Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нодирпур Нодир

Нодирпур Нодир

Нодирпур Нодир (таваллудаш 1929, Техрон), шоири эрони. Маълумоти ибтидои ва миёнаро дар зодгохаш гирифта, соли 1948 барои идомаи тахсил ба Франсия рафт. Се сол дар Париж ба омухтани адабиёти франсави машгул буд. Соли 1951 ба ватанаш баргашт ва минбаъд дар Вазорати фарханг ва хунар кор кард. Солхои 1965—1968 дар Франсия ва Италия икомат дошт. Ашъораш аз ибтидои солхои 50 чоп мешавад ва кисми зиёди он дар мачмаахои «Чашмхо ва дастхо» (1953), «Духтари чом» (1955), «Шеъ­ри ангур» (1958), «Сурмаи хуршед» (1960), «Баргузидаи шеърхои Нодири Нодирпур» (1970), «Гиёху санг, на оташ» (1971} гирд омадааст.

Шеърхояш бештар дар журнали адабию бадеии «Сухан» чоп шудаанд. Аз пайравони Нимо Юшич ва назариётчиёни «шеъри нав» ба шумор меравад. Бештари шеърхояш дар шаклхои арузи озод ва андаке дар колабхои анъанави (газал, маснави, китъа) навишта шудаанд. Шеърхои сафед ва озод низ гуфтааст. Доираи мавзуъхои ашъори Нодирпур нихоят васеъ бошад хам, мавкеи асосиро дар эчо­диёти у лирикаи фалсафи ишгол ме­кунад. Дар ин гуна шеърхо Нодирпур ба дарки шоиронаву файласуфонаи вокеияти имруз, дунёи маънавии муосирони худ, муносибатхои инсону табиат, асрори хасти ва гайра кушидааст («Дуое дар жарфнои шаб», «Охувона», «Парвоз» ва гайра). Дар кисме аз осори Нодирпур таъсири адабиёти франсави  хис карда мешавад.

Махсусан дар шеърхое («Эй дарахти бенаво», «Нигохи ошикона ба дарахт», «Барф ва хуршёд» ва гайра), ки шопр ба ифодаи хисси табори бо табиат пардохтааст, таъсири устоди шеър мансури франсави Франсис Понж (таваллудаш 1899), ки шиори асосии эчодиёташ аз «бастани пайванди бародари байни инсону табиат» (М. Ваксмахер, Фран­цузская литература наших дней, М., 1967, с. 154) иборат аст, хис мешавад. Ашъори Нодирпур ба эътибори бадеияти баланди худ мавриди таклиду пайравии бисёре аз муосиронаш карор гирифтааст. Намунахои шеърхояш дар матбуоти Точикистон ба табъ расидаанд. Дар симпозиуми шеъри форси, ки соли 1967 дар Душанбе баргузор гардид, иштирок дошт. Нишопур доир ба «шеъри нав», эчодиёти Нимо, Эрач Мирзо ва масъалахои назарияи шеър маколоти зиёд дорад.

Ад.: Кляшторина В. Б., «Новая поэзия» в Иране, М., 1975.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …