Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нохияи Абдурахмони Чоми

Нохияи Абдурахмони Чоми

Абдурахмони Чоми, нохия дар вилояти Хатлон. 29 августи 1930 ташкил ёфтааст. Масохаташ 682 км2. Ахолиаш 135,4 хазор нафар (2009), асосан точикон, инчунин узбекхо, русхо, тоторхо ва гайра Зичии ахоли дар 1 км2101 на­фар. Аз маркази нохия то маркази вилояти Хатлон шахри Кургонтеппа 36 км, то шахри Душанбе 86 км, то наздиктарин истгохи рохи охани – Вахш 12 км. Нохия 7 Чамоати дехот (Арал, «Иттифок», «Ифтихор», «Дусти», ба номи М. И. Калинин, «50-солагии Точикистон», Яккатут) ва як Чамоати шахраки Куйбишев (маркази нохия) дорад. Номхои пештарааш Арал, Куйбишев, Хочамастон.

Бо карори Мачлиси Миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 12. 02. 2004 Абдурахмони Чоми ном гирифт. Худуди нохия асосан дар водии Вахш, кисми шимолии он дар водии Ёвон вокеъ аст. Онро куххои начандон баланд (то 2000 м) ихота кардаанд: аз Гарб каторкухи Октог, аз Шимол кухи Рангон ва аз Шарк кухи Каротог. Кисми марказии нохия хамвор, аз сохили бахри 400 – 500 м баланд. Сарватхои зеризаминиаш: намаки ош, гач ва гайра. Аз худуди нохия дарёи Вахш мегузарад.

Иклими нохия континенти, субтропикии хушк. Тобистонаш гарм; харорати миёнаи июл 35 – 40°С, харорати баландтаринаш 43°С. Зимистонаш нарм; харорати миёнаи январ 9°С. Боришоти солона ба хисоби миёна 271 мм. Давраи нашв (беш аз 5°) 300 руз. Хоки худуди нохия асосан хокистарранг. Дар даштхо янток, шура, чорубак, явшон, дар куххо камол, торон, ре­воч, савсани кухи, кинг, юган, пиёзи кухи, шибог, латтахор ва гайра; аз дарахтон писта, дулона, бодоми кухи ва гайра меруянд.

Аз хайвоноти вахши гург, рубох, шагол, чайра, аз хазандагон сангпушт, чанд намуди мор, аз парандагон кабк, бедона, мусича, гунчишк, майна ва гайра. вомехуранд. Нохия дорои хочагии кишлоки мутараккист. Сохаи асосии он – пахтакори, махсусан навъхои махиннах. Инчунин чорводори, галлакори, богу токдори, лимупарвари, кишти зироатхои хуро­ки чорво ва кирмакпарвари ривоч ёфтааст. Нохия 927 ташкилот ва хочагихои дехкони дорад. Соли 2010 ба пахтакори 850 хочаги ба чорводори 25 хочагии омехта, ба нихолпарвари як хочаги ва ба богдори 5 хочаги машгул буданд.

Майдони умумии заминхои хочагии кишлок 59649 га (2009), аз чумла заминхои кишт 16794 га, заминхои обёришаванда 14580 га, заминхои лалми 2214 га. Дар худуди нохия Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, 9 корхонаи хурд, 3 корхонаи наклиёти, корхонаи коммунали, шуъбаи фарханг, 2 идораи алока, 10 корхонаи ёрирасон, 6 ташкилоти саноати, 4 ташкилоти сохтмони, корхонаи нонпази, хонаи хизмати маиши, хочагии мохипарвари, идораи пиллахушккуни фаъолият доранд.

Соли хониши 2009 – 2010 дар нохия 41 мактаби тахсилоти миёнаи умуми, 12 мактаби таххсилоти умумии асоси, 8 мактаби ибтидои, як литсей-интернат буд, ки дар онхо 300576  нафар хонандагон тахсил мекарданд. Дар нохия Омузишгохи касбхои техники, филиали Омузишгохи тиббии шахри Кургонтеппа, мактаби санъати бачагона мавчуд аст. Нохия 10 китобхона, кохи фарханг, хонаи фархангии типи шахри, 3 хонаи фарханги дехоти, 2 дастаихунари:«Гунча»ва«Шабчарог» дорад.

Дар беморхонаи маркази, дар монгохи нохияви, 45 бунгохи тибби, 5 беморхонаи минтакави, Маркази мубориза зидди беморихои сил, шуъбаи беморихои пуст, гушу гулу ва бини, Маркази бехдошти саломати, шуъбаи беморихои сирояти 82 нафар духтурони маълумоти олидор, 441 нафар кормандони дорои маълумоти миёнаи тибби кор мекунанд. Аз худуди нохия рохи охании Тирмиз – Кургонтеппа -Ёвон мегузарад. Газетаи нохияви – «Бахористон».

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …