Главная / Гуногун / Охакандози

Охакандози

Охакандози, ба замин андохтани охак ва дигар нурихои охакдор бо максади бартараф кардани туршии барзиёд, ки барои нумуи бештари зироатхои хочагии кишлок зарарнок аст; усули мелиорасияи химиявии хоки турш. Охакандози процсессест, ки дар натичаи он дар хок ионхои гидрогену аллюминий ба ионхои калий ва магний иваз меша­ванд. Хангоми Охакандози дар натичаи рафъ гардидани туршии хок ва зиёд шу­дани микдори калсий фаъолияти микроорганизмхои муфид авч мегирад. Дар натичаи ин хок аз моддахои гизоии барои растани дастрас бой гардида, хосияти физикии он бехтар мешавад. Охакандози нурихои органи­ки ва минералиро самарабахштар менамояд.

Охакро одатан ба заминхои хокаш хокистари, чимтолу хокистари, торфхок ва баъзан ба хоки  хокистарранги чангал ва сурххок меандозанд. Меъёри истифодаи охак аз руи туршии хок, таркиби механикии он ва хусусиятхоя зироат мукаррар карда мешавад. Охакандози барои сабзишу нашъунамои аксари зироатхои хочагии кишлок ахамияти калон дорад. Дар на­тичаи Охакандози хосили зироат хеле зиёд мешавад (дар СССР ба хисоби миё­на сенр/гектар): галладона (дон) 0,5—4; лубиёихо (дон) 1—3; лаблабуи хуроки чорво 30—60; картошка 5—15; загирпоя 1—3; себарга 7—15; карам 30—70; сабзи 15—45. Барои мувофики план ташкил намудани Охакандози тадкики махсуси хок, дар сахро гузаронидани тачрибахоро ба рох монда, картограммаи туршии хокро тартиб медиханд.

Адабиёт: Авдонин Н. С., Повышение плодородия кислых почв, Москва, I960; К о р нилов М. Ф., Трунина 3. В., Из­весткование кислых почв, Ленинград, I960; Ш е деров С. Г.. Известкование кислых почв. Москва. 1960.

Дар борамон

Инчунин кобед

payvand

МУГЧАПАЙВАНД

МУГЧАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба нихоли хасак мугчаи навъи бехтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …