Маълумоти охирин
Главная / Илм / Номенклатура

Номенклатура

Номенклатура (лот. nomenclatura—номгуй, руихати номхо), 1) система (мачмуъ)-и номхо, истилохотест, ки дар ягон сохаи илму техни­ка истифода мешавад. Номенклатурахои зерин мавчуданд: Номенклатурахои химияви Номенклатура дар ботаникаю зоология ва микробиология, Номенклатурахои анатоми (ба тартиб даровардани номхои лотинии объектхои анатоми дар хайвонот барои дар хамаи мамлакатхо як хел истифода бурдани онхо), Номенклатуи беморихо ва классификатсияи онхо (дар асоси шаклхои нозологи; ниг. Нозология), Номенклатура дар хисобу китоби бухгалтери (мундарича ва номи хар як хуччати пули вобаста ба чой таъиноташ нишон дода ме­шавад) ва гайра; 2) системаи аломатхои абстракти ва гайришарти, ки истифодаи онхо дар амалия барои ишораи предметни хеле кулай аст.

Номенклатураи химияви — системаи (мачмуъ)-и номхои моддахои химияви. Аввалин Номенклатураи химияви, ки химикони франсави бо рохбарии A. Л. Лавуазье соли 1787 тартиб доданд, дар асоси назарияи оксигени сохта шуда буд. Ин Номенклатура дар аввали асри 19 барои ба вучуд омадани як катор номенклатурахои милли асос рузошт. Номенклатураи химивии хозира ба Номенклатурахои пайвастхои ноорганики ва органики таксим мешавад.

Мафхуми асосии Номенклатураи п а й в а с т х о и н о о р г а н и к и и русиро химикони нимаи якуми асри 19 (Г. И. Гесс бо кормандонаш, В. М. Севергин ва дигар) ба вучуд оварданд. Ин Номенклатура баъди тарафи Д. И. Менделеев (1861, 1869) аз нав кор карда шудан, то солхои 1930, яъне то вакте ки химикони совети истифодаи номхои байналхалкии аз забони халкхои Евро­паи Гарби баромадаро афзалтар донистанд, истифода мешуд. Дар адабиёти химиявии точики Н байналхалки (НБ), ки асоси онро решаи номхои лотинии элемевтхо ташкил медиханд, кабул шудааст. Масалан, гидр. — гидроген (bydrogenium), карб.— карбон ((carboneum), окс.— оксиген (oxygenium) ва гайра.

Номи радикалхоро аз решаи номи лотинии элементхо ва суффикси -ил (масалан, карбонил — СО, гидроксил — ОН) тартиб медиханд; номхои таърихи (масалан, аммоний — NH4, сиан — CN, родан — GNS ва гайра) бошад, бетагйир мемонанд.

Номи пайвастхои ковалевтии кутбнок ё ионие, ки аз атомхои ду эле­мент хосил шудаанд, аз номи хар ду элемент гирифта мешавад; дар ин бобат номи элементи электроманфиро ба чои аввал гузошта ба он суф­фикси -ид хамрох мекунанд ва баъд элементи электромусбатро ном мегиранд. Macалан, NaCl —хлориди натрий, KI — иодиди калий, CuS — сулфиди мис ва гайра. Дарачаи оксидшавии эле­менти электромусбат бо рачами рими дар кавсайн нишон дода мешавад. Macалан, TLS—сулфиди титан (II), TiS2— сулфиди титан (IV) ва гайра.

Пайвастхои элемент бо оксиген оксидхо номида мешаванд. Агар эле­мент бо оксиген ду ё якчанд оксид хосил кунад, он гох дарачаи оксидшавии онро бо раками рими дар кавсайн нишон медиханд. Macалан, FeO — оксиди охан (II), Fе2Оз — оксяди охан (III), СО —оксиди карбон (II), СО — оксиди карбон (IV), S02 — ок­сиди сулфур (IV), SO3 — оксиди сулфур (VI) ва гайра. Пайвастхое, ки дар онхо атомхои оксиген байни худ ва бо элементи бештар электромусбат пайваст шудаанд (масалан, Н—О—О—Н), пероксидхо ном доранд.

Номи пайвастхои гидрогении нометаллхо, ки махлули обиашон хосияти кислотаги доранд, аз решаи номи лотинии элементи дуюм бо суффик­си -ид ва калимаи «гидроген» тартиб дода мешавад. Macалан, H2S — сулфиди гидроген, НСL — хлориди гидроген. Номи баъзе пайвастхои ба инхо монанд (масалан, Н2O — об, NH3 — аммиак, РНз — фосфин, AsH3 — арсин, ВН3 — боран, СН4 — метай, SiH4 — силан ва гайра.) бетагйир мемонанд.

Номи кислотахои оксигендор аэ калимаи «кислота», бандаки изофии «и» ва решаи номи лотинии элемен­ти кислотахосилкунанда бо суффик­си -ат (барои дарачаи баланди ок­сидшавии элементи кислотахосилкунанда) ё -ит (барои дарачаи пасти оксидшавии элементи кислотахосил­кунанда) тартиб дода мешавад. Масалан, H2SO4 — кислотаи сулфат, H2S03 — кислотаи сулфит. Агар шумораи кислотахое, ки элемент хосил мекунад, аз ду зиёд бошад, он гох номи ани­оне, ки дар он элемент дорои дара­чаи баландтарини оксидшави аст, бо префикси -вер ва суффкси -ат, дарачахои минбаъдаи оксидшавии он аз руи камшавиашон бо суффиксхои -ат, -ит ва дар охир бо префикси гипо ва суффкси -ат нишон дода ме­шавад. Macалан, НСlO4 — кислотаи пер­хлорат, НсlO3 — кислотаи хлорат, НClO2—кислотаи хлорит, НClO—кислотап гипохлорит.

Пайвастхое, ки аз атомхои металл ва гурухи гидроксил хосил шудаанд, гидроксидхо номида мешаванд. Агар металл ду ё якчанд гидроксид хосил кунад, он гох дарачаи оксидшавии металлро бо раками рими дар кавсайн ё префиксхое, ки аа шумораи юнони гирифта шудаанд, нишон до­да мешаванд. Macалан, Fe(OH)j— гидроксиди охан (II) ё дигидроксиди охан, Fe(OH)3 —гидроксиди охан (III) ё три (се) — гидроксиди охан.

Хангоми номбар кардани намакхои оксигендор аввал номи анион (дар хамон шакле, ки дар кислотахо номбар шудааст) ва баъд номи ка­ти онро талаффуз мекунанд. Масалан, NH4NO3—нитрати аммоний, NaClO4— перхлорати натрий ва гайра. Ба номи аниони намакхои турш сарчаспаки гпдро- (масалан, НСО3 —гидрокарбонат) ва катиони намакхои асоси сарчаспатк гидроксо- (масалан, (MgOH)4SO4 сулфати гидроксомагний) илова ме­шавад.

Номенклатураи пайвастхои органики мачмуи принсипу усулхои тартиб додани номи пайвастхои органикиро нишон медихад. Дар таърихи тараккиёти химияи органики Номенклатурахои зерин чой доштанд: эпири (тривиали), ратсионали, женеваги (Женева, 1892), лежи (Леж, 1930) ва JUPAC (Иттифоки байналхалкии химияи назарияви ва амали).

Номенклатураи эмпири номи тасодуфии пайвастхои органикист, ки одатан манбаи табии, хосияти моддахо ё но­ми кошифони аввалини онхоро нишон медихад (масалан, кислотаи мурча, чавхари лиму ва гайра). Ингуна номхо дар баъзе холатхо то алхол истифо­да мешаванд, масалан, асетон, кислотаи асетат ва гайра.

Номенклатураи ратсионали сохти пайвасти органикиро акс менамояд. Барои номбар кардани модда сараъзои катори гомологиро чун асос кабул кар­да, ба гомологхои бокимондаи катор ва изомерхои онхо чун хосилаи он ном медиханд:

Номенклатураи ратсионали тахти унвони «радикалию функсионали» кисми таркибии Номенклатураи пайвастхои органики — коидахои JUPAC, ки солхои 50—60 асри 20 кабул карда шудааст — гардид. Дигар кисми таркибии он коидахои Номенклатураии ч о й г и р и аст, ки натичаи инкишофи минбаъдаи Номенклатурахои жене­ваги ва лежи мебошад. Мувофики Номенклаиураи чойгири асоси номи пайвасти органикиро шумораи юнонии адади атомхои карбон, ки ба силсилаи дарозтарин рост меояд ва гуруххои функсионалии асоси (функсия, ниг. чадвал) ташкил медиханд. Радикалхои иловаги, бандхои карати ва функсияхои дигарро бо ёрии capчаспак ва суффиксхо нишон медиханд. Адади онхоро бо шумора (ди-, три-, тетра- ва гайра.), чояшонро бо номери атоми карбони (атоми карбоне, ки радикал ё функсияхо дар он чойгир шудаанд) силсилаи дарозтарин, характери бандхои карбонро бо суффиксхои -ан (карбогидриди сер), -ен (банди дучанда), -ин (банди сечанда), силсилахои пахлуиро бо номи радикалхои мувофик ва гургххои функсионал пробо суффиксхои -ол (спиртхо), -он (кеггонхо), -ал (алде- гидхо) ва гайра ишора мекунанд. Ба хамаи атомхои карбони силсилаи дарозтарин (аз нуге, ки силсилаи пахлуи ё банди карати ва ё дигар гу­руххои асоси ба он наздиканд) раками тартиби гузошта мешавад (тартиби гузоштан дар чадвал бо ракамхои рими нишон дода шудааст). Аз руи баёни мазкур пайвастхои дар боло овардашуда номхои зеринро мегиранд: 2,2-диметилбутан (I); бутен-2 (II); бутанол-2 (III); 4-фенилбутен-З-он-2 (IV); кислотаи 3-фенил-2 метилпропанат (V).

Дар номи пайвастхое, ки якчанд функсияи гуногун доранд, функсияи асосиро бо суффикс, гуруххои бокимондаро чун силсилаи пахлуи (радикал) бо сарчаспак ишора мекунанд:

Аз руи коидахои мазкур номи пайвастхои сикли (алисикли, аромати, гетеросикли), элементоорганики, стереоизомерхо ва гайраро низ тартиб медиханд. Дар ин бобат аксар Номенклатураииявазкунанда (а-помевкулатура)-ро истифода мебаранд, ки мувофики он атомхои гайрикарбонии силсиларо бо решаи номи лотинии онхо ишора мекунанд, масалан,

Номенклатура дар ботаника, зоология ва микробиология, системаи номхои илмии гуруххои таксономи— таксонхо; ягонаги ва собитии номхои илмии хаивонот, растанихо ва микроорганизмхоро таъмин менамояд. Номенклатураи ботаники ва зоологи аз корхои классикии К. Линней (миёнаи асри 18), ки аввалин шуда Номенклатураи бинари (дучанда)-и намудхоро истифода бурдааст, ибтидо мегирад. Мувофики он калимаи якум номи чинс ва дуюм но­ми намудро (масалан, бунафшаи атри — Viola odorata; бузи хочаги — Сарга nircus) ифода мекуиад. Номи категорияхои систематикии аз намуд ка­лон (чинс, катор, оила ва гайра) аз як калима (номи униномиали иборатанд. Дар зоология бо се калима ифода кардани ном (номи триномиали), ки калимаи сеюм номи зернамудро нишон медихад, низ расм шудааст (масалан, барои турони — Pantera tigris luranica). Ба хамаи таксонхо номи лотини медиханд,

Азбаски растанихои боуи хусусияти ба худ хос (бисёр будани навъи онхо) доранд, барои номбар кардани онхо «Кодекси байналхалки» кабул карда шудааст. Чунин кодекс барои бактерия ва микроорганизмхои дигар низ мавчуд аст.

Физиология, биохимия ва дигар илмхои биологи низ Номенклатураи худро доранд, ки барои ба моддахои фаъоли биоло­ги, масалан, ферментхо, ном додан исти­фода мешавад.

Ад.: Международный кодекс номен­клатуры для культурных растений 1961, М.—Л., 1064; Майр Э., Принципы зо­ологической систематики, М., 1971.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …