Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нонхуракхо

Нонхуракхо

Нонхуракхо (Blatioptera ё Blattodea), як катори хашаротеро гуянд, ки даврахои инкишофашон нопурра мебошад, яъне се фаза (тухм, кирмина ва хашароти болиг ё имаго)- ро дарбар мегирад. Нонхуракхо яке аз гуруххои кадимтарини хашарот буда, намояндаи онхо хануз дар давраи ангишт зиндаги мекарданд. Тани Нонхуракхо мусаттах мебошад.

Сари Нонхурак ба поён хам шудааст. Муйлаби дароз доранд. Узвхои дахонашон хоянда аст. Пойхояшон ба тез гаштан мувофик шуда­аст. Болхои пеш зичи дурушт буда, болхои кафо хеле тунук аст. Боли баъзе Ноухуракхои модина бисёр кутох шу­дааст, ё ин ки онхо бол надоранд.

Нонхуракхо тухми худро одатан дар капсулаи махсус—ботека, ки аз пардаи хитини иборат аст, мегузоранд. Инкишофи онхо аз 2—3 мох то 3—4 сол давом мекунад. Нонхуракхо хамахуранд. Онхо бештар хаёти шабона мегузаронанд. Баъзе намудашон (масалан, нонхураки зард — Blattella germanica ва нонху­раки сиёх — Blatta orientalis) дар хонахои истикомати ва бинохои гарм зиндаги карда, ашёи чармин ва махсулоти хурокро вайрон мекунанд.

Дар Осиёи Миёна ва мамлакатхои Шарки Наздик нонхураки турксттони (Shelsordella tattara)-po низ мансуби организмхои синантропи (организмхое, ки ба дарачаи муайян ба одам алока дорад) медонанд. Дар айни замон кариб 3,6 хазор намуди Нонхуракхо маълуманд. Онхо асосан дар субтропика ва тропика пахн шу- даанд.

Дар Точикистон 11 намуди Нонхуракхо (Ectobius tadzictis, ниг. расм, Б. subvitreus, Б. pavlovskii, Phyllodromica tarbinskii вa гайра) зиндаги мекунанд.

 

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …