Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нурихои органики

Нурихои органики

Нурихои органики, нурихоест, ки дар таркиби худ дар шакли пайвастхои органики моддахои гизоии пайдоишашон набототи ё хайвоноти доранд. Масалан, пору, торф, компост, нурихои сабз, партови саноатхои хуроувори, пусту чарм ва гайра. Нурихои органики аз таъсири микроорганизмхои хок вайрон шуда, пайвастхои минералии азхудшавандаи N, Р, К, Са, S ва дигар элементхо, инчунин гумус хосил ме- кунанд. Гази карбонате, ки хангоми ваироншавии Нурихои органики хосил меша­вад, хавои хок ва кабати ба замин наздики атмосфераро аз карбони ри­зои бой мекунад.

Истифодаи мунтазами Нурихои органики хосиятхои физикию химияви, химияви ва низоми обу хавои хокро бех намуда, фаъолияти микроорганизмхои фоиданок (азотандуэхо, аммонификаторхо ва гайра)- ро метезонад. Гардиши моддахои гизои (хок — растани — хайвонот — хок) асосан ба воситаи Нурихои органики ба амал меояд. Нурихои органикиро пеш аз шудгор ва баъзан хангоми култивасия (аз 15 то 60 тонна/гектар) ба хок меандозанд; ба сабзавот ва канаб 80—100 тонна/гектар.

Нурихои органики хосили 1 гектар картошкаро 50—60 сентнер, сабзавотро 60—100 сентнер ва галладонаро 6—7 сентнер зиёд менамояд. Дар дунё ба замин соле 3—4 миллиард тонна (баробари 15—20 тонна N, 3—4 миллион тонна Р205 ва 18— 24 миллион тонна К]0) ва аз чумла дар СССР зиёда аз 500 миллион тонна Нурихои органики меандозанд.

Адабиёт: Применения органических удоб­рений, Москва, 1971.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.