Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низории Кахистони

Низории Кахистони

Низории Кахистони Саъдуддин ибни Шамсуддин ибни Мухаммад (1247, Бирчанди Кахистон— 1320, хамон чо), шоири форс-точик. Пас аз хатми Мад­раса ба хидмати маъмурии фармондори Кахистон даромада, борхо ба Хуросон, Рай, Сиистон ва Кахистон сафар мекунад, шахру дехот ва мардуми аз асорати мугул ба дод омадаро мебинад. Ин хама дар эчодиёти Низории Кахистони накши муайян гузоштааст. Дар галалу рубои ва китъахои шоир аз нобаробарихои ичтимои, вазъи ногувори зиндаги, тухмату хиёнатхои ахли дарбор шикоятхои пурсузе дида мешавад.

Ду нусхаи дастнависи девон ва ду нусхаи мукаммали куллиёти осори Низории Кахистони то замони мо боки мондааст, ки 81 касида, 150 газал, 268 рубои, 24 таркиббааду тарчеъбанд, 7 маснавиро дарбар мегиранд. Касидахои Низории Кахистони, ба­рои фахмидани вокеахои мухимми таърихии замони шоир ва лахзахои гуногуни зиндагии у ахамият доранд. Низории Кахистон дар газалу рубоиёташ фиреби рухониёнро ошкор сохта, зиндадили ва хаётдустиро таргиб намудааст. Дар маснавихои «Адабнома» (1296), «Мазхару Азхар» (1300, дар пайравии «Хисравнома»-и Аттор), «Дастурнома» (1310), «Сафарнома» ва гайра акидахои ахлоки ва ичтимоии Низории Кахистони ифода ёфтаанд.

Ад.: Б а й б у р д и Ч. Г., Жизнь и творчество Ни зари, М., 1966; Рипка Ян, История персидской и таджикской литературы, М., 1970.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …