Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Обчувоз

Обчувоз

Обчувоз, дастгохи шоликубие, ки ба воситаи об харакат мекунад. Обчувоз аз тир (дарозиаш 5 метр, диаметраш 30—35 сантиметр), парра, лингкуб, дул ва нова иборат. аст. Нова аз 3 тахтаи пайвасти 5—6 метра иборат буда, як тарафи он ба баланди, ба рохи об, тарафи дигараш ба парра, ки аз но­ва поёнтар меистад, рост шинонда мешавад.

Тирро ба кисми болоии нова, ба турмдони аз ду тараф вокеъбуда кундаланг мегузаронанд. Аз нова 3 метр дуртар чукури кофта, атрофашро тахтабанди мекунанд ва ба он шоли меандозанд. Лингкуб дастаест, ки ба нугаш дандонахои чуянии дарозиаш то 1 метр шинонда, нуги дигари онро ба ходачаи 3 метр дуртар вокеъташта мепайванданд.

Оби аз нова меомадаги ба паррахо бархурда, тирро ба гардиш медарорад. Шамшеракхои тирба лингкуб мезананд, лингкуб шолиро куфта биринч мекунад. Ба воситаи асбоби махсуси чуби ша­моли сунъи хосил намуда, биринч аз патосаки шоли тоза карда меша- вад. Холо Обчувоз хеле кам мондааст, чои онро заводхои пуриктидор ги- рифтаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …