Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитроген

Нитроген

Нитроген (аз нитро… ва…гем), N, элемента химиявии гурухи V сис­темаи даврии Менделеев, раками ат. 7, массаи ат. 14,0067. Нитрогени табии аз 2 изотопи собит: 4N (99,635%) ва1,5N(0,365%) иборат аст. Аз изотопхои радиоактивиаш ,3N(Т’/2 *= 10,08 дакика) бештар устувор аст. Пайвастхои Нитроген— селитра, кислотаи нитрат, аммиак пеш аз кашфи Нитрогени озод маълум буданд. Нетрогенро соли 1772 Д. Резерфopд кашф намуда, ба он «гази хафакунанда» ном дод. Соли 1787 А. Ла­вуазье моддаи содда будари Нитрогенро исбот кард ва онро азот (аз юнори azos — бехаёт) номид. Соли 1790 Ж. А. Шаптал ба он номи нитрогенро дод. Нитроген яке аз элемонтхои пахншудатарини Замин аст. Кисми зиёди он (кариб 4 • 10″ тонна) дар атмосфера пахн шудааст. Нитрогени озод (N2) 78,09%-и хачм ва 75,6 %-и массаи ха- воро ташкил менамояд. Хлориди ам­моний NH4C1 ва нитратхои гуногун пайвастхои асосии табиии Нитроген ба шу­мор мераванд. Конхои калонтарини селитра дар Чили, Осиёи Миёна дучор мешаванд.

Нитроген яке аз элементхои мухими хаёти буда, дар сафедаи хайвоноту одам 16—17% мавчуд аст. Baй дар шакли пайваст дар таркиби нефт (0,02—1,5%), ангиштсанг (1—2,5%), хок (0,1%), оби бахру укёнусхо низ мавчуд аст. Нитроген дар табиат бо фаъолияти микроорга­низмхо — азотандузхо, нитроандузхо, денитроандузхо доимо дар гардиш аст. Нитроген элементи газмонанди беранги бебуй ва бемаза буда, аз хаво сабуктар аст. Зичиаш 1250,6 килограмм/метр* (дар О*Селсия ва 760 миллиметр сутуни симоби), t гудозиш 209,86° Селсия, t чушиш 195,8е Селсия. Нитроген дар об кам (дар 0°С дар 1 м9 Н20грамм) ва дар баъзе карбогидридхо нгз хал мешавад.

Нитрогени озод танхо бо металлхои фаъол Li, Са, Mg дар харорати на он кадар баланд, бо элементхои дигар дар харорати баланду фишор ва иштироки катализатор пай­васт мешавад. Нитроген бо гидроген амми­ак, гидразин (N2H4), диимид (N2H2), октазон (NeHu) ва гайра, бо оксигеп оксидхо (N2O, NO, N203, N02i N2Ob), бо металлхо нитридхо ва гайра, хосил менамояд. Нитрогенро дар лаборатория аз намакхои кислотаи нитрит (масалан NH^Oj) ва дар саноат аз хавои моеъ хосил мекунанд. Нитроген ва пайвастхои он барои истехсоли нурихои минерали, моддахои тарканда, синтези аммиак, кислотаи нитрат, хосил кардани харорати паст (аз Нитрогени моеъ) ва гайра истифода мешаванд. Нитрогени моеъро дар зарфхои пулоди (зарфи Дю­ар) ва Нитрогени газшаклро дар баллонхо нигох медоранд ва мекашонанд.

Адабиёт: Химия и технология связанного азота. Москва— Ленинград, 1934; Ре ми Г., Курс не­органической химии, том I, Москва, 1863; Нек­расов Б. В., Основы общей химии, том 1, Москва» 1965.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …