Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Николаевна Галина Евгеневна

Николаевна Галина Евгеневна

Николаевна (тахаллусаш; фам. В о л я н с к а я) Галина Евгеневна (18. 02. 1911, дехаи Усманка, хозира райони Мариини вилояти Ке­мерово —18. 10. 1963, Москва), на­висандаи советии рус. Аз оилаи муаллим. Институти тиббии шахри Горкийро хатм кардааст (1935). Аз соли 1939 дар жанрхои гуногун кувваозмои кардааст (мачм. шеърхои «Аз банни оташ», 1946; новеллаи «Халокати командарм», 1945; очеркхои «Колхози «Трактор», 1948, «Нишонахои оянда», 1949). Дар романи «Дарав» (1950; Мукофоти давлатии СССР, 1951; тарч. Точ. 1953), ки дар асоси он филми «Бозгашти Василии Бортликов» (1953) офарида шудааст, аз баркароршавии хочагии колхози дар давраи баъдичанги ва зиндагиву аъмоли мардуми дехоти Шимол сухан меравад.

«Киссаи директори МТС ва сарагроном» (1954) аз хаёти чавонони совети хикоят мекунад. Дар романи «Задухурд дар рох» (1957; филми хамном 1961) Николаева манзараи зиндагии чамъияти советиро дар солхои 50 офарида, муносибатхои нави ичтимоии байни шахсу коллек­тивро нишон додааст. «Хикояхои Василисабиби дар бораи муъчизот» (1962), ки манбаашон эчодиёти дахонакии халк аст, дигаргунихои азими симои маънавии одами советиро инъикос менамоянд. Баъди вафоташ (1964) порчахо аз романи «Таъсира мутакобили зур» (дар бораи физикхо) ва рузномаи лирикию фалсафии Николаева— «Боги мо» ба табъ расидаанд.

Николаева дар асархояш ба чахони ботинии кахрамони муосир таваччухи хосе зохир намудааст, масъалахои мухимми ичтимои ва ахлокиро мавриди тахкик карор додааст. Асархои Николакаева ба забонхои хоричи ва забони халкхои СССР тарчума гардидаанд. Бо 2 орден ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ос.; Собр. соч., т. 1—3, М., 1972—73.

Ад.; Русские советские писатели-про­заики. БиобиблиографическиЛ указатель, т. 3, JI., 1964; Пичурин JI. Ф.. Путь к «Битве…». Страницы жизни Г. Е. Ни­колаевой, Новосибирск, 1(970.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …