Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нигористони Дрезден

Нигористони Дрезден

Нигористони Дрезден, музеи осори санъати рассоми дар шахри Дрез­ден. Соли 1560 ба сифати касри осори санъат таъсис ёфта, аз соли 1722 Нигористони Дрезден чой гирифтааст. Солхои 1847—1856 ба­рои ин нигористон бинои махсус сохта шуд. Баъди Чанги дуюми чахон бисёр намунахои осебдидаи осори санъати Нигористони Дрезденро ба СССР оварда, баъди тармиму азнавбаркароркуни соли 1955 (1240 асари санъат) ба РДГ баргардониданд. Соли 1956 Нигористони Дрезден аз нав кушода шуд.

Дар Нигористони Дрезден нусхаи аслии асархои рассомонн италиявии асри 16 (Рафаэл, Чорчоне, Титсиан, Веронезе), рассомони фламандии асрхои 17—18 (Рембрандт, Я. Вермер, П. Рубенс), рассомони франсавии асрхои 17—18 (Н. Пуссен, А. Ватто), рассомони немиси асри 16 (А. Дюрер ва дигарон) махфузанд. Нигористони Дрезден яке аз калонтарин музейхои санъа­ти тасвири буда, дар он осори санъ­ати нафисаи даврхо ва халкхои гуногун, асархои нодир ва пуркимати мактабхои санъати тасвирии Евро­па, осори санъати тасвирии мамла­катхои сотсиалисти ва намунахои санъати пешкадами мамлакатхои буржуази гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.