Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носехи Xатлони

Носехи Xатлони

Носехи Xатлони Абдуррахмонхоча ибни Мирзоподшох (таваллудаш 1767-1768, Хатлон — соли вафоташ номаъ­лум), шоири точик. Айёми кудаки ва тахсили ибтидоиро дар зодгохаш гузаронидааст. Баъдан барои икомаи тахсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми тахсил дар Бухоро сокин шуд.

Ба шахрхои Мовароуннахр, аз чумла Тошканду Хучанд сафар кардааст. Аз Носехи Xатлони девони газалиёт (2600байт), ду маснавии ахлоки — «Мачлисафруз» (4124 байт), «Хайратангез» (3968 байт) мерос мондааст. Девони Носехи Xатлони гамномаи замони шоир аст. Дар ашъори шоир рузгори пуразоби мардуми одди бо тарзхои гуногуни бадеи, мувофики эавд ва диди эсте- тикии табадаи поёпи дамъият ифода ёфтааст. Дар сурудахои Носехи Xатлони шикояту эътироз ва фарёдхои чонкохи кахримони лирики чолиб аст:

Гарчи бад буд пеш аз ин айём,

Бадтарини замон замонаи ман.

Хисрави шахри дарду ранчу гамам,

Кафи афсус шодиёнаи ман.

Маснавихои Носехи Xатлони аз чихати компо­зитсия, банду басти бадеи ва гоя ба «Махаан-ул-асрор»-и Низомии Ганчави монанданд. Носехи Xатлони дар бобу фаслхои маснавихояш тавассути хикоёти пандуахлоки зулму чахолати хукмронони замон, рухониёни авомфиребро сахт махкум карда, дар мукобили онхо хислатхои неку писандидаи шохони одил, вазирони ботадбирро ситоиш менамояд. Тарзи ифода, услуби бадеи, забони асархои Носехи Xатлони хеле содда ва ба тафаккури бадеии оммаи халк мувофик аст. Нусхаи дастнависи девони Носехи Xатлони дар китобхонаи Институти шархшиносии АФ РСС Узбекистон, маснавихояш дар захираи дастиависхои АФ РСС Точикистон махфузанд.

Ад.: Каримов У., Адабиёти точик дар нимаи дуввуми асри XVIII ва аввали асри XIX, Д., 1974.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …