Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Очористон

Очористон

Очористон, Республикаи Автономии Советии Сотсиа­лист и (Ачарис Автономиури Сабчота Социалистури Республика). Дар хайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурчистон 16 июли 1921 таш- кил шудааст. Масохат 3,0 хазор километр5. Ахолиаш 367 хазор нафар (1982). Очористон 5 район, 2 шахр, 6 посёлкаи типи шахр дорад. Пойтахташ шахри Батуми.

            Сохти давлати. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Очористон давлати сотсиалистии умумихалки буда, конститусиям чориаш дар Сесси­яи 9-уми гайринавбатии Совети Олии. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Очористон 26 май 1978 кабул шу­дааст. Органи олии хокимияти дав­лати — Совети Олии  Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Очористон ва Президиуми он Совети Олии . Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Очористон хукумат — Совети Вазиронро ташкил мекунад.

Органи хокимиятн давлатии махалли — Совети депутатхои халкии шахри, райони ва кишлок. Системаи суди: Суди Олии  Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Очористон ва судхои халкии райони.

            Табиат. Очористон дар кисми чануби гарбии Закавказия чой гирифта, онро дар Гарб бахри Сиёх ихота кардааст. Сохилхо чандон качу килеб нестанд. Кисми зиёди территорияи Очористонро каторкуху доманакухи Кавкази Хурд фаро гирифтааст. Кад-кади сохил давоми пастии Кол­хида тул кашидааст. Каторкухи Месхет кисми сохилии Очористонро аз кисми кухиаш чудо мекунад.

Иклими пастии сохил ва доманакух мулоим, сернами субтропики, дар кухистон — сернам, муътадил ва хунук. Харорати миёнаи январ дар сохил аз 4 то 6° Селсия, дар кухистон аз 2 то —2? Селсия; июл 20—23° Селсия ва 20— 16° Селсия Дар Очористон боронгари бисёр аст. Боришоти солона 2400—2800 миллиметр, дар куххои кисми шарки 1400—1800 миллиметр, дар водихои дохили Очористон 1000—1400 миллиметр. Хунуки аз —4°, —6° Селсия паст на- мефурояд.

Дарёхои Очористон ба хавзаи бахри Сиёх мансубанд. Калонтарин дарё Чорох ва шохоби он Очорисскали. Хоки пастихо аллювиали ва ботлоки, доманакухи минтакаи сохил — сурххок. Дар куххо ва водихои дохили Очористон хокхои бури двигали, чимтоли ва чимтолию торфии кухию маргзори дида мешавад. Кариб 50% территорияи Очористонро чангал фаро гирифтааст. Дар кисми шимоли гарбии Очористон дарахтони пахнбарг, дар кисми шаркии Очористон да­рахтони сузанбарг меруянд.

Дар пастии сохил ва доманаи куххо зироатхои субтропик ва техники парвариш карда мешаванд. Дар водии Очорисскали майдонхои растанихои бисёрсола вокеанд. Дар баландии 1800 метр буттазорхо ва аз он баландтар маргзорхои субалпи ва алпи чой гирифтаанд. Дар чангалхои кухи хирс, гуроз, силовсин ва дар доманакух шагол хаст; дар дарёхо мохихои голавл, голян, гулмохи, озодмохи ва гайра мавчуданд. Очористон мамнуъгодхои Сискари ва Кинтриши дорад.

            Ахоли. Асосан гурчихо, инчунин русхо, арманихо, украинхо, юнонихо, яхудиён, абхозхо ва дигар зиндагони мекунанд. Зичии миёваи ахоли дар 1 километр* 117″ нафар (1978). Ахо­лии минтачаи сохил хеле зич мебошад. Шахрхо: Батуми, Кобулети.

            Очерки таърихи. Очористон кисми кадимтарини Гурчистон буда, таърихи он бо таърихи Гурчистон бевосита алокаманд аст. Очористон дар сарчашмахои гурчию Византии асри 10 ва аз ин хам пештар дар маъхазхои армани зикр шудааст. Дар асрхои 6—4 то милод Очористон дар хайати подшохии Колхида ва баъд дар хайати подшохии Иберия буд. Дар асри 4 то милод Очористон ба давлати гурдихо — Лазика хамрод карда шуд. Дар асрхои 11—13 Очористон аз тохтутозхои салчукиён ва чингизиён басо зарар дид. Туркия дар ниман дуюми асри 16 кисми чануби Очористонро то дарёи Чорох забт кард, дар асрхои 17—18 бошад, феодалхои турк тамоми территорияи Очористонро сохиб шуданд.

Дар натидаи Чанги Россияю Туркия (1877—78) Батуми, Карс, Ардаган ба Россия хамрох карда шуданд. Очористон бо Гурчистон муттахид гардид. Солхои 80 саноат дар Очористон ру ба тараккй ниход.

Соли 1893 нависандаи инкилобии гурчи Э. Ф. Ниношвили дар Батуми нахустин кружоки коргариро ташкил кард, ки дар заминаи он соли 1896 со- тсиал-демократхои рус И. И. Лузин ва Г. Я. Франчески аввалин кружо­ки марксистиро таъсис намуданд. Соли 1897 порчахо аз «Манифести Парти­яи Коммунистии Карл Маркс ва Фридрих Энгелс ба забони гурчи дар Бату­ми чоп шуд. 9 марти 1902 Комитети РСДРП-и Батуми намоиши калони коргаронро ташкил кард. Дар охири ноябри 1905 дар Батуми шуришти ярокнок ба амал омад. Шаби 15 апрели 1918 туркхо Батуми, Ахалсихе, Ардаган, инчунин як кисми Гурияро забт карданд. Аз декабри 1918 то июли 1920 Очористон дар тасарруфи кушунхои англис буд. 11 марти 1921 кушунхои Тур­кия ба Батуми зада даромаданд. 18 марти хамон сол мехаткашони Очористон бо рохбарии Комитети муваккатии револютсиони шахрро озод карда, Хокимияти Советиро барпо наму­данд. Дивизияи кавкази 19 марти 1921 Батумиро озод кард. 16 июли 1921 дар хайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурчистон  Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Очористон ташкил ёфт.

Дар солхои панчсолахои пеш аз чанг дар Очористон саноати мутаракки ва хочагии кишлоки серсоха ба вучуд омад, бесаводи бархам дода шуд. Дар солхои баъди чанг иктисодиёт ва маданияти  беш аз пеш таракки карда, хачми махсулоти умуми соли 1968 назар ба 1940 2,7 маротиба афзуд. Дар Очористон зиёда аз 183 Кахрамони Мехнати Сотсиалисти хаст. Очористон бо орденхои Ле­нин (1967) ва Дустии Халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

            Хочагии халк. Очористон ба парвариши зироатхои ситруси, чой, коркарди нефть, мошинсозии махсус ва гайра мутобик гардонда шудааст. Очористон курортхои зиёде дорад.

Саноати Очористон асосан дар солхои Хокимияти Совети ба вучуд омадааст. Соли 1981 дар 0. 141,1 миллион килоВатт/соат кувваи электр (соли 1940 44 миллион килоВатт/ соат буд) хосил карда шуд. Дар Очористон заводиди коркарди нефть хаст, ки он нефти Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойчон ва дигар нохияхои ССCP-po софкори мекунад. Очористон конхои мис, полиметаллхо. гилхои оташтобовар низ дорад. Мошинсози (истехсоли маснуоти электротех­ники, тачхизоти _ саноати хуроквори) ва киштисози (Батуми) таракки кардааст. Дар Очористон фабрикахои чой (Кобулети, Чаква, Очхамури, Хусубани), заводхои вино (Батуми, Кеда), консерв (Батуми) ва гайра хастанд. Инчунин саноатхои чарму пойафзол, дузандаги, чубгари (Батуми) ва истехсоли масолехи бинокори (Бату­ми, Кобулети, Чаква) таракки кардаанд.

            Хочагии кишлок. Парвариши зироатхои ситруси, чой, тунг, бамбук, эвкалипт дар хочагии кишлоки Очористон роли калон мебозанд. Богдори ва чорводори низ таракки кардааст. Соли 1979 дар Очористон 165 колхоз ва 20 совхоз буд. Зироати ситру­си асосан дар минтакаи доманакуху баландихо парвариш карда мешавад. Чойро асосан дар минтакаи сохили бахр парвариш мекунанд. Богдорию токпарвари дар тамоми рай­онхои Очористон тараккй кардааст. Дар нохияхои дохилии Очористон тамоку, дар минтакаи сохили бахр сабзавот, дар районхои кухи бошад картошка мекоранд.

Соли 1979 дар Очористон  (ба хисоби хазор cap) 115,6 гов, 15,9 бузу гусфанд, 6,1 хук буд. Аз бахри Сиёх мохи сайд мекунанд.

            Наклиёт. Аз сохили Очористон рохи охани электронидашудаи Самтредиа — Ба­туми, рохи мошингарди Батуми — Хуло — Ахалсихе мегузарад. Батуми бандари калонтарини бахрии Очористон аст. Аз Очористон махсулоти нефт, мошин, тачхизоти саноати хуроквори, кофеин, чой, равгани тунг, консерв, тамоку ва гайра бароварда, ба Очористон гандум, гушт, махсулоти шири, канд, биринч, кар­тошка, сабзавот ва гайра меоранд.

            Нигахдории тандурусти. Дар Очористони тореволютсиони хамаги 9 духтур ва 1 касалхона буд. Соли 1979 дар Очористон 1027 духтур, зиёда аз 3 хазор корманди до­рои маълумоти миёнаи тибби, 52 касалхона (дорои 3,6 хазор кат.), 87 муассисаи табобати, 126 муассисаи ёрии тибби буд. Курортхои сохили бахр: Батуми, Кобулети, Сихисдзири, Димогаи Сабз, Махинчаури.

            Маориф ва муассисахои мадани- маърифати. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр хамаги 7%’ ахоли савод дошт. Соли тахсили 1921/22 дар Очористон факат 38 мактаби ибтидои буду бас. Дар солхои Хокимияти Совети дар Очористон таълими умумии хатми чори карда шуд. Соли 1978 дар 110 муассисаи томактаби зиёда аз 75,4 хаор кудак тарбия меёфт. Солхои тахсили 1981/82 дар мактабхои таълими умуми 77,4 хазор, дар омузишгоххои касбхои техники 2,7 хазор, дар мактабхои миёнаи махсус 3,3 хазор талаба, дар мак- табхои оли 2,1 хазор студент мехонд.

Дар Батуми 2 музей— Музеи давлатии Очористон ва Музеи давлатии револютсия (.1979), 228 китобхонаи оммави, театри давлати, Хонаи эчодиёти халк, 186 клуб, 176 дастгохи кино хаст.

            Муассисахои илми. Дар Очористон 11 муассисаи илми хаст (1968): Институти тадкикоти илмии батумии Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурчистон, филиалхои Институти тадкикоти илмии умумииттифокии фитопатоло­гия (Кобулети), Институти умумииттифокии чой ва зироати субтропики (Чаква), Институти тадкикоти илмии са­ноати хуроквории Гурчистон, Институти тадкикоти илмии саноати локу ранг (Батуми), Боги ботаникии батумии Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурчистон ва гайра.

Соли 1982 дар мактабхои оли ва институти тадкикоти илмии Очористон 388 корманди илми, аз он чумла 14 доктор ва 145 номзади илм кор мекард.

            Матбуот радио ва телевизион. Дар Очористон 2 газетаи республикави «Сабчо Аджара» («Очористони Совети, аз соли 1921, ба забони гурчи) ва «Советская Аджария» (аз соли 1921, ба забони руси), инчунин журнали адаби-бадеи ва чамъияти-сиёсии «Литературули Ад­жара» («Очористони адаби», аз соли 1958, ба забони гурчи) нашр мешаванд.

Радиои республикави барномахоро ба забони гурчи ва руси мешунаво- над. Программаи телевизиони Тбили­си ва Москва намоиш дода, барномахои радиои маркази шунавонида мешаванд.

            Адабиёт. Адабиёти Очористон як чузъи адабиёти гурчист. Соли 1927 шуъбаи очории Ассосиасияи нависандагони Гурчистон ташкил ёфт. Адибон М. Варшанидзе, Н. Гваришвили, 3. Горгиладзе, Д. Чакели, П. Лория, II. Ма- лазония, И. Пагава, Ш. Рруа, Г. Салуквадзе, А. Самсония, Ф. Халваши, А. Чхаидзе, А. Шервашидзе ва дигар дар тараккиёти адабиёти советии гурчи сахми калон гузоштаанд.

