Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нуристонихо

Нуристонихо

Нуристонихо, ахолии асосии нохияи кухистонии Нуристон, шимоли шаркии Афгонистон. Як кисми Нуристонихо дар музофоти Читрол ва Дари По- кистон низ зиндаги мекунанд. Шумораашон кариб 125 хазор нафар (1978). Аз кабилахои кати, вайгали, ашгуни, празун, вама ва гайра иборатанд. Нуристонихо бо яке аз забонхои гурухи хиндуэрони гап мезананд.

Амир Абдуррахмон охири асри 19 кишвари Нуристонихоро забт намуда, дини исломро зуран чори кард, вале дар байни баъзе Нуристонихо то хол дину оинхои тоисломи боки мондааст (парастиши оташ, куввахои фавкуттабиа, ачдод ва гайра). Мусулмонони гирду атроф Нуристонихоро кофир ва сарзаминашонро Кофиристон меномиданд.

Холо сарзаминашонро Нуристон ва худи мардумашро Нуристонихо меноманд. Машгулияти асосии Нуристонихо дехкони (гандум. чав, арзан, мушунг, чувори) ва чорводорист. Богу токдори ва хунарманди низ ривоч ёфтааст. Дар бай­ни кабилаи празун занон бо дехко- ни, мардон бо чорводори машгуланд. Дар байни кабилахо ба табакадо чудошавии ахоли (ашроф ва тоифаи гуломони хунарманд) пурзур мегардад.

Адабиёт: Народы Средней Азии, Москва, 1957; Грюнберг А. Л., Нуристан. Этногра­фические и лингвистические заметки, «Страны и народы Востока», 1971.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …