Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нурали

Нурали

Нурали, кахрамони эпоси «Гуругли», набераи Гуругли, писари Аваз, модараш Каракузи  баходур. Дар бораи таваллуд ва корномахои у дар репертуари гуруглихонони точик достонхои зиёд вучуд до­ранд. Аз тифли осори пахлавони дар симояш зохир мешавад. Дар яксолаги гайраташ ба кудаки хафтсола баробар будааст. Нурали чавони зебо, чобук, зираку зуровар буда, дар пахлавони назир надорад. Чун пахлавонони дигари эпоси «Гуругли» Нурали ба мухобили душманони кишвари худ мечангад (чанги Нурали бо Ормоншох).

Вай пахлавонони Чамбули Мастон — Гуругли, Аваз, Хасан ва дигаронро аз банду зиндони душман озод мекунад. Нурали саргузаштхои ишки низ дорад; чун дигар пахлавонону баходурони Чамбулк Мастон маглубнашаванда ва бемарг аст. Танхо дар яке аз вариантхои досто­ни гуруглихон — Хикмат Ризо, ки солхои 60 ба воситаи радио шунавонида шуд, Нурали дар чанг кушта мешавад. Нурали кахрамони дустдоштаи халк аст. Дар байни точикону узбекхо ва халкхои дигар достонхои алохида дар тасвири корнамои ва саргузаштхои Нурали офарида шудаанд.

Ад.: Гуругли, Д., 1964; Б р а г и н с к и й И. С., Исследования по таджикской культуре, М., 1978, Дисомо*.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …