Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Нормативизм

Нормативизм

Нормативизм, яке аз чараёнхои асосии назарияи хукуки буржуазии асри 20. Нормативизм бо позитивизми дар хукукшиносии асри 19 хукмрон алокаманд аст. Нормативизм тезисхои позитивизмро инкишоф дода, талаб мекунад, ки илми хукукшиноси аз омузиши омилхои ичтимои, ки ба конунгузор, адолати суди, рафтори одамон дар сохаи хукук таъсир мерасонанд, даст кашад. Нормативизм даъват мекунад; ки хукук дар шакли соф хамчун сохаи махсуси нормативи аз хастии ичтимои, шароити сиёсию иктисоди чудо омухта шавад.

Нормативизм ба нуктахои фалсафаи неоканттиги истистинод мекунад. Шиори Нормативизм чунин аст: «хукук танхо сабаби хукук шуда метавонад, кувваи хукук дар худи вай аст». Умуман Нормативизм ба мукобили таъбири марксистии хукук нигаронда шуда аст. Бар хилофи марксизм Нормативизм имконияти аз назари ичтимои ба хукуки буржуази бахо доданро рад мекунад. Нормативизм бештар дар асархои хукукшиноси австрияги X. Кёльзен, инчунин тарафдорони мактаби нормативи А. Фердросс, А. Меркл, Я. Кунц, Ш. Эйэенман ифода ёфтааст.

Нуктахои Нормативизмро инчунин Г. Навиасский (Германия), К. де Малберт (Франсия) хифз менамуданд. Нормативизм дар Европа махсусан дар байни чангхои якум ва дуюми чахони васеъ интишор ёфта буд. Баъди Чан­ги дуюми чахони мавкеи Нормативизм дар Ев­ропа паст шуд, вале дар як катор мамлакатхои Америкаи Лотини таъсири муайяне дорад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …