Маълумоти охирин

Нус

Нус яке аз категорияхои асосии фалсафаи атикаро гуянд, ки мачмуи конуниятхои маънави, акли ва фикрии дар кайхон ва инсон хукмронро дарбар мегирад. Демокрит Нусро оташи курашакл медонист. Мафхуми Нус дар фалса­фаи Анаксагор хеле равшан ифода ёфтааст. У Нусро оламе медонист, ки материяи бешаклро ба шаклу тар­тиб оварад. Таълимоти идеалис­тии Нусро Афлотун инкишоф додааст. Вай Нусро чун принсипи тартибот ва таносуби олам шарх додааст.

Дар таълимоти Арасту Нус чун шакли шаклхо ва эхсоси эхсосхо зухур ёфтааст. Вай Нусро махсули идеяи ашё медонад, ки дар он дар як ашёи хисси идеяи худро дорад: Зимни таълимоти Арасту навафлотуния Нусро чун хастии фавкуттабиие тасвир намудааст, ки хамаи оламро дарк менамояд ва шакли муайян медихад. Равокиён Нусро мабдаи илохи ё кисмат дониста он-

ро ба хамаи ашёи кайхон хос медонанд. Плотин (Флутии) таълимоти Анаксагор, Афлотун ва Арастуро аз нав тахкик намуда, таълимоти Нусро инкишоф додааст. Мувофики акидаи Плотин, Нус таносуби абадии ха- ракаткунандаест, ки дар хасти чой дорад. Назарияи атикии Нус бар хилофи хама гуна таълимотхои тасодуфи ва эмпирики ахамияти калони таърихию фалсафи дошт.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …