Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Обхои территорияви

Обхои территорияви

Обхои территорияви, б а х р и территорияви, минтакаи бахрие, ки ба сохил ё обхои дохилии давлате пайваст буда, кисми территорияи давлатро ташкил медихад. Обхои территорияви, сатх, каъри онхо ва фазой хавоии ин обхо ба доираи истиклолияти давла­ти наздисохили дохил мешаванд. Ре­жими Обхои территориявиро Конвенсияи байналхалки оид ба бахрхои территорияви ва минтакаи хамшафат соли 1958 (СССР онро 20 октябр I960 эътироф кардааст) ва инчунин конуни дохи­лии давлатхои чудогона танзим ме­кунанд.

Худуди Обхои территорияви  аз хати чазри калонтарин ё сархади обхои дохили ё аз хати ба ном базиси cap мешавад. Хукуки байналхалки аз 12 м мили бахри зиёд шудани худуди Обхои территориявиро манъ мекунад. То соли 1975 ка­риб 100 давлат Обхои территориявии пахноияшон то 12 м мил доштанд.

22 давлати дигар бинобар хал намудани масъалаи пахноии Обхои территорияви  дар Конвенсияи соли 1958 бари Обхои территориявиро то 200 м мил мукаррар карданд (аз чумла Бразилия, Перу, Серра-Леоне, Уругвай ва Эк­вадор). СССР .тарафдори мустахкам намудани лимити Обхои территорияви  дар худуди 12 мил буда, дар айни хол тайёр аст, ки хукуки мустакил доштани давлатхои наздисохилиро ба чустучу ва тадкики хайвонот, наботот ва маъданхои минтакаи бахрии ба Обхои территорияви пайваст, эътироф намояд.

Киштихои тамоми давлатхо бо риояи коидахои Конвенсия хак до­ранд аз Обхои территорияви гузаранд (гузаштани онхо бояд амнияти давлати наздисо- хилиро халалдор накунад, киштихои зериоби бояд аз руи об гузаранд ва гайра.

Як катор давлатхо (аз чумла СССР) мукаррар кардаанд, киштихои харбии хоричи баъди ичозати пешакии давлати дахлдор хукуки аз Обхои территорияви гузаштан ва ба бахрхои дохили даромаданро пайдо мекунанд. Дар Обхои территорияви аксари давлатхо бе карори махсус бо киштихои хоричи гузарондани тадкикот, корхои гидрографи ва шикор манъ аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …