Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитратхои селлюлоза

Нитратхои селлюлоза

Нитратхои селлюлоза, нит­роселлюлоза, эфирхои мураккаби нитрати селлюлоза; формулаи умумиашон[СвН702 (О Н) з_г (0N03) х)п, кимати х аз 1 то 3 тагйир ёфта метавонад; массаи сафеди нарми нахдор, ки ба селлюлоза шабохат дорад. Хелхои зерини Нитратхои селлюлоза ахамияти ама­ли доранд: коллоксилин (10,7—12,2% N дорад), пироксилин № 1 (13,0 — 13,5%’N дорад), пироксилин № 2 (12,2—12,5% N дорад). Зичии Нитратхои селлюлоза 1580—1650 килограмм/метр3; дарачаи миёнаи полимерзасияи коллоксилин 150— 600 (массаи молиаш 37500—150000), пи­роксилинхо 1000—2000 (массаи молии 250000—500000) мебошад.

Халшавандагии Нитратхои селлюлоза ба микдори нитроген вобаста аст; хамаи намудхои Нитратхои селлюлоза дар асетон нагз хал мешаванд, дар об, бензол, чорхлориди карбон, бензин бошад, хал намешаванд; аз таъсири кислотахои сероби гайриорганики гидролиз ва аз таъсири ишкорхо вайрон мешаванд Тачзияи Нитратхои селлюлоза дар харорати 40—60° Селсия cap шуда, бо афзудани гарми бо таркиш ё афрузиш ба анчом мерасад. Нитратхои селлюлозаи техникиро дар 20—40% об ё спирт нигох медо- ранд. Таъиноти истифодаи Нитратхои селлюлозаро аз руи фоизи нитроген муайян ме­кунанд.

Коллоксилинро дар истехсоли сел­лулоид, нитролакхо, нитроклейхо, нитроэмалхо ва пироксилинхоро дар истехсоли борут, динамит ва дигар моддахои тарканда кор мефармоянд. Нмтратхои селлюлоза тез даргиранда мебошанд, бинобар ин алхол дар истехсолот онхоро бештар ба асетатхои селлюло­за ва полимерхои синтези иваз ме­кунанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …