Маълумоти охирин
Главная / Илм / Никелин

Никелин

Никелин, колчедани сурхи н и к е л, минерал, арсениди никел NiAs.

Дар таркибаш 43,9% Ni, 56,1 % As ва аксар вакт омехтахои СО, Fe, Sb ва гайра дорад. Дар системаи гексагонали кристалл мебандад, кристаллхояш камёфт. Одатан массахои донадори яклухт ва агрегатхои гурдамонанд хосил менамояд. Равгаш сурхи паст; чилояш металли. Сахтиаш 5; зичиаш 7600—7800 кг/м3; мурт. Дар конхои paгии гидротермали якчоя бо арсенидхои никел, кобалт ва висмуту нукраи холис вомехурад. Дар зонаи оксидшави ба осони фарсуда шуда, аз он минерали аннабергит — Ni[AsO4]2 • 8Н2О пайдо мешавад. Конхои Никел дар СССР (вилояти Кемерово, кишвари Краснодар, РАСС Тува), РДГ, ШМА, Канада маълуманд. Никел маъдани мухими никел мебошад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …