Маълумоти охирин

Охак

Охак, моддаи кобизи химиявие, ки бо рохи тафсонидани (ва коркарди минбаъдаи) охаксанг, бур ва дигар чинсхои карбонати хосил мекунанд. Аксар вакт аз мафхуми охак Охаки ношукуфта — СаО ва Охакии ш у к у ф т а — Са(0Н)гфо мефахманд. Диrap намудхои Охак— Охакии натропи (омехтаи Са(ОН)2 ва NaOH), ки дар противогазхо, асбобхои лаборатори (барои фуру бурдани С02) ба кор меравад ва Охакии хлорнок — Са(ОС1)2, ки чун моддаи шустагари ва безараркунанда истифода мешавад, низ маълуманд.

Охаки бинокори то 95% СаО дорад. Онро дар натичаи сухтани (дар харорати 1100—1300° Селсия) карбонатхои калсию магний хосил мекунанд. Охак чун масолехи бинокори аз кадимулайём маълум аст. Онро хатто 3000— 2500 сол пеш аз милод барои часпонида­ни сангу хишти иншоотхо, андова кардани девор ва гайра истифода мебурданд. Чунин омехта дар натичаи пайвасти гази карбонати таркиби хаво ва бухор шудани оби он карбо­нати калсий хосил карда, тадричан сахт мешавад:

Сй(ОН)2 + СОг = СаСОз! + H2Of О. вобаста ба таркиби химияви ба Охакии дар хаво сахтшаванда ва Охакии гидравлики чудо мешавад. Охаки дар хаво сахтшаванда асосан аз СаО ва MgO иборат аст. Охаки гидравлики бошад, ба гайр аз СаО ва MgO, боз Si02, AI2O3 ва ГегОз низ дорад. Охаки дар хаво сахтшаванда масолехи бинокор ва бетонро дар хавои хушк, вале Охаки гидравли ки онхоро хам дар хаво ва хам дар об сахт мекунад.

Охакро дар сохтмон, металлургия, саноати химия, истехсолоти канд, когаз, шиша ва гайра, инчунин дар хочагии кишлок барои тоза кардани об истифода мебаранд. Дар .сохтмон аз он масолехи бинокори (бетон, хишти силикати, сангхои сунъии бинокори, блокхо ва гайра) тайёр мекунанд.

Адабиёт: Волженский А В., Буров Ю. С., К о л о к о л ь н и к о в В. С., Ми­неральные вяжущие вещества, Москва, 1966.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.