Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Объектив

Объектив

Объектив, кисми ба объект ни­гарондашудаи системаи оптики ё худ системаи оптикии мустакилест, ки аз якчанд линза иборат буда, тасвири оптикии хакикии объектро ба вучуд меорад. Ин тасвирро бо окуляр визуали мушохида кардан ё дар сатхи хамвор (баъдан дар сатхи кач) сабт намудан мумкин аст.

Объектихо аз руи сохташон л и н з а г и (рефракторхои диоптрси, о и н а г и (рефлекторхои катоптри) ва оинагию л и н з а г и (катади­оптра) мешаванд. Вобаста ба таъинот навъхои зерини Объективхо маъмуланд: 1) Объективхои гулбахои биниш ва телескопхо, ки тасвирро хурд карда нишон медиханд; 2) Объективхои микроскопи, ки тасвирро калон карда ни­шон медиханд; 3) Объективхои фотографи ва проексиони, ки тасвирро калон; ё хурд мекунанд (вобаста ба конст­руксия ва тарзи истифода).

Масофаи конуни (фокуси), ки хангоми аз Объектив ба масофаи додашу­да дур кардани объект калонкунии оптикии Объективиро муайян мекунад, равзанаи нисби (кобилияти рушноигузарони), диаметри равзанаи воридаи Объектив, дорои биниш ва гайра нишондихандахои мухимтарини Объектхо мебошанд. Объектхо вобаста ба масо­фаи конуниашон кутохфокуса (фарохзовия), нормали ва дарозконуна мешаванд.

Масофаи конунии Объективи нормали кариб баробари диагонали кадр, масофаи конунии Объективи кутохконуна аз диагонали кадр хурд ва Объективи дарозконуна аз он калон мебо­шад. Дар чанбараки Объектив одатан кимати диафрагма нишон дода меша­вад. Масофаи конуния Объектхои фото  ва киноаппаратхоро доими ё тагйирёбанда месозанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.