Главная / Гуногун / Охаксанг

Охаксанг

Охаксанг, чинси кухин тахшинист, ки асосан аз калсит СаСОз ва баъзан аз арагонит иборат аст. Таркибаш аксариат омехтахои доломит, кварц, минералхои гилдор, оксидхо, гидрооксидхои охан, манган, инчунин марказит, фосфатхо, гач, моддахои органики ва гайра дорад. Таркиби химиявии Охаксанги тоза ба таркиби калсит (56% СаО ва 44% СОг) наздик аст. Агар Охаксанг 4—17%’ MgO дошта бошад, онро Охаксанги доломитгашта, 25— 50% заррахои гили дошта бошад, мергел меноманд.

Бури табиии 96— 99%* СаСОз дошта низ Охангсанг аст. Дар просесси метаморфизм Охаксанг ба мармар табдил меёбад. Охаксангхо вобаста ба андозаи донахои таркибашон гуногун ва аз руи сохт кристалли, органогени, шикастапора ва омехта меша­ванд. Охаксангхо бештар кабат-кабат мехобанд. Охаксанги органогени аз чамъ шу­да мондани бокимондахои органики, Охаксанги хемогени бо рохи аз махлулхо такшон шудани калсит ва Охаксанги ши­кастапора дар натичаи чамъ ва шах шуда мондани шикастапорахои охаксангхои кадима ба вучуд меоянд. Охаксанг дар шакли кабатхои гафс (аз садхо то хазорхо м) дар тахнишастхои тамоми системахои геологи (аз токембрий то антропоген) вомехурад. Дар Точикистон Охаксанг бештар дар каторкуххои Курама, Зарафшон, Хисор ва каторкуххои Дарвозу Помир вомехурад.

Дар хочагии халк Охаксанг аха­мияти калон дорад. Аз он охак, се­мент тайёр мекунанд. Дар сохтмони корхонахои саноати, манзилгох ва роххо хамчун санг, шагал, сангхои руйкашию ороиши ба кор меравад. Охаксангро дар саноати химия (барои тай­ёр кардани соха, карбиди калсий, нурии минерали ва гайра), металлургия (ба сифати флюс), полиграфия (ба­рои сохтани сангхои литографи), саноати шишa, хуроквори (барои софкории шарбати лаблабуи канд) ва гайра фаровон истифода мебаранд.

Дар борамон

Инчунин кобед

payvand

МУГЧАПАЙВАНД

МУГЧАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба нихоли хасак мугчаи навъи бехтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …