Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оханубетон

Оханубетон

Оханубетон, масолехи биноко­рии сунъиест, ки аз бетон ва арма- тураи пулоди иборат мебошад. Дар конструксияхои аз Оханубетон тайёр кардашуда мустахкамии бетон ба фишуриш ва мустахкамии арматура ба кашиш самаранок истифода меша­вад. Истифодаи якчояи ин ду масолехи хосияташон басо мухталиф бар инхо асос ёфтааст: коэффисиент и васеъшавии хосияташон хаттии бе­тон ва арматура кариб як хел аст; бетон арматураро аз коррозия (занг- занг) ва тез гарм шудан (то 100° Селсия) химоя мекунад; бетон хангоми сахт шудан ба арматура мазбут мечаспад. Оханубетон ба туфайли бакодори, оташ- бардори, нисбат ба таъсири омилхои атмосфери мустахкам ва ба таъсироти динамики (аз он чумла, сейс­мики) тобовар буданаш дар бино­кори ва сохтмон маъмул гаштааст.

Ба сабаби он ки моддахои пуркунандаи таркиби Оханубетон (шагал, сангреза, peг) дар хама чо мавчуданд, Оханубетонро амалан дар хамаи махалхо истифода бурдан мумкин аст. Чихати номатлуби Оханубетон ин аст, ки вай мекафад ва дар сатхи конструксия таркишхо пайдо мешаванд. Сабаби ин кам будани мустахкамии бетон ба кашиш (назар ба фишуриш 10—20 маротиба кам) мебошад. Чунин но­расоии Оханубетонро дар просесси тайёр кардани конструксия бо рохи сунъи фишурдани бетони арматурадор бартараф мекунанд. Ин гуна Оханубетонро Оханубетони пешаки шиддатдодашуда ме­номанд. Зимни чунин чорачуи мазбутии конструксия зиёд ва эхтимоли кафидани oн кам мешавад ва сарфаи пулоду кам кардани арзиши конструксияро имконпазир месозад. Оханубетонро богбони франсави Ж. Моне соли 1867 ихтироъ кардааст.

Дар Осиёи Миёна устодои точик аз кадим ба сифати масолехи часпон соруч (лои хокистару охак)-ро истифода мебурданд. Барои пешгири кар­дани нишасти бино ё девор ба лой одатан кох илова мекарданд ё синч мекашиданд. Дар би нокори асосан Оханубетон бо бетони вазнин тайёршуда (зичиаш 1800—2500 килограмм/метр3) ва Оханубетони бо бетони пуркунандахояш ковок тайёршуда (зичиаш то 1500 килограмм/метр3) истифода мешавад. Дар мавридхои махсус барои Оханубетон бетонхои оташбардор, кислотабардор ва гайраро истифода мебаранд.

Дар Точикистон заводхои саноати бинокори (дар Душанбе, Ленинобод ва гайра) хар сол кариб 1 миллион метри мукааб Оханубетони васлшаванда истехсол мекунанд (соли 1982). Истифодаи Оханубетон дар Точикистон ба омилхои табиии махал: зилзиланоки, иклими гарму хушк, хокхои суст, роххои кухи ва гайра алокаманд мебошад. Дар чунин шароит истифодаи Оханубетони сабук (бо пуркунандахои ковок), якчоя исти­фода бурдани Оханубетони васлшавандаву яклухт (монолити), сохтани конструксияхои фазоии зилзилабардор, татбики усулхои пешкадами тайёр кардану нигохубини Оханубетон (алалхусус, дар тобистон) салох аст. Инкишофи минбаъдаи Оханубетон ва вусъати истифодаи он ба гузарондани тадкикоти васеи илми вобаста аст. Нигаред низ Конст­руксияхои, оханубетони.

Адабиёт: Берг О. Я., Физические основы теории прочности бетона и железобето­на, Москва, 1961; Развитие бетона и железо­бетона в СССР, под редактированием К. В. Михай­лова. Москва, 1969.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.