Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нометаллхо

Нометаллхо

Нометаллхо, элементхои химиявие, ки хосияти металли надоранд. Истилохи «металлоидхо», ки баъзан барои ифодаи Нометаллхо кор мефармоянд аз байн рафтааст. Ба Нометаллхо 22 элемети мансуб аст: гидроген, нитроген, оксиген, фтор, хлор, газхои инерти, бром, бор, карбон, силитсий, фосфор, сулфур, арсен, селен, теллур, йод ва астат. Атоми Нометаллхо электрон пайваст карда анионхои содда (С1—, О2—) ё мураккаб (СlO—4, SO24, РО34) хосил мекунанд.

Дар системаи даврии элементхои Менделеев электроманфияти Нометаллхо дар ка тор аз металлхои ишкори ба тарафи рост ва дар гуруух аз поён ба боло меафзояд. Нометаллхо бо оксиген оксидхои кислотаги—ангидриди кислотахо хосил менамоянд. Пайвастхои соддаи гидрогении Нометаллхо дар шароити муътадил моддахои газианд. Дар вакти бо хамдигар пайваст шудан (масалан, ClF, ICI, CS2 ва гайра) банди коваленти, хангоми бо металлхо пайваст шудан (масалан, КСl, MgO, А1Вr3 ва гайра) банди иони хосил мекунанд. Нометаллхо дар хочагии кишлок ахамияти калон доранд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …