Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нохияи ПРОЛЕТАР

Нохияи ПРОЛЕТАР

ПРОЛЕТАР, райони маъмуриест дар вилояти Ленинободи РСС Точикистон 21 январи 1935 ташкил ёфтааст. Бо районхои Нов, Хучанд ва аз Чанубу Шимол бо РСС Киргизистон хамсархад аст. Масохаташ 321,4 км2. Ахолиаш 61 хазор нафар (1981), точикон, узбекхо, русхо, киргизхо ва намоямдагони миллатхои дигар. Зичии ахоли дар 1 км2 190 нафао Район ба 5 Совети кишлок—Дехмои, Гулхона, Янгихаёт, Гулакандоз, Узбеккишлок таксим шудааст. Маркази район — птш Пролетар.

Территорияи район дар кисми гарбии водии Фаргона ва доманахои шимолии каторкухи Туркистон чой гириф­та аст. Релефи кисми шимоли замвор (баландиаш 300—400 м аз сатхи бахр), кисми чануби нохамвор буда, аз теппаю адирхо иборат аст (баландиаш аз сатхи бахр то 1200 м). Аз сарватхои зеризамини гил, peг, реги квартс ва дигао ашёи хоми бинокори мавчуданд. Иклими район — континенти; тобистон хеле гарм, зимистон нисбатан мулоим. Зуд-зуд шамоли сахт мевазад. Хаpopати миёнан январ 0—2°С,июл 28—30°С. Боришоти со­лона 200—300 мм. Дарёи Исфана (Каро), ки районхои Нов ва Пролетарро аз хам чудо мекунад, аз нишебихои шимолии каторкухи Туркистон cap шуда, ба обанбори Фарход мерезад. Хоки заминхо дар Шимол— хокистарранги равшан, баъзаи шурхок, дар Чануб— хокистарранги мукаррари ва хокистарранги тира. Набототаш биёбонию нимбиёбони. Дар адирхои кисми чанубии район аз хайвоноти дарранда гург, шагол, аз хояндахо чайра, муш, калламуш, юрмон, аз хазандахо мору калтакалос ва аз паррандахои шикорбоб кабк, бедонп вомехуранд.

Дар иктисодиёти район хочагии кишлок мавкеи асоси дорад. Хусусан пахтакори, чорводори, кирмакдори, сабзавоткори ва богу токдори ривоч ёфтааст. Аз зироати галладо­на шоли, гандум, чав, чуворимакка мекоранд. Соли 1984 Пролетар 5 колхози пахтакор, 1 совхозт чорводор ва 1 совхози сабзавоткор дошт. Колхзхо: ба номи В. И. Ленин (марказаш Гулакандоз), «Съезди 22-юм» партияи (Зарафшон), «.Москва» (Янгикншлок), «Ленинград» (Узбеккишлок), «Коммунизм («Гулхога); совхозхо: Дехмои ва Рухак (маркази хар ду Дехмои). Майдони умумии кишт 73381 га. аз чумла заминхои оби 21278 га (1964). Мандони пахтазор 13570 га, заминхои галла дона (гандум, чав, чуворимакка ва гайра) 4121 га, шоли 648 га, сабзавот 335 га, богу токзор 698 га, зироати хуроки чорво 2928 га, за­минхои полизи 196 га, тутзор 121 га, чарогоххо 36777 га. Заминхо аз дарёхои Исфана ва Сир, системаи оберии Хочабокиргону каналхон Оккалъа, Селкан ва пармачоххо обёри меша­нанд. Чорводори барои гушту шир, пашм ва пусти каракули махсус гардонда шудааст. Саршумори чор­во дар хочагихои чамъиятии район (1984, ба хисоби сар): гов 7767 (аз он чумла модагов 2616), бузу гусфанд 22790, хук 6170, парранда 944200, асп 164. Район соли 1983 ба давлат 43670 т пахта, 1568 т галла, 5030 т сабзавот, 640 т меваи тар, 1817 т гушт, 6930 т шир, 47,1 т пашм, 201,3 т пилла, 6400 дона пусти карокули, 723 млн дона тухм фурухт. Корхонахои саноатии район: комбинати дузандаги, иттиходияи масолехи бинокори, комбинати тоза кардани peгхои квартси, устохонаи электромеханикаи маркази, заводхои хишт, пахта, поя, фабрикаи паррандапарвари. ГЭС-и Кайрокум районро бо кувваи электр таъмин мекунад.

Соли хониши 1983 84 район 26 мактаби миёна, 3 мактаби 8-сола, 6 мактаби ибтидои, 1 мактаби шабонаи коргарчавонон, омузишгохи касбхои техники, мактаби мусики, мактаби спорти дошт, ки дар онхо 18050 нафар хонандагон тахсил мекарданд. Дар Пролетар инчунин 23 клуб, 54 китобхона, 16 дастгохи кинонамоишдихи, 4 хонаи маданият, хонаи пионерон, 7 чойхона мавчуданд. Дар 3 касалхона, 2 поликлиника, 3 пункти тибби, 6 дорухона, 2 таваллудхона, 19 пункти фелдшерию акушери, ст. сапитарию эпидемиологи ва 1 санатория 110 нафар духтури маълумоти олидор, 350 нафар коркуни дорои маъ­лумоти махсуси тибби кор мекунанд. Район 87 магазин, 63 муассисаи хуроки умуми ва 89 муассисаи хизмати маиши низ дорад (1984).

Район бо шахри Ленинобод ва дигар шахру дехоти вилоят тавассути роххои автомобилгард алока дорад. Аз территорияи он хатти рохи охан Чиззах — Андичон (стансияи Пролетар) мегузарад. Га­зетаи район  «Пролетар тонги» (аз солт 1935 нашр мешавад).

Х. Очилов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …