Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нохияи ТУРСУНЗОДА

Нохияи ТУРСУНЗОДА

ТУРСУНЗОДА, райони маъмурии тобеи реопублика. Санаи таъсисаш 19 январи 1935 (то 6 декабри 1979 Регар ном дошт). Масохаташ 1175,4 км2. Ахолиаш 24 хазор нафар (1985), точикон,—узбекхо, русхо, тоторхо ва гайра. Район 9 Совети кишлок (Кирол, Навобод, Пахтаобод, Работ, Сешанбе, Чапаев, Якуми Май, Гарав, Каротог) дорад. Маркази район — шахри Турсунзода.

tursunzoda
Райони Турсунзода дар водии Хисор, байни каторкуххои Мачитли (аз шимол) ва Боботог (аз чануб) вокеъ гаштааст. Релефи кисми марказии район аз водии васеи хамвор, кисмхои чануби ва шимолиаш аз адирхо ва куххо иборат аст. Баландихои мутлак дар води 600—800 м, дар кисми чануби то 1500 м, шимоли то 3000 м ва аз ин зиёдтар. Кад-кади водии дарёхои Ширкент ва Каротог вохахои на чандон калони галлакори вокеъ гаштаанд. Адирхо хамчун заминхои лалми ва чарогох истифода мешаванд. Сарватхои зеризаминиаш: ангишти бур, фосфорит, охаксанг, гил, регу шагал ва гайра. Иклими район континентист. Харорати миёнаи январ 2°С, июл 27,6°С. Боришоти солона дар води 400—500 мм, дар куххо то 700—900 мм. Дарёхояш: Ширкент ва Каротог. Хоки води ва доманакуххо хокистарранг, куххо—дорчини ва даштию бешадашти кухист. Набототи водию адирхо биёбони ва нимбиёбонист. Дар дараю куххо (каторкухи Мачитли) буттазорхо ва бешахои сираки арчаю заранг, дарахтони чинор, тур, шумтол, бед, муруд, бодом, дулона, себ, олуча, токи худруй ва гайра вомехуранд. Олами хайвоноти Турсунзода хирс, гург, гуроз, рубох, кашкалдок, сурур, чайра, мор, сангпушт, хорпушт, калтакалос ва паррандахои гуногун.
Асоси иктисодиёти район хочагии кишлок аст. Пахтакори, богу токдори, сабзавоткори, анчибарпарвари ва чорводори таракки кардааст. Район соли 1985 6 колхози пахтакор, 1 совхози сабзавоткор, 1 совхози анчибарпарвари, 1 совхози богу токдори, инчунин комплекси байниколхозии чорвои парвори ва фабрикаи байнихочагии паррандапарвари дошт.
Соли 1985 колхозу совхозхо ва дигар хочагихои давлатии район дар ихтиёри худ 22957 га киштзор, аз он чумла 14040 га замини оби доштанд. Микдори умумии заминхои киштшуда 22696 га, аз хамин хисоб замини кишти галладона —7048 га, зироати техники—9802 га, аз чумла пахтазор — 9136 га, замини анчибар —629 га; картошка —128 га, сабзавот—1578 га, зироати полизи — 384 га, хуроки чорво —3756 га, богот —389 га, токзор —299 га. Заминхо аз дарёхои Каротог, Ширкент ва канали Чиртак обёри мешаванд. Саршумори чорво дар колхозу совхозхо ва хочагихои байниколхозии район(1985), ба хисоби сар): гов—17352, аз он чумла модагов —4497, гусфанду буз—72213, хук—3009, асп — 1003; шфранда—22550.
Мухимтарин корхонахои саноатии район: заводхои пахтатозакуни, равгани эфир, алюминий, чинивори, асбобхои бинокори, заводи нон, устохонаи таъмири мошинхои хочагии кишлок, матбаа, ст. хизмати техники, комбинати хизмати маиши.
Соли хониши 1985/86 дар райони Турсунзода 37 мактаби миёна, 26 мактяби 8-сола, 44 мактаби ибтидои, 2 омузишгохи касбхои техлики мавчуд буд. 47 китобхолаи оммави, 34 муассисаи клуби, 18 богчаю яслии бачагон дошт. Дар 2 касалхонаи райони (565 кат), 2 беморхонаи китави (100 кат), 1 таваллудхола (120 кат), 5 консултатсияи занона, 2 диспансер, 6 поликлиника ва амбулатория, 47 пункти тибби 204 нафар духтурони сохибихтисос ва 697 нафар коркунони дорои маълумоти миёваи тибби кор мекунанд (1985). Аз худуди район рохи охани Душанбе — Тошкент мегузарад. Ба воситаи рохи автомобили бо дигар шахру районхои республика алокаманд аст. Газетаи район «Ленин йули» («Рохи Ленин») аз феврали 1935 нашр мешавад.
3. Абдурахимов, Р. Шарифов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …