Маълумоти охирин

Нос

Нос, тамокуи куфтаи бо охак, хокистар ва равгани загир (кунчид ё пахта) омехта соидашудаест, ки ба зери забон гирифта боз мепартоянд ва он гуё мисли чилим ва папирос кайф медихад. Нос аз 45% барги куф­таи хушки тамоку, 32% хокистар, 18% равгани растани ва 5% охаки шукуфта иборат аст. Баъзаи ба Нос об ва барои бехтар шудани рангу таъмаш барги тут ё дигар гиёххои хушбуй меандозанд. Носро одатан ба зоери забон мегиранд ё ба бини мекашанд. Зиёда аз 10 хели Нос маълум аст.

«Хушсифат» ё «тез» (баланд) будани Нос ба микдори моддахои таркибаш вобаста аст. Масалан, микдори охак зиёд бошад, Нос «баланд» меша­вад. Хангоми кашидани Нос сари кас каме чарх мезанад ва асаби носкаш гуё ором меёбад. Ин холат дар натичаи ба хун чаббида шуда ба майнаи cap таъсир кардани моддаи консероген-бензпирен ва моддахои дигари тамоку руй медихад. Дар натичаи омузиши сабабхои пайдоиши саратон дар ковокии дахон муайян карда шуд, ки ин бемори дар одамони носкаш назар ба онхое, ки Нос намекашанд, хафт маротиба зиёд аст. Нос ба организми одам таъсири захрии чуаъи ва умуми мерасонад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.