

Асархои Охундов ба забонхои руси, немиси, франсави, англиси ва бисёр забонхои халккои СССР тарчума шуда, ба инкишофи маданият, адабиёт ва афкори чамъиятии халкхои Шарк таъсири зиёд расонданд.

Acос: Мактубхо, Сталинобол, 1950; Изб­ранное, Москва . 1956; Избранные философские про­изведения . Москва , 1962. Адабиёт: Р а ф и л и М., Ахундова, Москва. 1959; Мамедов Ш.          Ф.,Мировоззрение |

М. Ф. Ахундова, Москва, 1962; Р а а е в А. К,. Политические взгляды М. Ф. Ахундова, Баку, 1008; Сама дон В.. Основные вопросы таджикско-азербайджанских литературных связей в XIX в., Душанбе, 1975.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …