Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нусхабардори

Нусхабардори

Нусхабардори просесси тайёр кардана нусхаи хуччатхои гуногун аст. Нусхабардори яке аз зинахои асосии тайёр кардани хуччатхои конструктори, технологи, информатсиони, идорави ва гайра ба хисоб меравад. Усулхои зерини Нусхабардори бешеар маъмуланд: диазонусхабардори, фотонусхабардори, нусхабардории электрографи, нусхабардории электрони, термонусхабардори, микронусхабардори.

Диазонусхабардори яке аз усулхои бештар маъмул ва арзони тайёр намудани хуччатхои техники буда, андозаи нусхаи аслиро махдуд намекунад. Диазокогазхо, ки кобилияти тафрикаи баланд ва контрасти тасвири гуногун доранд, тасвири нусхаро дар худ ба ранги сиёху чигари инънкос кунонда метавонанд. Хангоми дар диазокогаз нусха бардоштан дар он тасвири мавхуми оригинал хосил мешавад, ки онро б а махлули ишкордор (масалан, КОН) андохта зохир мекунанд.

Сифати Нусхабардори бо усули фотонус- хабардори баланд мешавад. Фотонусхабардори яке аз усулхои маъмули тайёр кардана нусхахо ва ашколи чопи ба хисоб меравад. Фотонусхабардории рефлексиеро, ки бо ёрии он аз хамаи хуччатхо нусха бардоштан мумкин аст, васеъ истифода мебаранд. Нусхабардо- р и и электрографи имкон медихад, ки дар когазхои мукаррари нусхахои вохиди хосил карда ва бо рохи чопи офсети ашколи чопи фарохам оварда шавад. Фотонусхабардори имкон медихад, ки хам нусха­хои вохиди ва хам микдори даркории нусхахои хуччатхо бо истифода бурдани чанд номгуй чихози фотог6- рафи хосил карда шавад. Нусхабардории фотоэлектрониро барои дар когази мукаррари, когази калка, когазхои махсуси электротерми хо­сил кардани ашколи чопи ва нусха­хои вохидии гуногунранг истифода мебаранд.

Хангоми дар наворхои пластики тайёр намудани ашколи чопии тра­фарети (ротатори) аз нусхабардории электрони васеъ исти­фода мебаранд. Хусусияти асосии аппаратхои нусхабардории электро­ни дар он аст, ки масштаби нусхахоро бо осони тагйир додан ва аз руи талаб чихози хисоббарор ва Нусхабардориро алохида истифода бурдан мум­кин аст. Ин усули Нусхабардори имкон меди­хад, ки бо ёрии каналхои алока ба масофахои дур тасвири хуччатхо накл карда шаванд.

Термонусхабардори яке аз усулхои фаври тайёр кардани нус­хахост. Дар давоми 3—10 сония нусхаи варакии хуччатеро, ки ахбори хатти, раками ё тасвириро дарбар мегирад, хосил кардан мумкин аст. Нусхахо дар когазхои термонусхабардоранда ва мукаррари тайёр карда мешаванд. Одатан, сифати нусхахое, ки хангоми термонусхабардори хо­сил мегарданд, ва он кадар баланд аст, муддати дар термонусхахо мадхфуз доштани тасвирот якчанд мохро ташкил медихаду бас.

Микронусхабардори, усу­ли техникиест барои Нусхабардори аз материалхои чопи, накшаву дастнависхо ва гайра. Дар марказхои информатсиони, архивхо, китобхонахо, муассисахои тадкикоти илми, лоихакашиву кон­структори бештар истифода бурда мешавад. Бартарихои микронусхабардори асосан инхоанд: фонди сугуртавии нусхахоро ташкил карда, аслияти хуччатхоро нигох доштан; кам кардани эхтиёчот ба махзанхо дар баробари кам кардани харочот барои нигохдории материалхо, осон будани Нусхабардори ва истифодаи он. Масалан, истифодаи микронусхабардори боиси ба андозаи 90—95% кам шудани хачми махзанхо мегардад, ба доираи васеи хонандагон дастрас шудани нашрияхои нодиру пуркимат, ки ахамияти бебахои таърихб ё худ арзиши баланди бадеи доранд, имкон медихад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.