Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нузхатномаи алои

Нузхатномаи алои

«Нузхатномаи алои»  (номаи тафарруч барои Алоуддавла), асари энсиклопеди, таълифи Шохмардон ибни Абулхайр, ки дар Астаробод таълиф шудааст. Ин асар аз илмхои даври худ, пеш аз хама илмхои табиию таърих бахс мекунад. Мундаричаи он чунин аст: табиати инсон ва анатомияи вай, хайвонот, наботот, фулуззот ва маъданиёт, чор унсури табиат, риёзиёт, хайат, мантик, нучум, таъбири хоб, инчунин зикри кариб 40 пешаву хунар, зикри асбобхои рузгор, асбобхои мусики ва гайра.

Баъзе кисмхо донишхои амалиро дар бар мегиранд, чу­нончи тарзи мубориза бо хашароти зараррасонандаи кишту зироат, пайванд кардани дарахтони мевадор, пешгуи кардани хаво ва аломатхо ва ходисахои табии; дафъ кардани дог ва лакка дар либос ва ашёи ди- гар, тасвири нишон додани найрангхо (фокусхо) ва гайра. Ин асар баробари илмхои табии, баъзе маълумоти таърии ва оид ба таърихи маданият низ дорад. Аз чумла, шархи мухтасари ривоятхои кахрамонии Эрон, ки аз тарзи тахрири Фирдавси фарк мекунад (масалан, корномаи Огуш — пи­сари Вихозони Дайлами, ки ба «Шохнома» дохил нашудааст).

Дар ин китоб маъхазхои ба илми хозира номаълум низ мавчудаиц, масалан, «Гурднома»-и Рустами Лоричони, ки гуё вокеахоро аз Каюмарс то подшохии Шамсуддавла Абутохир волии Хамадон фаро мегирифтааст. Ин асар яке аз аввалин доиратулмаорифхои форси-точики буда, ба­рои илми хозира ахамияти фавкулода дорад.

Шохмардон ибни Абулхайр ба забони араби доиратулмаорифи табиию таърихиро таълиф намуда, баъд онро ислоху такмил дода, ба забони форси-точики гардонида, ба марзбони Дайлам — Алоуддавла Абукаланчар Гаршоси ибни Али ибни Фаромурз ибни Алоуддавла Мухаммад ибни Душманзиёр — ланчумин ва охирин намояндаи оли (сулолаи) Кокуя, ки охирхои асри XI ва аввали асри XII хокими шахри Язд буд, такдим кардааст.

Соли таълифи ин асар маълум набуд, факат соли 1958 профессор A. Н. Бол­дирев онро муайян кард. Дар «Нузхатномаи Алои» баъзе маълумот дар бораи Ибни Сино ва «Донишнома»-ни у низ хаст. Шумораи дастнависхои маълумшудаи «Нузхатномаи Алои» (дар ганчинахои Европа ва Эрон) бисёр кам аст.

Ад: Болдырев А. Н. Муайян намудани таърихи таълифи «Нузхатномаи Алои» аз руи як рубоии Рудаки, Мачм.: Рудаки ва замони у, Сталинооод, 1956.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …