Маълумоти охирин

Огузхо

Огузхо, огуз, гузхо, угузхо, кабилахои туркизабон дар Оси­ёи Маркази ва Миёна. Дар ибтидои асри 7 дар хайати Хоконии турк иттифоки кабилавии тукуз-огуз ба вучуд омад, ки дар он уйгурхо, зохиран мавкен асоси доштанд. Огузхо дар асри 9 дар натичаи тазйики киргизхо ба территорияи хозираи Синсзян ва музофоти хозираи Гансу и Респубдикаи Халкии Хитой мухочират карданд.

Дар ин чо номи «тукуз-О» тадричан бо этноними уйгур иваз шуд. Охири  асри 9 — миёнаи асри 10 дар сохилхои Наздиарал ва Наздикаспий низ иттифоки Огузхо фарохам омад. Асри 10 дар поёноби дарёи Сир давлати Огузхо бунёд ёфт (марказаш Янгикент). Дар миё­наи асри 11 кипчокхои аз Шимол омада ин давлатро торумор карданд. Кисме аз кабилахои Огузхо ба Гарб рафта, дар даштхои Рус маскун шуданд; кисми дигарашон бо сарварии салчукхо кишвархои Осиёи Пешро истило намуданд. Дертар давлатхои зиёде (давлати Салчукиён, султонии Икония ва гайра) ба вучуд омаданд. Огузхо дар этногенези туркманхо, озарбойчонихо, туркхо, инчунин гагаузхо ва каракалпокхо роли мухим бозидаанд.

Адабиёт: А г а д ж а н о в С. Г.. Очерки ис­тории огузов и туркменов Средней Азин IX—XIII вв., Ашхабад, 1969.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.