Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нохияи КАЛЪАИ ХУМ

Нохияи КАЛЪАИ ХУМ

КАЛЪАИ ХУМ, райони маъмуриест дар хайати Вилояти Автономии Бадахшони Кухии РСС Точ. Санаи ташкилаш 14 дек. 1930. Масох. 2824,5 км3. Ахолиаш  кариб 15 хаз. наф. (.1986). 4 С. д. дорад: Вишхарв, Нулванд, Сагирдашт ва Калъаихум. Маркази район — поселкаи Калъаихум.

Район дар нишебии чанубии к-кухи Дарвоз вокеъ гашта, сархади шимолии он сар-сари каторкух ва чанубиаш кад-кади д. Панч мегузарад. Терр. район capo cap кухсор аст. Нуктахои баландтаринаш к-хои Фруш (4573 м) ва Хамтарга (4484 м) мебошанд. Иклим континенти, харор. миёна янв. аз —5 то 0°С, июль 20—25*С; тобистони куххо салкин (то 10— 15°С) ва зимистонашон хунук (то —10, —15*С). Боришоти солона 500—900 мм. Дарёи асосии район — Панч; ба он дарёчахои бисьёре мерезанд, ки калонтаринашон Хумоб аст. Дар худуди район хар гуна алафхо, буттахои зирк, нестаран, ангат, кот, дарахтони бед, сафедор, чинор, тут, чормагз, олуча, санчид, дулона, писта, бодоми талхак, нок, анчир, токи худруй ва дар баландкуххо набототи сираки биёбони меруянд. Аз хайвонот нахчир, хирс, шерпаланг, гург, гуроз, рубох, сугур, заргуш ва г. вомехуранд.

К. райони галлакор (асосан гандум, чав,чуворимакка) ва чорводор аст. Бо богдори, тамокую сабзавоткори ва кирмакдори низ машгуланд. С. 1986 район 5 совхоз дошт.

Майдони умумии заминхои кишт 2308 га (аз чумла заминхои оби 1050 га). Аз хамин хисоб галлазор 878 га, киштзори зироати хуроки чорво 1307 га, тамоку 123 га, боги мева 68 га. Саршумори чорвои район (1985, ба хисоби cap): гов 3950, гусфанду буз 27250, парранда (мург 1440).

Дар район комб-хои хизмати маиши ва муассисахои коммунали, матбаа, 2 участкаи баистифодадихии роххо, шуъбаи алока, кассаи амонати, чамъияти матлубот ва хочагии об мехмонхона ва 54 магазину ошхона даст.

Соли хониши 1985/86 дар район 14 мактаби миёна, 9 мактаби 8-сола, 20 мактаби ибтидои, 1 мактаби мусики ва 1 мактаби спорти мавчуд буд. Ба мехнаткашони район 16 клуб, 19 китобхона, 3 хонаи маданият, ансамбли тарона ва ракс, 3 кинотеатр ва 12 дастгохи кинонамоишдихи хизмат мерасонанд. Дар К- инчунин 3 касалхона, 2 амбулатория, 1 поликлиника, 16 пункти тибби, ст. санитарию эпидемиологи ва дорухона хастанд. Наклиёти район автомобили ва хавоист (аэропорташ дар Дашти Луч). Газетаи райони «Дарвози Совети» аз 2 нояб. 1937 нашр мешавад.

С. Диловаров.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …