Маълумоти охирин

Носири Хисрав

Носири Хисрав Абумуинуддин (1004, Кабодиён— 1088, дехаи Юмгони Бадахшони), шоирн форс-точик, файласуф, арбоби дин. Дар оилаи дехкони давлатманди асилзода ба дунё омадааст. Падараш бо корхои давлати шугл меварзид. Носири Xусрав аз айёми кудаки ба омузиши илмхои замони худ, азкабили сарфу нахв, забонн араби, илми адаб, фалсафа. табииёт, тиб, чугрофия, нучум, фикх ва гайра машгул шудааст. Дар солхои чавони дар дарбор дабири кардааст.

Баъд ба Балх рафта ба хидмати “хукмронони газнави медарояд ва ба ин васила ба мачлисхои дарбор, нишасту хези шохони газнави—Махмуд ва писараш Масъуд, ки зимистонро дар нохияи Балх мегузарониданд, иштирок мекунад. Аз «Сафарнома»-и Носири Xисрав бармеояд, ки у дар 40-солаги хидмати дарбори Салчукиёнро ба чо меовардааст. Вазифаи у чамъоварии бочу хироч буд. Дар хамин давра ба эътибори вазифаи маъмуриаш у аз ахволи токатфарсои ахли мехнат — дехконони камбагалу косибон, ки дар натичаи андозхои торочгаронаи хукуматдорон ба холи табох афтода буданд, вокиф гардид. Ин ахвол уро хеле ба танг овард ва аз кори давлати, чоху мансаб даст кашид. Сабаби аз корхои давлати даст кашидани Носири Xисрав боз дар он буд, ки у аслан нисбат ба хукуматдории Салчукиён нафрат дошт. Дар шеърхояш борхо хукуматдорони салчукиро танкиду мазаммат карда, подшохони сомониро ба онхо мукобил мегузошт. Пеш аз сафар, пеш аз тарки хидмати дарбор Носири Xисрав бо таълимоти карматиён шинос гардида, дар он рохи хакикатро мечуст.

Соли 1046 Носири Xисрав бо хамрохии бародар ва хидматгораш сафари Маккаро пеш гирифт. Вале максади асосии у дар ин сафар хач кардан набуд. Шоир мехост бо зиндагии мардуми кишвархои дигар, урфу одат, дину мазхаби онхо шинос шавад, ахволу аъмоли халкро бисанчад. Дар тули хафт сол (1046—1052) Афгонистон, (Озарбойчон, Эрон, Сурия, Фаластин, Ирокро саёхат намуд. Такрсбан 2 сол дар Миср, ки он вакт каламрави Фотимиёв буд, умр ба сар бурд. Шароиту сохти давлатдории Фотимиён уро хеле хуш омада буд.  Зимомдори давлати Фотимиён, ки мувофики ривоятхо насабаш ба Мухаммади пайгамбар мерасид—сарвари рухонии исмоили, имоми замон ба шумор мерафт. У Носири Хисравро пазируфта бо корхои худ ва таълимоташ шинос кард. Ба Носири Xисрав унвони «ХХуччат» дода, таблигот ва ба оини исмоили чалб карда шудани мардуми Хуросонро ба у супорид.

Мувофики таълимоти исмоилия мавзеъхое, ки ин оин пахн гардида буд, «чазира» ном мегирифтанд. Хуросон низ яке аз хамин гуна «чазира»-хо буд, ки Носири Xисрав ба он сохиб шуд ва аз ин ру дар осори исмоили у хамчун «сохибчазираи Хуросон» ёд мешавад. Ба Балх баргашта Носири Xисрав бевосита ба кори таблиготу ташбикот, танкиди зулму таадди пардохта, аз паи ба карматия чалб намудани мардум шуд. У аз таъкиботи Салчукиён гурехта, тамоми гушаву канори Хуро­сон, нохияхои назди бахри Хазар — Мозандарону Табаристонро давp,за­да баромада, чои зиндаги ва амалиёти худро зуд-зуд дигар карда меистод. Нихоят мачбур шуд дар Бадахшон пинхон шавад. Хокими онвактаи Бадахшон Али ибни Асад мазха­би исмоилияро пазируфта, бо Носири Xисрав дусту рафик шуда буд. Носири Xисрав солхои охир умри худро дар дехаи Юмгон гузаронид.Асархои ба исмоилия оид ва касидахои фалсафиашро, ки дар шеъри форси-точики жанри нав буданд, дар хамин чо иншо кардааст.

Н а к л у н а к д и мухимтарин асархои Носири Xисрав: «Сафарнома» — таълифоти мансурест, ки ёддоштхои адибро аз таассуроти сафархояш ба шахру кишвархои мухталиф дар бар гирифта аст.

«Зод-ул-мусофирин» («Тушаи мусофирон»)—доир ба масъалахои фалсафа ва илохот бахс мекунад (таълифаш 1062).

«Вачхи дин» акоиди исмоилии мутафаккирро дарбар мегирад (таълифаш 1092).

«Кушоиш ва рахоиш» низ доир ба акоиди фалсафии адиб буда, соли таълифаш маълум нест.

«Чомеъ-ул-хикматайн» — мукоисаи оини исмоилия ва фалсафаи Юнон. Матни асар соли 1953 дарТехрон ва Па­риж чоп шудааст.

«Хон-ул-ихвон» («Хони бародарон») низ аз таълифоти мансури Носири Xисрав мебошад. Гайр аз инхо як микдор таълифоти мансурро ба Носири Xисрав нисбат додаанд.

Мероси манзуми Носири Xисрав асосан аз ду девон — точикию араби (арабиаш то замони мо нарасидааст) ва маснавихои «Рушноинома» ва «Саодатнома» иборат аст. Девони точики якчоя бо хар ду маснави соли 1929 дар Техрон ба табъ расид. Бештари де­вон аз касидахои фалсафи иборат аст. Маснавихои у асосан масъала­хои ахлок ва фалсафаро дарбар гирифтаанд.

Носири  Хисрав  хамчун шоир ва насрнавис дар таърихи адабиёти форс-точик макоми хосе дорад. Акидахои мутараккии ичтимоию сиёси, панду ахлок ва гояхои утопистии Носири Xисрав бештар дар асархои манзумаш ифода гардидаанд. Тамоми образу матолиби ашъори Носири Xисрав, чун хар гуна осори бадеи, аз ду манбаъ шодоб шудаанд: инсон бо хиссиёту хаячон ва нобаробарихои рузгораш ва табиат— олами хайвоноту наботот. Дар маркази шеъри Носари Xисрав инсони хакикат чуе меистад, ки уро нобаробарихои ичтимои ором намегузоранд:

Бингар, ки мар онро хаз аст бистар

В-инро, ба масал, зер бурё нест.

В-онро, ки ба охур дах асби тозист.

Дар пои бародараш лолко нест.

Масъуд хаме бар харир галтад,

Бар пушти сайд аз намад кабо нест.

Шикоят аз нобаробари ва беадолатии ичтимои, махсусан дар шеъри машхури Носири Xисрав «Мувозира бо худо» бо оханги баланд садо медихад:

Неъмати мунъим чарост дарё-дарё?..

Мехнати муфлис чарост кишти-кишти?..

Носири Хисрав бо нафрат бадкирдорони зо­лим, аъёну ашроф, «рибохорон» — судхурон ва сарвари кулли онхо — хукмронони даврро танкиду мазам­мат менамояд. Султону амиронро гургони мардумхор, каргасу аждахо меномад. Хукмронони салчуки дар назари Носири Xисрав харобкорони кишвари Хуросон, золимонанд, ки бар сари мардум хориву зори меоваранд.

Байтхои зеринро Носири Xисрав дар мазаммати султонхои салчуки гуфтааст:

Зи ман маъзул шуд султони шайтон,

Надорам низ султонро ба султон.

* * *

Гурги ту, на мир мар Хуросонро

Султон набувад чунин, ту шайтони.

Баъзан шоир кушидааст бо сухан дар замири ин гурухи номардон хисси инсониро бедор намояд:

Гар шох туй — бибахшу мастон

Чиз аз шахрию рустои,

Зеро зи халк хостани чиз

Шохи набувад, бувад гадои.

«Хисси нафрати шоир нисбат ба хукмронон дар яке аз бобхои досто­ни «Саодатнома», ки «Дар мазаммати мулук ва умаро» унвон гирифтааст, боз хам равшантар ифода гардидааст. Носири Xисрав шоири насихатгар, омузгори ботачрибаи хаёг аст. Абёти маснавихои «Саодатнома» ва «Рушноинома» панди судманде мебошанд, ки ба мардум рохи зиндагии хуши инсониеро нишон медиханд. Фарк кардани дуст аз душман, дар дусти бовафо будан, эхсон кардан, некухох ва рохатрасон будан (Бехин ко­ре, ки андар зиндагонист,— Накухохи, ба кас рохатрасонист), тамаъ ва хори накардан аз хислатхои ахлоки хамидаи инсонанд, ки Носири Xисрав бо ашъори равшани худ таргибу ташвик менамояд. Умуман, панду ахлок дар достони «Рушноинома», ки бештар сирати фалсафи дорад, макоми калон ишгол кардааст (бобхои «Дар мазаммати дустони риёи», «Дар мазаммати гаммозон», «Дар накухиши чоху мол  ва гайра). Тамоми максаду мароми Носири Xисрав аз панд додану ахлок омухтан, даъват барои инсони комил будан иборат аст:

Зи мардум зодаи — бо мардуми бош!

Чи бошад дев будан? — Одами бош!

Сухани Носири Xисрав чунон ки худаш меорад, «сехри халол» ва «покизатар з-оби зулол» аст ва у шеъри худро «бар даргохи шоху вазир» набурдааст. Шоирони маддоху шеърфуруш аз он чихат хадафи танкиду мазаммати Носири Xисрав карор гирифтаанд, ки шеъри бахои мулки човидони бударо ба зарру сим иваз менамуданд.

Дар боби «Дар мазаммати шуаро»-и «Рушноинома» чунин омадааст:

Хирад дар мадхи ноахлон бихандад,

Касе бар гардани хар дурр набандад.

Чаро чизе биёлои ба гидя,

Ки н-арзад мулки ду чахон-ш ба хадя.

Туро аз хештан худ шарм н-ояд,

Ки хар чое дуругат гуфт бояд?

Ба по истодану бархондани у фуру резад саросар обат аз ру.

Такозо карданаш душвор кор аст,

Хирадро бегумон а-ин кор ор аст…

Ин гуна шоирон ба акидаи Носири Xисрав ёвагуёне мебошанд, ки шеърашон як маъни надорад ва худашон хеч гох дар радифи сухансароён чой нахоханд гирифт. Носири Xосирав дар мукобили золимону бадкирдорон мардуми мехнаткаш — хунармандону дехкононро аз хар чихат ситоиш мекунад. Ду боби «Саодатнома» — «Дар хакки санъатварон» ва «Дар хакки кашоварзон») сурудахои ситоиши дар васфи мехнату мардони мехнатанд, ки

дар рузхои мо хам (пас аз 900 сол) ахамияти худро нигох доштаанд:

Чахонро хуррами аз дехкон аст,

Аз у гах зать, гохе бустон аст.

Аз ин бех бар баниодам чи кор аст,

К-аз одам дар чахон ин ёдгор аст…

Ба кор андар хама мардони коранд,

Арак резанду кути халк коранд.

Идеали эстетикии Носири Xисрав—инсони хакикатчу — дар услуби эчодии шо­ир накши носутудание гузоштааст. Ашъори Носири Xисрав аз хиссиёти гарму чу­шон саршор буда, сухани шахси ба хаячономадаеро ба ёд меорад, ки бо тамоми хасти дар таргиби афкору акоиди худ мекушад. То даме, ки акоиду афкори худро аз замири худ ба дили дигар — хонанда ва шунавандааш чой надихад, у ором намегирад.

Ин гуна сурудахои Носири Xисрав нихоят соддаю равшан буда, вай ин тарзи нигоришро махз барои ба фахму фаросати мардум наздик кардани эчодиёташ пеш гирифтааст. Тамоми васоили бадеии шоир—мурочиату даъ­ват («бингар», «бишнав», «макун», «машав», «дур бош», «мадех» ва гайра) такрор, тамсил, зарбулмасалу макол, унсурхои забони гуфтугуй ва гайра ба хамин эстетикаи талкиномез мутобик шудаанд. Носири Xисрав ба тарзи баёни рамзомез моил бошад хам, аз киноягуй канорачуй кардааст, дар ашъораш маънихои духура дида намешаванд; у матлабро кушодаву равшан баён мекунад. Барои пуртаъсир шудани суханаш аз лугз, тамсили кушода истифода мебарад. Масалан, там­сили г бо унвони «Аз мост, ки бар мост» машхур аст:

Рузе зи сари санг укобе ба хаво хост,

Аз бахри тамаъ болу пари хеш биёрост.

Бар ростии бол назар карду чунин гуфт:

«Имруз хама руи замин зери пари мост.

Гар авч бигирам, бипарам аз назари шед,

Мебинам агар заррае андар таки дарёст.

Гар бар сари хошок яке пашша бичунбад,

Чунбидани он пашша аён дар назари мост».

Бисёр мани карду зи такдир натарсид,

Бингар, ки аз ин чархи чафопеша чи бархост:

Ногах зи камингох яке сахткамоне

Тире зи казову кадар андохт бар у рост.

Бар боли укоб омади он тири чигарсуз

В-аз абр мар-уро ба суи хок фуру кост.

Бар хок бияфтоду бигалтид чу мохи

В-он гох пари хеш кашид аз чапу аз рост.

Гуфто: «Ачаб аст ин ки зи чуб асту зи охан,

Ин тезию тундию паридан-ш кучо хост?»

Зи тир нигох карду пари хеш бар у дид.

Гуфто: «Зи ки нолем, ки аз мост, ки бар мост».

Хуччат, ту маниро зи сари хеш бадар кун,

Бингар ба укобе, ки мани кард — чихо хост.

Зарбулмасалу маколхое, ки дар ашъори Носири Xисрав ба мушохида мерасанд, дар гуфтугуй мардуми точик имруз хам роичанд. «Аз мост, ки бар мост», «Шунидан кай бувад монанди дидан», «Макаш беш аз гилеми хеш­тан пой» (шакли халкиаш: ба курпаат нигох карда пой дароз кун) ва гайра. Ин хол ба ду чиз далолат дорад: ё Носири Xисрав ин мазмунро аз эчодиёти халк иктибос кардааст ва ё сурудахояш дар байни халк хеле шухрат дошта, суханони хикматогинаш ба хукми зарбулмасалу маколхои халки даромадаанд: дар хар ду хол ин далели ба халк наздик будани эчодиёти адиб аст.

Носири Xисрав аз бахрхову вазнхои мухталифи шеъри форси-точики, васоиту санъатхои гуногуни бадеи фаровон истифода кардааст. Ин чихатхои шеърашро низ ба хамон эстетикаи талкину таъкидии худ мувофик сохтааст.

Аз чихати гояви ва образноки шеъри Носири Xисрав ба шеъри кадими эрони наздики дорад. Ба назар мерасад, ки анъанахои адабиёти кадими эрониро Носири Xисрав дидаву дониста истифода кар­дааст. Аз бисёр чихат поэтикам ашъори Носири Xисрав ба поэтикаи «Готхо»-и Авесто наздик аст. Носири Xисрав инчунин дар шеърхояш Рудакиро бештар ёд мекунад ва дар мактаби адабии у тарбия ёфтааст. Чихати чолиб- дар эчодиёти Носири Xисрав он аст, ки у бо панду насихат, таргибу талкини адлу инсоф ва гайра машгул гардида, ба яке аз мавзуъхои маъмули адабиёти классикии форс-точик—мавзуи ишку мухаббат кам мурочиат кардааст. Су­хани Носири Xисрав бо амалия махлут аст; у танкид, аз байн бардоштани зулми золимон ва баркарор кардани адлу адолатро аз вазифахои мукаддас мешуморид. Аз ду гояи халкии адабиё­ти кадими эрони — гояи шохи одил ва гояи баробарию бародари гояи аввалро интихоб кардааст. У Чамъият ва давлатро бе шох тасаввур карда наметавонад. Шохи одил, аз назари Носири Xисрав, хамон хукмронест, ки ба ахли мехнат — хох ба мехнати чисмони машгул бошанд, хох ба мехнати фикри — барои ба даст овардани ризку рузи имкон бидихад. Гарчанде дар баъзе шеърхои Носири Xисрав гояхои маздаки ифода гардидаанд, вале у то ба идроки зарурати аз байн бурдани истисмор нарасидааст.

Баъзе подшохони сулолахои сосони ва сомони барои Носири Xисрав шохони идеалие буданд, ки тарзи хукуматдориашон аз назари у оинаи ибрат аст. Шохи одил, ба акидаи Носири Xисрав инчунин хукмрони он давраинаи Миср — Мустансири Фотими буд. Давлати Фотимиёни Миср давлати феодалие буд, ки чун дигар давлатхои феодали дар он низ истисмору хунрези вучуд дошт. Вале Носири Xисрав дар он тарзи хукмрони нисбат ба давлати Салчукиён бартариеро дидааст, ки он ба сохти чамъияти идеа­лие, ки Носири Xисрав чуё буд, то андозае мувофикат мекард. Идеологизм давлати Фотимиён — карматия ба Носири Xисрав ва дигарон хакикатчуёни давр барои омузиши илму хикмати юнони, монави ва хинди шароит фарохам оварда буд. Носири Xисрав барои баркарор намудани чунин хокимият дар ватани худаш— Хуросон аз он сабаб талош дошт, ки бе пойдор гардидани ин гуна давлат таълимоташ, максаду мароми пешгирифтааш оид ба кам кардани бочу хирочи дехконон, инкишофи шахру дехот, хунарманди, савдо ва пешра­вии илм амали намегардид. Носири Xисрав дар хакикат дар зимни муккоисаи ду давлати феодали — Фотимиён ва Салчукиён—сохти давлатдории Фотимиёнро, ки дар огози пайдоишаш баъзе чихатхои прогрессиви дошт, дастгири кардааст. Хамчунин чараёни кар- матия, ки унсурхои онро дар эчодиёти Рудаки, Фирдавси, Ибни Сино дарёфтан мумкин аст, дар ибтидо аз унсурхои мутараккиву гуманисти холи набуд.

Кисмати Носири Xисрав хамчун мутафаккир ва чуяндаи хакикат фочиа анчом буд. Исмоилия ва карматия, ки таълимоти онхоро Носири Xисрав ба пояи хакикати мутлак, бардоштааст, сарманшаи фочиаи аслии у гардиданд. Пешвоёни исмоилия пас аз марги мутафаккир уро аз ашхоси малакути (кудси) эълон карда, тамоми афкори ба исмоилияи рошиди мукобили уро аз асархояш хорич кардаанд. Ба осори мутафаккир асли суннат низ даст зада, нуктахои ба акоиди худашон хилофро ба хукми адам ва фаромуши додаанд. Вале кимати ашъори бо зиндаги карину бо халкд хамдими у, фикру аконди пешкадам ва халкияти эчодиёти у аз байн нарафтааст. Носири Xисрав дар байни халки точик ва халкхои дигари Шарк машхур буд. Дар Бадахшон, ки кисми зиёди умри шоир дар он чо гузаштааст, мавзеъхои мукаддасе хастанд, ки бо номи Носири Xисрав марбутанд. Мазори Носири Xисрав дар Юмгон холо хам барчо буда, мардум онро пос медорад.

Оид ба зиндагиву фаъолияти доманадори Носири Xисрав дар байни халк хикояту ривоятхои зиёд пайдо шудаанд. Яке аз онхоро шоири точик Мирсаид Миршакар дар достони «Исёни хирад» ба назм даровардааст. Шухрати Носири Xирав чун шоири бузурги инсонпарвар дар рузхои мо дучанд афзудааст. Дар илми шаркшиносии совети ба омузиш ва интишори эчодиёти Носири Xисрав диккати зиёд дода мешавад. Акидахои адабию эс­тетики, назари Носири Хисравро ба шеъру шоири Е. Э. Бертелс, хусусиятхои ашъори Носири Хисравро В. Б. Никитина, акоиди исмоилии уро А. Е. Бертелс, баъзе аз акидахои фалсафиашро (дар асоси «Зод-ул-мусофирин») Г. Ашу­ров, чахоибиниашро А. Б. Эделман ва дигарон тадкик кардаанд. Эчодиёти Носири Хисравро дар мактабхои оливу миёна меомузанд. Асархои Носири Xисрав дар Эрон ва Товикистон борхо ба табъ расидаанд, инчунин ба забони руси ва забонхои дигари халкхои СССР тарчума шудаанд.

М а к о м и  Нрсириисрав дар таърихи афкори фалсафии х а л к и точи к. Мохияти таълимоти фалса­фии у идеалнстист, вале баъзе масъалахои чудогонаи фалсафаро аз на­зари ратсионалисти хал кардааст, ки дорои унсурхои материалисти мебошанд. Носири Xисрав ба мисли Ибни Сино ва дигар машшоиён ба кувваи маърифати инсон бовар дошт. Вобаста ба ду навъи дониши инсони у дарки руйдодхои гуногуни оламро ба ду тарзи дониш — хисси ва акли таксим намудааст. Дар хамон замина у макоми илмро дар чараёни маърифат муайян гамуда, дар «Чомеъ-ул-хик- матайн» равиштааст: «Илм он аст, ки мар уро касб карданд». Ё ки «Агар гуянд: Илм чист? — Гуем: Илм тасаввурест аз мо мар чизеро ба хакикати он». Аммо ин фикри равшани донишманд ба субут напайвастааст. У макоми илмро барои дарки хакикати ашё ва ходисахо дуруст му­айян карда бошад хам, дар тачриба ифода ёфтани маърифатро рад кар­дааст ва тамоми навъхои донишро тачаллии илохи дониста аст.

Носири Xисрав дар таълимоташ рочеъ ба назарияи маърифат дарки олами объективиро имконпазир шуморидааст. У вобаста ба гуногунии дониши инсон руйдодхои олами моддиро ба «зохир» ва «ботин»  чудо намудааст, ки хар яке чихатхои мухталифи ашёву ходисотро инъикос мекунанд. Дониши хисси ба воситаи узвхои хис (хавоси зохири ва ботини) хосил ме­шавад. Хавоси зохири зинаи аввали маърифати инсон аст ва заминаест барои хавоси ботини. Дониш акли бошад, тавассути хавоси ботини ба даст меояд. Носири Xисрав нафакат дарки ола­ми моддиро имконпазир медонад, балки инчунин чараёни маърифатро беинтихо мешуморад. Аммо ин таъ­лимоти мухимми у ба далелхои идеалисти асос ёфтааст. Ба акидаи у, гуё ба маърифат саъй доштани ин­сон ба хости холик (худо) сурат мебастааст. Ин нукта ниходи идеалистии таълимоти мутафаккирро зохир мекунад, ки перохани ирфонию дини ба бар кардааст. Лекин, бо вучуди ин, афкори Носири Xисрав дар бораи маъри­фати инсон мохиятан ба таълимоти дини зид аст.

                                                                                                     

Ос.: Избранное, Сталинабад, 1954; Гулчине аз  девони ангор, Сталинобод, 1957;

Ад.: Адабиёти форсу точик дар аерхои XII—XIV, Д., 1976; Семёнов А. А., К догматике памирского лсмаилизма (XI глава «Лица веры» Насыр-и Хосрава), Ташкент, 1926; Бертельс Б. Э.. «Но- сири Хисрау и его взгляды на поэзию» (Из в. отд. общ. наук АН Таджикской ССР, в. 4, 1953); Никитина В. Б., Не­которые особенности лирики На сир-и Хосрава. АКД, М., 1955; Бертель с А. Е., Насир-л Хосрав и исмаилизм, М., 1959; Эдельман А. Б., Мировоззрение На с ири Хусрау, М., 1960; Ашуров Г., Философские взгляды Нос ири Хисрава, Д., 1965; Рипка Ян, История персид­ской и таджикской литературы, М., 1970; Брагинский И. С., Из истории пер­сидской и таджикской литературы, М., 1972; Iva now W., Nasiri Khusrow und ismailism, Bombay—Leiden, 1946; Cor- b i n H.. Etude preillminaire, дар кит.: Nasie-e Khosraw. Kitab-c Jami’al—Hikma- laln, Teheran — Paris, 1953;

Дар борамон

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …