Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нурулхаки Бахрин

Нурулхаки Бахрин

Нурулхаки Бахрин ибни Абдулхай ибни Мавлоно Абдулкаххор (такрибан 1860, дехаи Сангевни Калъаихум — 1915, хамон чо), шоири точик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар ва Махдуми Аълам ном хамдехааш гирифт. Дар 21-солаги ба Бухоро рафта 10 сол дар мадрасаи Кукалтош тахсил кардааст. Пас аз тахсил ба зодгохаш баргашта, масчиди кухнаеро обод кар­да, ба Мадраса табдил дод. Нурулхаки Бахрин шоири сохибдевон будааст, вале девонаш то хол дастрас нест. Дар тазкираву баёзхо газалхояш сабт шудаанд. Нурулхаки Бахрин дар мавзуъхои ичтимои, хасбихоли, ишки ва гайра шеър сурудааст. Аз ашъораш бармеояд, ки Нуруллохи Бахрин кашшокона умр ба сар бурдааст:

Заифи он кадар кувват рабуд аз чисму

чони ман,

Ни оби шабнаме дар рохи ман чавлонгахи кир аст.

Мухити фазлро аз мояи ишрат чи мепурси?

Забони хома то дам мезанад бар захми шамшер аст.

Газалхои Нурулхаки Бахрин дар байни халк машхуранд. Онхо ба репертуари физони махалли дохил шуда, як газалаш ба яке аз охангхои «Шашмаком» (шуъбаи «Мухайяри Ирок»-и макоми «Ирод») суруда мешавад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …