Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нодира Мохларойим

Нодира Мохларойим

Нодира (тахаллусаш; номаш Мохларойим; 1792, Андичон —1842, Хучанд), шоираи узбеку точик. Аз оилаи ашроф. Завчаи Умархони Амири (1809—1922). Ба узбеки ва точики шеър мегуфт. Шеърхои точикиашро бо тахаллуси «Макнуна» ё «Комила» менавишт. Баъд аз вафоти Умархон писари 14-солаи у Мухаммадалихон ба тахт нишаст. Лекин давлатро асосан Нодира идора мекард. У барои ривочи маданияту санъат кушиш кард. Ба дарбори худ шоирон, олимон ва ахли хунарро гирд оварда, бозорхо, масчидхо, корвонсаройхо ва мадрасахои нав бино намуд.

Соли 1842 амири Бухоро Насруллох ба Хучанд хучум карда, Нодира ва писарони уро ба катл расонд. Ашъори Нодира ки дар пайравии устодони шеъри форс-точик ва узбек эчод шудаанд, дорои мазмуни ичтимои ва бадеияти баланд аст. Девони мукаммали Нодира дар Музеи давлатии ба номи Алишери Навоии АФ РСС Узбекистон махфуз аст.

Дар фонди Институти шаркшиносии АФ Узбекистон боз як девони Нодира нигох дошта мешавад, ки аз 333 газал иборат буда, бо тахаллуси «Макнуна» навишта шудааст. 10 хазор мисраъ шеърхои лирикии шоира то ба мо расидааст. Зебои, мухаббати самими, гаму гуссаи рузгор, орзухо умеди занон мавзуи эчодиёти шоира аст. Нодира фазилати олитарини инсонро дар вафодори мебинад.

Ос.: Девон. Д., 1967; Асарлар, 2 чилд, Тошкент, 1971.

Ад.: Каюмов А., Кунон адабий мухити, Тошкент, 1965; Нодира в а М., Нодара. Хаёти ва ижоди, Тошкент, 1965.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …