Маълумоти охирин

Охуи Мусикор

Охуи Мусикор (соли тавалд ва вафот номаълум), навозанда, хофиз ва бастакори охири асри 16 — аввали асри 17 точик. Дар Бухоро таваллуд ёфта, илмхои мусики, бадеъ, муаммо, фалсафа ва табииётро омухт. Охуи Мусикор муддате дар хузури мусикидони номии Бухоро Мухаррами Чанги таркиботи илмию амалии мусикиро аз бар кардааст.

Охуи Мусикор барои такмили хунар ба Хирот рафта бо устодони мусикии он чо хамкори кард. Махсусан аз мусикидони номии Хирот Устод Шамсуддини Хирави санъати мусики омухт. У дар усули макомхои «Ушшок», «Бузург» ва «Кучак» асархои тоза эчод кард, ки «Накши Оху», «Амали Мусикор», «Савти Ушшок» ва гайра аз чумлаи онхост. Бисёр мусикидонони Бухоро аз у таркиботи созу овозро омухтаанд. Дарвешалии Чанги чанд асари хешро бо тавсияи у тасниф карда­аст. Охуи Мискор дар поёни умр ба зодгохаш баргашта, он чо аз олам даргузашт.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …