Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Обхои минерали

Обхои минерали

Обхои минерали, обхои зеризамини (гохо руизамини)-ро гуянд.ки дар таркиби худ ба микдори зиёд баъзе элементхои химияви (йод, бром, ба­рий, литий, стронций, охан, фтор в а гайра), газ ва пайвастхои гуногун (га­зи карбон, гидрогенсулфид, радон, метан) доранд. Минералнокии Обхои минералиро микдори моддахои халшаванда (ба хисоби грамм дар 1 литр об) муайян мекунанд.

Аз ин чихат Обхои минерали чанд хел мешаванд: Обхои минералии дарачаи ми- нералнокиашон нихоят паст (1-^-2 грамм/литр), паст (2—5 грамм/литр), миёна (5—15 грамм/литр), баланд (15—30 грамм/литр), шур 35— 150 грамм/литр) ва намакобхо (150 грамм/литр ва аз ин зиёд). Обхои минералии дарачаи минерал- нокиашон аз 2 то 20 грамм/литрро барои нушоки истифода мебаранд. Харорати Обхои минерали  низ як хел нест. Обхои минерали  вобаста ба тарзи пайдош ва дар кишри За­мин чойгир шуданашон хунук (то 20РСелсия), муътадил (20—37°С), гарм (термали, 37—42° Селсия) ва чушон (42° Селсия ва аз он боло) мешаванд.

Обхои минерали ба туфайли чашмаю пармачоххо ба руи замин мебароянд, ки чукурии онхо хатто ба якчанд километр мерасад. Обхои баъзе кулу бахрдо низ аз сабаби шуриашон ба катори Обхои минерали дохил мешаванд. Таркиби Обхои минерали одатан бо таърихи инкишофи геологи, хусусияти сохти тектоники, литология, шароитхои геотерми ва дигар хусусиятхои махал алокаманд аст.

Хосияти шифобахшии Обхои минералиро элементхо ва газхои фоиданок, сифат ва микдори моддахои органикии таркиби онхо муайян мекунанд. Аксари чашмахои шифобахш захираи зиёди Обхои минерали до­ранд ва аз чихати иктисоди барои истифодаи дарозмуддат мувофик мебошанд. Дар СССР чашмахои сулфат ва гидрокарбонатдори Нарзан (Кис­ловодск) , карбонату аптидриддори Железноводск, Пятигорск, Ессенту­ки, сулфурдори Чимён ва Учкизили РСС Узбекистон, Масестаи РСС Гурчистон, азотдори Кизилтелпа (PCС Узбекистон), Иссикота (РСС Казокистон) ва гайра машхуранд.

Дар территорияи Точикистон бештар аз 200 чашмаи Обхои минерали хаст, ки маъмултарини онхо обхои гарм ва хунуки гази карбонатдоранд. Таркиби хи­мияви ва харорати хар кадоми он­хо гуногун буда, ахамияти калони муоличави доранд. Инчунин обхои гидрогенсулфиддор, радор, охан, фтор, арсен, йоду бром ва силисийдор, обхои шур ва намакобхо мавчуданд.

Аз ин обхо дар курорту са­натория ва табобатгххои Хавотог, Хочаобигарм, Шамбари, Явроз, Алдигон (Орчоникидзеобод), Обигарм, Томдикул, Гармчашма ва гайра барои табобати касалихои тарбод, дарди миён, пусти бадан, муоличаи гулую узвхои нафас ва касалихои гинеко­лоии истифода мебаранд. Обхои минералии Анзоб, Алмоси, Шамбари, Зарафшон, Кавотог ва Бадахшонро ба шишахо рехта хамчун оби нушоки ва ши­фобахш истеъмол мекунанд.

Аз баъ­зе Обхои минерали инчунин йод, бром, намакхои ош, магний ва калий, сулфур, сулфат, сода ва гайра мегиранд. Масъалахои пайдоиш, конунияти чойгиршави ва тарзи истифодаи Обхои минералиро гидрогеология ва курортология меомузанд, як кисми захираи оби Заминро ташкил медиханд.

Захирахои умумии О. з.-и хушкй беш аз 60 млн км3 аст. О. з.-ро сарвати аериэамипй мешуморанд, ки онхо бар хилофи намудхои дигари сарваткои аериза- мини дар процесси истифода аа иав баркарор мешаванд. Бо тадкики О. а. гидрогеология машгул аст. Дар СССР зиёда аа 100 ст. гидрогео­логи мавчуд буда, бештар аз 25000 пуикти н&зоратиро дарбар мегирад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …