Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Обхои термали

Обхои термали

Обхои термали (аз юнони ther- me — гарми), обхои зеризаминии кишри Замин, ки харораташон 20° Селсия ва аз он баланд аст. Изотермаи 20° Селсия (худуде, ки дар он харорати хаво, замин ва об баробар аст) дар нохияхои яхбандии бисёрсола аз чукурихои 1500—2000 метр, дар нохияхои субтропики аз чукурихои 100 метр ва аз он камтар мегузарад, вале дар наздикии минтакахои тропики озотермаи 20* Селсия ба руи замин мебарояд.

Дар хавзахои артезиани ба воситаи пармачоххо аз чукурихои 2000—3000 метр обхои харораташон 70— 100РСелсия ва аз он баланд гирифта мешаванд. Дар кипвархои кухи (масалан, куххои Алп, Кавказ, Тибишон, Помир) Обхои термали ба руи замин дар шакли чашма­хои гарми сершумор (харорат то 50— 90° Селсия), дар нохияхои вулконизми хозира бошад, хамчун гейзерхо ва фавворахои буг падид меоянд (дар ин чойхо чукурии пармачох 500— 1000 метр буда, харорати об 150—250* Селсия аст), ки хангоми ба берун рехтан онхо омехтаи бугу об ва бугро хосил мекунанд (Паужетка дар Кам­чатка, Гейзерхои Калон дар ШМА, Уайракей дар Зеландияи Нав, Лардерелло дар Италия, гейзерхо дар Исландия ва гайра).

Аз чихати таркиби химияви, газдори ва минералноки Обхои термали ширин ва шуртаъми гидрокарбо­нат ва гидрокарбонату сулфатдор, калсий, натрий, нитроген, гази кар­бону гидрогенсулфиддор, инчунин шур ва намакобхои хлорид, натрий ва калсию натрийдор, нитрогену ме­тан ва факат метан, гохо гидрогенсулфиддор мешаванд (нигаред низ обхои минерали).

Обхои термалиро аз кадимулайём ба максадхои муолича кор мефармуданд. Дар СССР Обхои термалии ширину нитрогендори аз кислотаи силикат бойро дар курортхои машхури Белокуриха дар Олтой, Кулдур дар кишвари Хаба­ров ва гайра, гази карбондорро дар курортхои Пятигорск, Железно- водск, Ессентуки, гидрогенсулфиддорро дар курорта Сочи-Масеста истифода мебаранд. Дар балнеология Обхои термалиро ба субтермали (20—37°Селсия), термали (37—-42°Селсия) ва гипотермали (аз 42°Селсия баланд) чудо меку­нанд.

Дар нохияхои вулконизми хозира ва ба кариби руй додаи Италия, Ис­ландия, Мексика, СССР, ШМА ва Япония як катор стансияхои электри бо Обхои термалии нихоят гарми харораташон аз 100° Селсия баланд кор мекунанд. Дар СССР ва мамлакатхои дигар (Болга­рия, Венгрия, Исландия, Зеландияи Нав, ШМА) Обхои термалиро барои гарм кардани манзилгоху корхонахо, нихол- хонаю гулхонахо, инчунин хавзхои шиновари ва ба максадхои технологи истифода мебаранд.

Тамоми шахри Рейкявик (пойтахти Исландия) ва дар СССР микрорайонхои шахрхои Кизлар, Махачкалъа (РАСС Догистон), Зугдиди, Тбилиси (РСС Гурчистон), Чер­кесск (кишвари Ставрополи РСФСР), нихолхонаю гулхонахои Камчатка ва Кавказ бо Обхои термали гарм карда ме­шаванд.

Дар территорияи Точикистон низ чашмахои обашон гарм хеле бисёранд, ки машхуртарини онхо: Хочаоби- гарм (98°), Чавони (Гармоба), Оби- гарм (56°), Обисафед (54°), Гарм- чашма (62°), Яшилкул (75°) ва гайра буда, дар кисми кухии республика вокеъ гаштаанд. Дар водихои хамвори Точикистон тавассути парма- чоххои чукур чашмахои гарми Хавотог (54°), Комсомол (90°), Андигон (51—54°), Карокум (52—60°), Кичикбел (85°) ва гайра дастраси умум гардонида шудаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …