Маълумоти охирин
Главная / Илм / Номинализм

Номинализм

Номинализм (лот. nominalis — мансуб ба номхо, номдор, аз nomen— ном), чараёни фалсафаи асримиёнаги, ки мафхумхои умумиро факат махсули номи предметхои алохида медонист. Номинализм таърихи кадим дорад. Антисфен ва Диогени Синопи хамчун мухолифони Афлотун намояндагони Номинализм буданд. Дар ибтидои асрхои миёна Номинализм чун эътироз бар зидди минтикаи маънавии навафлотуния пайдо шудааст.

Бар хилофи реализми асримиёнаги Номинализм танхо мавчудияти ашёи алохидаи дорои хосияти фардиро эътироф намуда, мафхумхои умумиро махсули ашёи алохида ме­донист. Ин акида Номинализмро бо тамоюли материалистии якумин будани хасти ва дуюмин будани шуур алокаманд кардааст. Маркс Номинализмро нахустин шакли зухури материализм номидааст. В. И. Ленин муборизаи Номинализми асримиёнаги ва реализмро ба муборизаи байни материализм ва идеализм ташбех додааст.

Ифодаи хосияти реалии ашьё будани умуми ва бе чузъ вучуд дошта натавонистани куллро номиналистон фахмида наметавонистанд. Номинализм ба таъкиби калисо нигох накарда, дар фалсафаи антропологи (Генрих Гентский), психологи (А. де Серешал), мантик (У. Оккам, Ж. Буридан), дар давраи Эхё бошад, дар шакли сенсуали (материалистон — Т. Гоббс, Ч. Локк ва идеалистон — Ч. Беркли ва Д. Юм) чараён ёфтааст. Номинализм дар шароити имруза дар фалсафаи семантики ннтишор меёбад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …