Маълумоти охирин

Никоб

Никоб (ар. — парда, рупуш, чашмбанд, чодир), 1) асбобест бо тасвири башараи хайвонот ва махлукоти асотири, ки шаблон базми хурсанди ба руй мекашанд. Никобро аз картон, пластмасса, гил ва дигар чизхо сохтан мумкин. Никоб дар замонхои кадим хангоми шикор ва маросимхо истифода мешуд. Баъдтар Никобро хамчун унсури грими актёр дар театрхо истифода мебурданд.

Дар театри халкии гузашта низ Никоб яке аз воситахои офаридани образ дар сахна буд. Аз харфиёти Афросиёб (а. 1) тасвири чор хунарпешаи никоббадаст ва аз Тупроккалъа (а- 3, Хо­разм) Hикоби масхарабоз ёфт шуданд. 2) Никоб аксар ба маънои мачози низ истифода мешаванд. Масалан, «никоб гузоштан» ба маънои парда аз руй гирифтан, «никоби нили» — киноя аз шаб, «никоби хазро» киноя аз осмон, «шикофтани никоби сухан» кушодани маънои сухан ва гайра. Шахси риёкор, дуруяро, ки асли сираташро пинхон медорад, «одами никобдор» мегуянд. 3) Бандинаи иштирокчиёни карна­вал ва маскарад, ки барои чашм сурохи дошта, ба кисми болои руй менушанд. 4) Нусхаи гачи, ки аз руи шахси мархум гирифта мешавад. 5) Дар косметика яке аз усулхои муолича ва нигохубини пусти руй. 6) Колабест, ки хангоми шамшербози ва дигар мусобикахои варзиши ба руй мепушанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …