Охан

Охан (лотини Ferrum), Fe, элементи химиявии гурухи VIII системаи даврии Менделеев, раками ат. 26, массан ат. 55,647. Q.-и табии аз 4 изото­пи собит 54Ге (5,84%), **Ге (91,68%), 67Ге (2,17%) ва 58Ге (0,31%) иборат аст. Аз изотопхои сунъиаш 55Ге ва Ге бештар устувор ва ахамиятноканд. Охан ба инсоният аз кадимулайём (нигаред Асри охан) инчониб маълум аст. 4,65% массаи кишри Замин аз Охан иборат буда, худи Охан дар табиат дар холати озод ва магмави, гидротермали ва гипергени дучор мешавад. Охан кариб 300 минерали оксиди, сулфиди, силикати, карбонати, фосфата ва гайра хосил менамояд.

Конхои Охан дар СССР дар хавзаи Кри­вой Рог, Белгород, Ангаро-Питск, Ангаро-Илимск, куххои Магнитний, Високий ва Благодат, Соколов­ское, Сарбайск ва гайра, дар Республикаи Советии Сотсиалистии  Точикистон дар каторкуххои Курама (кони Чохкадамбулок) ва Аличури Чануби мавчуд аст. Охани холис металли нукраранги чандир мебошад. Зичиаш 7874 килограм/метр3, t гудозиш 1539° С, t чушиш 2880°Селсия аст. Валенташ тагйирёбанда буда, пайвастхои 2 ва 3 валентааш беш­тар устуворанд. Бо оксиген ГеО, Ге203, Гез04 хосил мекунад. Дар харорати мукаррари, дар хавои намнок

  • кабати тунуки занг (Ге202 nHjO) пушида мешавад. Охан дар хавои хушк (дар харорати аз 200° Селсия зиёд) кабати ту­нуки оксид хосил менамояд. Ханго- ми дар буги об гарм кардан Ге204 (дар харорати кариб 570° Селсия) ё ГеО (дар харорати аз 570°Селсия баланд) хосил карда, гидроген хорич менамояд. Гидроксиди Охан Ге(ОН)2 дар вакти ба махлули обии намакхои Ге++ таъсир кардани ишкор ё аммиак дар намуди такшони сафед хосил мешавад. Ге(ОН)2 дар хавои кушод аввал ; сабз, баъд сиёх шуда, дар охир ба гидроксиди сурхи бур Fe (ОН)з табдил меёбад. FeO хосияти асоси ва Fe203 хосияти амфотери дорад. Охан ба галлогенхою галлогенидхои гид­роген бо осони ба реаксия дохил шуда намак (масалан ГеС12, ГеСЬ ва гайра) ва бо S, С, N, Si, Р пайваст шуда, сулфидхо (FeS, FeS2), карбидхо (Ге3С, Ге*С), нитридхо jFe4N, Fe2N), силисидхо (FeeSi), фосфидхо (ГвагР) ва гайра хосил менамояд. Охан аз таъсири HN03-n консентронида пардаи мухофизи оксид хосил намуда, пассив мегардад, аммо дар HNOs-и сероб хал шуда, кислотаро то NH2N20 ва N2 баркарор мекунад. Иони Ге2+ ноустувор буда. дар хаво оксид меша­вад ва ба Ге3+табдил меёбад. Охан як катор пайвастхои комплекси хосил менамояд. Охани холисро дар микдори кам аз электродиаи махлули намак ё бо гидроген баркарор кардани оксидхояш хосил мекунанд. Оид ба усулхои саноатии истехсоли Охан нигаред масалан Истехсолоти мартени, истехсолоти домнави. Оханро асосан дар намуди хулахои гуногун (чуян, пулод ва гайра) истифода мебаранд. Бештар аз 95%’ махсулоти металлии истеъмолшаванда Охан ва хулахои он аст.

Охан дар организми хайвонот ва растанихо (тахминан 0,02%) яке аз элементхои биогении зарур буда, дар бисёр просессхои хаёти роли мухим мебозад. Вай ба организм асо­сан ба воситаи хурок (чигар, гушт, тухм, нон, лаблабу ва гайра) дохил шу­да, дар чигар ва талха захира ме­шавад. Дар организм Охан барои синтези гемоглобин, миоглобия, бофтахои ситохроми ва дигар ферментхои охандор сарф мешавад.

Дар тиб препаратхои Охандор (лактати охан, ферамид, гемостимулин ва гайра)-ро барои муоличаи беморихое, ки аз норасоии Охан ба вучуд меоянд, инчунин баъзе беморихои сирояти истифода мебаранд. Изотопхои Охан (б2Ге, Ге ва 59Ге) хангоми тадкикоти тиббию би­ологи ва ташхиси беморихои хун (анемия, лейкоз, полипситемия ва гайра) чун индикатор истифода мешаванд. Нигаред низ Охангари.

Адабиёт.: Общая металлургия, Mосква 1967; Некрасов Б. В., Основы общей хи­мии, том 3, Москва, 1970.

Дар борамон

Инчунин кобед

payvand

МУГЧАПАЙВАНД

МУГЧАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба нихоли хасак мугчаи навъи бехтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …