Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нутк

Нутк

Нутк  (ар. & — кобилняти гап задан, гуфтор), алокаи забони, яке аз намудхои робитаи одамон. Нутк хамчун воситаи мутобиккунии фаъолияти якчоя дар коллектив ба вудуд омадааст.

Дар адабиёти илми оид ба мохият ва вазифахон Нутк акидакои мухталиф вудуд доранд. Б. Кроче Нуткро воси­таи ифодаи эхсосот мешуморад; 0. Дитрих, К. Яберг, К. Фосслер ду вазифаи асосии Нутк— ифода ва мутобиккуниро кайд кардаанд. Ба аки­даи А. Марти, II. Вегенер Нутк факат воситаи таъсиррасонист. К. Бюлер Нуткро хамчун воситаи ифода, мурочиат ва равобит медонад. Психолог- хои муосир ду вазифаи асосии Нуткро нишон медиханд: а) Нутк—восита ва олати алока; б) Нутк— воситаи таълим ва олати тафаккур. Аз назари психо­логия ва физиология Нутк яке аз функсияи вазифахои олии психикии одам аст. Дар чараёни  инкишофи психикии кудак Нутки вай ба туфайли просессхои торафт мураккабшавандаи алока тадричан ташаккул меёбад.

Вазифаи физиологии Нутк, ки одамонро ба воситаи овозхо алокаманд мегардонад, аз ташкили Нутк ва дарккунони иборат аст. Мачмуи узвхое, ки дар ташкили Нутк ишхтирок доранд, аппарати Нутк номида мешаванд. Дар просесси дарк анализатори сомеа ва системам асаб иштирок мекунанд.

Нутки дахони аз овозхои пайдархам (садонокхо ва хамсадохо) ибо­рат аст. Ин овозхо дар Нутк одатан якчоя талаффуз мешаванд. Хар одам тарзи талаффузи хос дорад. Пеш аз талаффузи овозхо сигнал ба маркази Нутк меравад. Баъди аз маркази Нутки майна расидани «фармон» ба мушакхои талаффуз овозхои Нутк ташкил меёбанд. Ташкили Нуткро бо рохи наворгири ва бо датчикхои махсус

санчидан мумкин аст. Баъзан вайронии Нутк низ мушохида меша­вад. Сабабхои асосии он: иллатхои узвхои Нутк, нукси бофтахои асаби онхо, инчунин тагйироти табии, иллат дар баъзе кисмхои системаи марказии асаб. Хатои тартиби калимахо дар чумла, талаффузи нодурусти калимахо, овозхо, риоя накардан ба суръат ва равопи, тутилаги, сакави Нутки вайрон аст. Кари ва гушвазнини хам боиси вайронни Нутк меша­вад. Вайронии Нутк бештар бо руй додани касалихои алексия, аграфия, ва гайра вобаста аст.

Баробари мураккаб шудани истехсолот ва инкишофи хаёти чамъияти мавкеи мубодила ба воситаи Нутк то­рафт вусъат меёбад. Вайронии Нутк дар ин вазъият барои одамон гамангез аст. Такрибан 30 фоизи одамоне, ки майнаашон осеб дидааст, баробари носозии харакат дар Нутк хондан, навиштан, шумурдан ва гайра низ нукс пайдо мекунанд.

Шакли дигари патологияи Нутк ба ном л о г о н е в р о з, тутилагист, ки норасоии калони Нутк ба шумор мера­вад. Тутилаги барвакт cap шавад хам, касалии бачагона нест, дар синни навраси ва чавони бархам намехурад, солхо давом мекунад. Бо вучуди окибатхои: вазнини касалии майна ва захми нейрон бо усули А. Р. Лурия ва шогирдони у бисёр дардмандон табобат ёфта, _ба кори чамъияти баргаштанд. Хануз баъзе масъалахои доир ба пайдоиши тутилаги норавшананд, зеро Нутк яке аз вазифахои мураккаби магзи cap аст. Бояд гуфт, ки тутилаги сабабхои зиёде дорад: биологи, психологи, ичтимои. Дар табобати он бояд мутахассисони гуногун: хам логопеду духтурони асаб, хам психотерапев­ту психологхо ишгирок кунанд. Вайронии Нуткро невропатологхо ва логопедхо муайян мекунанд. Муоличаи амбулатории узвхои Нутк дар кабинетхои логопеди, муоличаи стасионари дар клиникахои махсуси Нутк ба рох монда мешавад. Барои бачагоне, ки нуткашон нукснок аст, мактабхои махсус вучуд доранд. (Нигаред низ Логопедия).

Адабиёт: Выготский Л. С., Изб. пси­хологические исследования, Москва,       1958;

Ж и н к и н Н. И., Механизмы речи, Москва, 1958; Леонтьев А. А., Язык, речь, речевая деятельность, Москва, 1969; Лу­рия А. Р., Высшие корковые функции человека и их нарушения при локаль­ных поражениях мозга, Москва,  1982;

Шил о в с к ий В., Речь — дар бесцен­ный, Москва, 1978.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …