Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Огзикичик

Огзикичик

Огзикичик, м а г о р а, кароргохи мансуб ба хазорахои 50—40 то метр, ки 25 километр шимоли шарки Дангара дар доманаи агбаи Гулизиндон дар баландии 1400 метр аз сатхи бахр вокеъ аст. Солхои 1970—77 В. А. Ранов тадкик намуд. Масохати умумии хафриёт 200 метр2. Кабатхои маскун аз як катор оташдонхои кушод иборат аст; ки он аз маскан будани магора далолат мекунад. Байни оташдонхои пур аз устухонхо китъаи дорои «кабати сангпушти»» чониби диккат аст, ки барои археологияи асри санг нодиртарин «кабат» мебошад. Гафсии «кабат» 4,5 метр буда. аз он садхо косахонаи сангпушт ёфт шуданд, ки гушташонро одамони ибтидои истеъмол мекардаанд.

Бошандагони Огзикичик ба гайр аз сангпушт оху, хирс, гург, чайраро низ шикор мекардаанд, ки дар ин бобат устухонхо шаходат медиханд. Инчунин устухонхои каркадани пашмдароз ва кадимтарин аспи хачирмонанд (холо нест шудааст) дучор мешаванд. Аз Огзикичик зиёда аз 10 хазор олат чамъ оварда шудааст, ки аз чихати микдор, гуногуни ва сифати олоти санги дар Осиёи Миёна макони бойтарин аст. Байни олоти санги тезкунчахо, нугтезхо, тарошкордхои гуногун, кордхо, ханчархои суфтаи санги хастанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.