            Меъмори ва санъати тасвири. Дар Очористон ёдгорихои меъмории давраи тофеодали (калъаи Гониа), димнаи шахр — калъаи юнонии Пётр (бун- ёдаш асри 6), харобаи хаммомхо (дар Сихисдаири) боки мондаанд. Калъаи мазкур ва пулхои якравокаи Махо, Махунсети, Дандало, Пуртио ва гайра ба давраи подшохони гурчи (асрхои 10—13) мансубанд. Охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Очористон бинокори авчгирифт. Дар Батуми ва атрофи он хавлию хонахои истикомати бо услуби эк­лектика сохта мешуданд.

Дар солхои Хокимияти Совети дар Батуми ва шахрхои курорти (Кобу- лети, Махинчаури, Сихисдзири ва гайра) бинокори хеле вусъат ёфт. Дар Батуми мехмонхонаи «Интурист» (1939, меъмор А. В. Шусев), Театри тобисто на (1948, меъморон К. И. Чавахшивили, Б. М. Киракосян), Теат­ри драма (1952, меъмор Л. С. Теплиский), Музеи револютсия (1955,меъмор К. И. Чавахишвили), киноте­атра «Тбилиси» (1964, меъмор Н. Абашидзе) сохта шуданд.

            Санъати тасвири дар Очористон асри 20 ва баъди баркарор шудани Хокимияти Совети (1921) хаматарафа инкишоф ёфт. Дар мавзуи таърихии револю­тсиони (III. Г. Холуашвили, Н. Н. Яковенко) асархои барчаста эчод шуда, инчунин расмхои манзарави (С. Н. Артмеладзе, Ш. А. Замтарадзе, X. Д. Иваишвили), портретхо (Ш. Г. Холуашвили) ба вучуд омадаанд. Хайкалтароши (Т. П. Чантуриа, М. А. Болквадае), графика _ (Г. А. Сеченян, Д. X. Имнаишвили, В. О. Сеидишвили), санъати театрию ороиши (Д. X. Имнаишвили, А. М. Филиппов), санъати монументали-ороиши (Т. М. Чалагания), санъати ороиши-амали (Ш. И. Квернадае, О. Чачуа) низ ривоч ёфтанд. Халки Очористон аз замонхои кадим бо кандакорию кашидадузи машгул аст.

            Мусики. Суруди халкии очори яке аз шевахои сершумори мусикии хал- кии гурдчи мебошад ва бисёровозаву мураккабсохт буда, аз 3—4 кисм иборат аст. Махсусан сурудхои васфи мехнат “надури”-и чоровоза маъмул аст, ки онро хангоми киштукор хори мардон (8—12 нафар) ичро мекунад. Асбобхои мусикии халки: чибони, чонгури (сетор), доли (накора), чинаури, саламури, саз, камонча. Дар Батуми ансамбли давлатии суруд ва радио ба номи М. Кухинидзе, филармония, мактаби мусики хаст.

            Театр. Соли 1937 дар Батуми театри ба номи И. Чавчавадзе кушода шуд.

Ин театр чунин асархои барчаста: «Уриэль Акоста»-и К. Гупков (1941), «Рондашуда»-и В. Пшавела (1945), «Киквидзе»-и В. А. Дарасели (1951), «Васса Железнова»-и М. Горкий (1953), «Гамлет» (1956) ва «Отел­ло» (1959) У. Шекспирро бомуваффакият ба сахна гузоштааст. Соли 1978 асари В. Шамба «У, хонум ва Мо­сарт» ба сахна гузошта шуд.

П (пэ), харфи хабдахуми алифбои хозираи точикист, ки аз алифбои ру- cи гирифта шуда (1940), овози хам­садои лабулабии зичи бечарангро ифода мекунад ва шакли навишти чопиаш Пп, дастнависаш мебошад. Дар алифбои арабвиасоси точи­ки (то 1930) пе ном дошта, ба шак­ли        ифода мешуд. Дар алифбои ло­тиниасоси точики (1930—40) шакли чопиаш Рр ва дастнависаш буд. Хамсадои П дар баъзе калимахо ба ф гузаштааст (гуспанд — гусфанд); гохо ба б мегузарад (асп—асб). Дар забони гуфтугуи баъзан ба чои хам­садои дигар пайдо мешавад (ресмон— респон).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …