Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нигерия

Нигерия

(Nigeria), Республи­каи Федеративии Нигерия (Federal Republic of Nigeria), давлатест дар Африкаи Гарбй. Ба Иттиходи Британияи Кабир дохил аст. Дар Гарб бо Бенин, дар Шимол бо Нигер, дар Шимол Шарк бо Республикаи Чад, дар Шарк ва Чанубу Шарк бо Камерун хамсархад аст. Дар Чануб сархадхои он то сохилхои халчт Гвинеяи укёнуси Атлантик рафта мерасад. Масохаташ 923,8 хазор км2. Ахолиаш 72,7 млн нафар (1978). Пой­тахташ — шахри Лагос (1,4 млн нафар 1973). Аз октябри 1982 пойтахт ба шахри Абуча кучид. Аз чихати маъмури ба 19 штат таксим шудааст.

Сохти давлати. Нигер— республикаи федеративи. Сардори давлат ва хукумат президент, ки ахоли ба муддати чор сол интихоб мекунад. Органи олии конунбарор — Ассамблеяи милли аз teнат ва палатаи намояндагон иборат аст. Ба штатхо губер­натор ва Ассамблеяи якпалатаги рохбари мекунанд. Органи олии суди — Суди Оли; дар штатхо Суди боло, судхои магистрати ва мукаррари.

Табиат. Кисми зиёди мамлакатро пахнкуххое фаро гирифтаанд, ки аз 400 то 600 м баланди доранд; кисми баландтаринашон пуштакухи Чос аст (нуктаи аз хама баландаш 1735 м). Аз он чо пуштакух ба суи Чануб то халичи Гвинея (водихои Нигер ва Бенуэ), ба суи Шимолу Шарк то кули Чад (хамвории Борну) ва ба суи Шимолу Гарб то хамвории хавзаи дарёи Сокото тадричан паст шуда меравад. Дар Нигер аз Шимол ба Чануб куххои Мандара, Шебиш ва гайра тул кашидаанд (баъзе куллахо то 2000 м ва бештар аз ин баланди доранд). Сарватхои зеризамини: маъданхои калъаги, ниобий (колум­бит), волфрам, молибден, уран, ти­тан, охан, кургошим, рух, нефт, газ, ангиштсанг, ангишти бур ва гайра. Иклими кисми шимоли Нигер экваториалию муссони аст. Харорати миёнаи мох аз хама гарм (апрел ё май) 25—33°С, мохи аз хама хунук (декабр ё январ) 20— 26° С. Боришоти солона аз 500—700 мм то 1500 мм. Дар хамвории наздибахри иклим экваториалист. Дар ин чо харорат миёнаи мохи аз хама гарм (март) такрибан 28° С, мохи аз хама ху­нук (август) такрибан 24° С, боришоти со­лона аз 1500—2000 мм то 4000 мм. Бештари дарьёхо дар хамвории наздибахри (дарёи калон Нигер ва шохоби он Бенуэ), инчунин дар пуштакухи Чос (дарёхои Кадуна, Гонгола, Комадугу — Йобе) вокеанд. Хоки Чануб ва Шимол сурхи зардчатоби латеритиет. Дар самти Шимол рафта-рафта чои чангалхоро чангалхои тропики ишгол намуда, баъди онхо саваннахо меоянд.

Дар Чануб саваннахо минтакаи гузарише аз чангалхои тропики ба са- ваннахои мукаррари мебошанд. Дар канораи Шимолу Чануб саваннахои сохили хастанд, ки баъди онхо растанихои биёбонии Сахрои Кабир падидор мешаванд. Аз хайвоноти дарранда паланг, шагол, гурбаи вахши бештаранд. Оху (такртбан 30 намуд) ва заррофахо низ бисёранд. Дар чангалхои тропики маймунхо, дар саваннахо фил ва каркаданхо, дар сохилхои дарёхо бахмутхо зиндаги мекунанд. Аз хазандахо тимсох калта- калос ва морхо вомехуранд.

Ахоли. Нигерия аз чихати ахоли калонтарин мамлакати Африка аст. Зиёда аз 200 халк (асосиашон: хауса, фулбе, канури, йоруба, ибо, эдо ва гайра) зиндаги мекунад. Кариб 1/2 ахоли—мусулмон, 1/з насрони буда, бокимондагон дину мазхабхои анъанавии махаллиро мепарастанд. Забони расми — англиси. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 65 нафар. Калонтарин шахрхо: Лагос, Ибадан, Огбомошо, Кано, Ошогбо, Илорин, Абеоку­та, Порт-Харкорт, Зариа, Илеша.

Очерки таърихи. Дар территорияи Нигергия намудхои давлатдори хануз дар асрхои аввали милод пайдо шуда, баъдхо давлатхои нисбатан калон ба вучуд омаданд: давлати Канем (асрхои 8—9), Борну (асрхои 16—17), шахр — давлатхои Хауса (асрхои 15—16) — дар Шимол; Ифе, Ойо, Бенин ва гайра (асрхои 12—19)—дар Чануб.

Дар ин чойхо европоихо бори аввал дар асри 15 пайдо шуда, территорияи Нигерияро ба яке аз калонтарин минтакахои гуломбадори табдил доданд. Мустамликакунии англисхо дар миёнаи асри 19 сар шуд. Соли 1862 мустамликаи англисии Лагос, 1900 протекторати Нигерияи Шимоли, 1907 протекторати Нигерияи Чануби ба вучуд омаданд.

Соли 1914 онхо бо номи «Мустамлика ва протекторати Нигерия» муттахид карда шуданд. Зулму истибдоди мустамликадорон, истисмори берахмона халки махаллиро беш аз пеш хонахароб мекард ва ин боиси пурзуршавии эътирози мардумон мегардид. Аз ин чост, ки бар зидди мустамликадорон зуд-зуд шуришхо ба амал меомаданд. Баъди Чанги якуми Чахон (1914—1918) пайхам ташкилотхои чамъиятиву сиёси ба вучуд омаданд. Соли 1920 шуъбаи нигериягии Конгресси миллии Африкаи Чануби таъсис ёфт. Соли 1922 аввалин партияи сиёсии Нигерия— Партияи миллии демократи ташкил шуд. Солхои 30 дар мамлакат ташкилоти калони чавонон — «Харакати чавонони нигерияги» амал ме­кард.

Баъди Чанги дуюми чахон харакати миллии озодихохи боз хам бештар авч гирифт (масалан, корпартоии умумии соли 1945, намоишхои эътирози, намоишхои пролетариат дар соли 1949 ва солхои 50). Соли 1944 якумин партияи оммавии сиёси — Совети миллии гражданхои Нигерия (СМГН) ташкил ёфт. Г. Маколей раиси он, Н. Азикиве котиби генералиаш интихоб шуданд. Солхои 50—60 дар мамлакат партияхои дигар низ ба вучуд омаданд ва калонтарини онхо —Гурухи амал (ГА) ва Конгресси шимолии халки (КШХ) бу­данд. Катъи назар аз сиёсати англисии регионаликунони (ба хам мукобилгузории району партияхои гуногун ва рохбарони онхо, ба таври сунъи бехад калон карда нишон додани фаркиятхои этники, забони, дини ва гайра) , нигериягихо дар охири солхои 50 дар масъалаи барои мамла­кат асоси — истиклолият, хамраъйи ба даст оварданд.

Октябри 1958 дар конференсияи конститутсионии Лондон Британияи Кабир мачбур шуд эълон кунад, ки аз 1 октябри 1960 ба Нигерия истиклолият медихад. Ба сари хокимият хукумати коалитсиони омад, ки аз намояндагони КШХ ва СМГН (бо сардории А. Т. Балеви) ташкил ёфта буд. Ба даст омадани истиклолияти сиёси худ аз худ наметавонист, ки «омилхои чудои»-и аз мустамликадорон бокимондаро барххам занад. Онхоро хамон вакт бархам задан мумкин мегардид, ки мамлакат бо рохи ислохоти чиддии ичтимоию иктисодие пеш равад, ки он ба бархам додани имтиёзхои таба­каи болоии феодали-аристократи, ба­робар карда ин дарачаи тараккиёти сохахои гуногун, баланд бардоштани дарачаи зиндагонии оммаи васеи ахоли мусоидат кунад. Хукумати Балеви барои дигаргунсозии мамла­кат кушише намекард ва алокаи худро аз Англия хам кандан намехост. Дар тамоми давраи хукмронии хукумати ба ном республикаи якум (октябри I960 —январи 1966) мамлакатро кризисхои доими ба ларза меоварданд. Ин хама боиси он гардид, ки январи 1966 ба сари хокимият харбихо омаданд. Сардори аввалин ху­кумати харби генерал-майор А. Иронси буд.

Хукумати нав програм­маи тараккиёти босуръати иктисодии мамлакатро пешниход кард, ки дар он баланд бардоштани дарачаи зиндагонии халк пешбини шуда буд. Вале карори хатое, ки мувофики он мехостанд шароити вокеиро ба инобат нагирифта, тавассути декрети 24 май 1966 мамлакатро ба давлати унитари (ягона) табдил диханд, эътирози чиддии аксари ахолиро ба амал овард. 29 июни 1966 табаддулоти нав руй дод. Ба сари хукумат подполковник Я. Говон омад. Ин хукумат Нигерияро аз чанги байнихуди боздошта натавонист. Тирамохи 1960 дар вилояти шарки тамоюлоти чудошави авч гирифт. Мохи май 1967 ин вилоят, ки ба он гурухи чудоиандозандаи О. Очукву сардори мекард, худ­ро республикаи мустакили Биафр эълон намуд. Аввали июли 1967 чанги байнихудин 30-моха сар шуд, ки ба мамлакат осеби бузурги модди ва маънави расонд. Хазорхо одамон талаф шуданд. Мохи январи 1970 армияи Биафр таслим шуд. Куввахои ватандусти милли дар мубориза барои ягонаги ва яклухт нигах доштани территорияи галабаи таърихи ба даст овар­данд. Кори баркароркуни сар шуд ва босуръат пеш рафт.

Октябри 1970 ху­кумати Я. Говон программаи дар соли 1976 ба идоракунии граждани гузаштани мамлакатро пешниход кард. Вале ин программа ичро нашуд. Соли 1974 сардори давлат эълон кард, ки дар мухлати муайяншуда Хокимиятро ба режими граждани нахохад дод. Ин боиси эътирозхои тезутунд гардид. Хукумати Я. Говон дар амал ба хукумати зиддихалкие табдил ёф­та буд. Я. Говон губернаторхои штатхоро, ки ба шохакони мутлак табдил ёфта буданд, иваз кардан намехост (соли 1967 мамлакат ба 12 штат таксим буд). Ришвахури ба дарачаи оли расида буд, нарххо беш аз пеш баланд мешуданд. Ин хама боиси табаддулоти нав гардид. Ба сари сеюмин хукумати харби гене­рал-майор. М. Мухаммад омад. Хукумати нав рохи халли масъалахои рузро пеш гирифт. Дар нимаи дуюми соли 1975 тозакунии дар таърихи Африка диданашудаи аппарати дав­лати ва армия ба амал бароварда шуд.

1 октябри 1975 хукумат плани дар соли 1979 зина ба зина ба рожими идоракуниии граждани гузаштанро ба халк эълон кард. Дар аввали соли 1976 дар мамлакат 7 штати нав барпо карда шуд. Хукумати М. Мухаммад дар сохаи сиёсати хоричи рохи мустахкам намудани ягонагии давлатхои мустакили Африка, бархам додани режими нажодпарастонаи Африкаи Чануби, дастгирии муборизаи халки Ангола, бо мамлакатхои сотси­алист вусъат додан ва мустахкам кардани муносибатро пеш гирифт. Хамаи ин хашму газаби иртичоъпарастони дохили ва хоричиро ба амал овард. Феврали 1976 табаддулоти нав ба амал омад ва М. Мухаммад кушта шуд. Ба чои М. Мухаммад сардори давлат ва хукумат О. Обасанчо шуд, ки вай дар сохаи сиёсати до­хили ва хоричи катъиян бо рохи хукумати пештара рафтани худро изхор кард.

Охири соли 1976 интихоботи органхои махалли гузаронда, лоихаи конститутсияи нав тайёр ва ба мухокимаи умумихалки пешниход карда шуд. Сентябри 1979 Ш. Шагари президенти Нигерия интихоб шуд. У дар мам­лакат мустахкам намудани ягонагии милли, ба хаёт татбик намудани шиори «мамлакати ягона — такдори ягона» ва гайраро бо рохи дигаргунсозихои иктисодию ичтимои ба амал бароварда истодааст.

Партияхои сиёси ва иттифоки касаба. Хамаи партияхои сиёсии Нигерия буржуазию демократи буда, солхои 1978—1979 таъсис ёфтаанд: Партияи миллии Нигерия; П а р т ия и Халкии Нигерия; Пар­тия и ягонагии Нигерия; Партияи халкии Нигеряи К а б и р; Партияи эхёи халк; Конгресси мехнатии Нигерия — ягона маркази иттифокиои касаба.

Иктисодиёт. Нигерия мамлакати аграриест, ки саноати нефтистехсолкунии равнакёбандае дорад. Аз чихати баровардани махсулоти нахли равгандех ва истехсоли колумбит соли 1976 дар чахони капиталисти чой

1- ум, дар истехсол ва экспорти дони какао чой 4-ум, дар истехсоли чормагзи замини ва каучук чой 6-ум дар истехсоли консептратхои сурб чои 7-умро гирифт. Соли 1970 Нигерия ба катори дах мамлакати калонтарини экспорткунандаи нефт даромада, соли 1974 аз чихати истехсоли нефт дар байни давлатхои африкои ба чои 1-ум баромад. Такрибан 75% маблаггузории хоричиён дар саноати Нигерия ба капитали англисхо тааллук дорад. Тааррузи капитали америкои ва Германияи Гарби ба иктисодиёти Нигерия пурзур мегардад. Хукумати Нигерия барои

махдуд карданп доираи истифодаи капитали хоричи тадбирхо меандешад. Аз руи декрети нигерикунонии иктисодиёт дар як катор сохахои саноат ва савдои чака ва иштироки ка­питали хоричи манъ ё махдуд кар­да шудааст. Муассиса ва корпоратсияхои калони давлати ба вучуд оварда мешаванд (2 ширкати давлати дар майдони 60 хазор га барои парвариши гавдум, шоли, маис, маниок, 2 муассисаи насли автомошинхо, корхонахои истехсоли маснуоти асбести электродбарори ва истехсоли каучук). Соли 1975 Нигерия ба ичрои плани тараккиёти ичтимоию иктисодии мамлакат барои солхои 1975—1980 шуруъ кард.

Асоси иктисодиёти Нигерия хочагии кишлок аст. Дар он такрибан 70% ахолии кобили мехнат кор мекунад. Ба хочагии кишлоки Нигерия заминдории обшинаги хос аст. Соли 1978 истехсол карда шуд (ба хисоби хазор т.): равгани нахл—680, чормагзи замини — 700, дони какао — 160, шо­лй — 580, каучуки табии — 90, пах­та — 60. Барои бозори дохили инчунин махсулоти зерини хочагии кишлок парва- риш карда мешавад (1978): чойчувори — 3,7 млн т, арзан — 3,1 млн т, чуворимакка — 1450 хазор т, ямс — 12,6 млн т, маниок —10 млн т, найшакар — 770 хазор т.

Чорводори хусусияти экстенсиви дорад. Мамлакат соли 1979 (ба хисоби млн cap) гов —12,0, гусфанд — 8,5, буз — 24,5, хук — 1,1, мурги хонаги —110 дошт. Мохидори таракки кардааст (такрибан 940 хазор т мохи, 1979). Нигерия экспорткунавдаи калони чуб аст (чубхои пуркимати кайя, сапеле, ироко, агба ва гайра). Истехсоли тахта 2,2 млн м3, экспорт тахта 91 хазор м3 (1976). Кариб тамоми нефти Нигерия экспорт карда мешавад. Махсулоти нефт дар заводи назди Порт-Харкорт бароварда мешавад. Истехсоли маъдани Калъаги (3,9 хазор т, 1978), маъдани ниобий (колумбит, 0,8 хазор т) ба рох монда шудааст. Дар шахри Чос заводи калъагигудози хаст. Истехсоли ангишт дар шахрхои Анамбра ва Квара марказонида шу­дааст. Ба микдори на он кадар зиёд волфрамит, сурб, рух ва гайра ис­техсол карда мешавад.

Соли 1978 5,2 млрд кВт. с. энергияи электр истеххсол карда шуд. Дар саноати коркарди Нигерия роли асосиро сохахои хуроквори ва бофандаги мебозанд. Калонтарин муассисахо: заводхои равгани нахл ва истехсоли махсулоти какао дар Лагос, тамбку ва консерви мева дар Ибадан, заводхои равгани нахл ва консерви гушт дар Кано. Мухимтарин маркази бофандаги  Кадула аст. Саноати химия собун, махсу­лоти парфгомери ва дорувор, пла­стмасса ва гайра истехсол мекунад. Нигерия саноати резини техники, муассиса­хои коркарди каучуки табии ва ис­техсоли шинахо дорад. Муассисахои асоси дар Лагос, Порт-Харкорт, Абе, Кано чойгиранд. Дар саноати кор­карди металл бештар устохонахои механики ва таъмир мавчуданд. Заводхои васлкунии велосипед, мошиихои боркаш, тракторхо, радиоаппаратурахо ва гайра кор мекунанд. Соли 1975 ду заводи автомобилваслкуни («Пе­жо», дар Надува ва «Фолксваген», дар Лагос) сохта шуд, ки хар кадоми онхо соле 20 хазор мошин истехсол менамоянд.

Калонтарин маркази коркарди металл Лагос аст. Асоси саноати металлурги гузошта меша­вад, дар Эмен заводи прокати пулод кор мекунад. Бо ёрии СССР сохтави комбинати металлурги пешбини шуда­аст, ки он соле такрибан 1 млн т пулод хохад гудохт. Саноати семент ру ба тараккист. Заводхои асосии семевт дар Нкалагу, Эвекоро, Сокото, Калабар вокеавд. Заводи истехсоли маснуоти асбести дар Орон аст. Дар Сапел комбинати калони чубу тахта хаст. Корхонахои мебелсози, комбинати селлюло­заю когаз (дар Чебба), фабрикаи гугирд (дар Илории) амал мекунанд. Касбу хунархои анъаначи: бофан­даги, кандакорию хаккоки, чармгари ва кулоли. Нефт, дони какао, палмиста, калъаги, каучук, чормагзи замини, чуб, колумбит экспорт кар­да мешавад; мошин ва такхизот, молхои саноатии истеъмоли, химикатхо, озукавор, нушокихо ва тамокуро аз хорича меоранд. Шарикони асосии савдои Нигария: ШМА, Британияи Кабир. Нидерланд, Франсия, Япония, РФГ. Вохиди пул- найра. Тули рохи охан 3,5 хазор км (1979), роххои мошингард 104,5 хазор км ва роххои дохилии оби — 7,2 хазор км. Роххои асосии обии Нигерия— дарёи Нигер ва шохоби он Бенуэ. Бандархои калони бахри: Лагос, Порт-Харкорт, Бонни, Сапеле, Варри, Буруту. Аэропортхои байналхалки дар Лагос ва Кано вокеъ гардидаанд.

Нигахдории тандурусти. Соли 1979 ба хар 1 хазор нафар 49,6 таваллуд, 18 фавт, ба хар 1 хазор кудаки навзод 57 фавт рост меомад. Дарозии миёнаи умри мардон —37,2 сол, занхо —36,7 сол. Патологияи инфексиони бештар аст. Аз касалихои карантини табларзаи зард, нагзак, вабо мушохида карда шудааст. Касалихои тифи шикам, дизентерияи батсиллави, сил, махав, трахома, касалихои гузарандаи бачагон, касалихои чимои бисёранд. Дар хама чо варача мушохида мешавад. Касалихои полиомелит, гепатити вируси хеле бисёр аст. Дар Нигерия шакли омехтаи нигахдории тандурусти (хам ёрии тиббии хусусии капиталисти ва хам сектори давлати) вучуд дорад. Соли 1968 2,8 хазор касалхонаи дорои 28,1 хазор кат буд (0,5 кат ба 1000 кас). 3 хазор нафар духтур (1971) кор мекард (1 духтур ба 29 хазор кас), аз чумла 626 нафар африкоихо. Духтуронро факултети тпббии Университети Ибадан, мактабхои Лагос ва Зари тайёр мекунанд. Аз СССР соли 1969 тачхизоти тибби, 1968—1970 дорувор, лавозимоти банду баст, 1971 ваксина барои мубориза бо эпидемияи вабо оварда шуд. Дар Лагос маркази байналхалкии бархамдихии варача кор мекунад.

Маориф. Дар ибтидои 1975 70% ахоли бесавод буд. Дар мактаби ибтидои такрибан 50% бачахои 6—12-сола тахсил мекарданд. Аз соли 1976 таълим дар мактабхои ибтидои ва миёнаи нопурра бепул, дар мактаби 6-солаи ибти­дои хатми эълон карда шуд. Соли тахсили 1975-1976 дар мактабхои иб­тидои 5 млн талаба мохонд. Мухлати тахсил дар мактаби миёна — 7 сол (5+2). Соли тахсили 1975-1976 дар мактабхои миёна такрибан 500 хазор та­лаба буд. Соли тахсили 1974-1975 дар омузишгоххои педагоги 47 хазор хонанда, дар системаи тайёрии касбхои техники такрибан 21 хазор хонанда, дар мактабхои оли 23,3 хазор студент буд. Дар мамлакат 13 университет хаст: Университети Ибадан (таъсисаш 1962), соли тахсили 1976-1977 зиёда аз 7,5 хазор студент донш. Университети Зариа ба номи Ахмаду Белло (таъсисаш 1962) зиёда аз 6,7 хазор студент; Университети Нсукка (таъсисаш 1960) зиёда аз 6,6 хазор студент, Унститути Ифа (таъси­саш 1961) зиёда аз 5 хазор студент;1976 як катор университетхо дар шахрхои Порт-Харкорт, Сокото, Илорин, Калабара, Майдугири ва гайра таъсис ёфтанд. Нигерия чунин китобхонахо дорад: Китобхонан милли дар Лагос (1962), китобхонаи Университети Ибадан (1948), китобхонаи Университети Ифа, китобхонаи Ун-иверситети Нсукка ва гайра Музейхои Нигерия: дар Лагос, дар шахрхои Бенин, Кано, Ифа, Илорин, Кадуна ва гайра

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1977 дар Нигерия 100 нашрияи даври чоп мешуд. Газетахои харруза ба забони англнси: «Дейли таймс» _(«Dai­ly Times»), газетаи хукумати, дар Лагос нашр мешавад, таъсисаш 1925. «Нью найчириан» («New Ni­gerian»), газетаи хукумати, дар Кадуна ва Лагос нашр мешавад, таъ­сисаш 1948. «Уэст африкаи пайлот» нашр мешавад, таъсисаш 1937. «Дей­ли скетч» («Daily Sketch»), дар Иба­дан нашр мешавад, таъсисаш 1964. Газетхои хархафтаина: «Санди таймс» («Sunday Times»), дар Лагос нашр мешавад, газетаи якшанбеги, ба за­бони англиси, таъсисаш 1953. «Иро- хин йоруба», дар Лагос ба забони  йоруба нашр мешавад, таъсисаш 1945. Журналхо: «Драм» («Drum»), дар Лагос нашр мешавад, таъсисаш 1954. «Африкэн спарк» («African Spark»), дар Лагос нашр мешавад. «Нью хорайзон» («New Horison»), прогрессиви, таъсисаш 1976. Агентии навигарихои Нигерия («New Ageney of Nige­ria»)— агеитии миллии ахборот, таъ­сисаш 1976, октябри 1978 ба кор cap кард. Ширкати радиошунавонии Ни­герия (The Nigerian Broadcasfing Corporation), таъсисаш 1957, дар Лагос вокеъ аст ва программаи худро ба забонхои англиси, ароби, франсави ва забонхои махалли мешунавонад. Ба он Хизмати толевизионии Нигерия (Nigerian Television Servi­ce) (таъсисаш 1962) дохил аст.

Адабиёт. Аксари нависандагони Нигерия ба забони англиси менависанд. Ба забонхои йоруба, ибо, хауса анъанахои адаби ба вучуд омаданд. Аз охири асри 19 — аввали асри 20 публистистика, ки дар хизмати харакати озодихохи буд, ташаккул ёфт. Солхои 20—40 назми граждани ба вучуд омад (Н. Азикиве, Д. Осадебей). Солхои 30 драматургия ташаккул ёфт. Аввалин романи нигери  «Одамони шахр»-и  С. Эквенси соли 1954 нашр шуд. Дар насри солхои 60 таваччухи нависандагон ба мухиту маишат, кушиши дар назари хонандаи европои «сафед карда» нишон додани Афри- каи патриархали мушохида меша­вад: романхои О. Нзекву «Асои офо» (1961), Э. Амади «Зани худо» (1966). Адибон бештар ба масъалахои ичти­мои майл доранд: К. Агунва (таваллуд 1933) «Боз як бор кушиш кун», Фло­ра Нвана (таваллуд 1931) «Эфуру»  ва диг.  Дар романи Т. Алуко (таваллудаш 1920) «Хешовандон» (1966) кушиши офаридани идеали граждани дида ме­шавад. Тамоюлоти асосии тараккиёти насри нигери—ташаккули реализми танкиди дар романхои Ч. Ачебе (таваллуд 1930) ба авчи аъло расид (три- логияи «Вайрони хам омад», «Зиндагии бекарор», «Тири худо»). Дра­матургия ва назми солхои 60 мазмуни ичятимои пайдо кард (В. Шойин­ка, достони «Идапре», песахои «Рацкси чангал», «Рох», «Косили Конги», Ч. Кларк, песахои «Суруди буз», «Озоди»).

Меъмори ва санъати тасвири. Икоматгохи анъанави хонаи гилин аст, (мудаввари бомаш конусшакли хасин ё чоркунчаи бомаш хамвор ва гайра), ки аксаран кандакори шудааст. Дар асри 14 дар шимоли Нигерия баробари пахн шудани дини ислом масчидхо ба вучуд омаданд. Охири асри 19 ба меъмори унсурхои бароккои Америкаи Лотини рох ёфт. Баъди Чанги дуюми чахон шахрхо бо бинохои серошёна, асосан аз руи лоихахои меъморони англис, бо истифодаи масолех ва конструксияхои хозиразамони бинокори сохта мешуданд. Баъди истиклолият гирифтани Нигерия меъморони махалли ба майдон омаданд (О. Олумуйива, А. Ачеми). Акнун дар меъмори ороишоти барчаста (панчарахо ва ороиши дару тирезахо), ки устохо дар заминаи анъанахои эчодиёти халки ичро мекарданд, васеъ истифода бурда мешавад. Кадимтарин ёдгорихои санъати тасвирии Африка ба маданияти Нок мансубанд. Дар нохияхои гуногуни Нигерия хайкалчахои биринчи ёфт шудаанд. Кадимтарини онхоро ба аввали давраи милод нисбат медиханд. Дар шахр — давлатхои Ифа (асрхои 11—13) ва Бенин (асрхои 13—19) сохтани хайкалхои сафоли ва биринчи багоят равнак ёфта буд. Тарошидани хайкалхои хурди чубини одамон ва хайвонот анъанаи кадимиест дар байни халкхои йоруба, ибо, лбибио, ичо, экои. Хунархои бадеии халки бо хайкалтарошии анъанави алокаи зич до­ранд (тайёр кардани Курсихои кан­дакори, дастионахо, матоъхои рангоранг, зарфхои гуногуншакли сафо­ли, шишаги, чармин ва гайра). Хайкалтарошон О. Идах, Ф. Идубор, А. Аканчи, рассомон У. Океке, И. Вангбоже ба анъанахои санъати нигери такя мекунанд. Намояндагони чараёни реалистии навъи европои рассом А. Онаболу, хайкалтарош Б. Энвонву мебошанд.

Ад.: ОльдероггеД. А., Западный Судан в XV—XIX вв., Очерки по исто­рии и истории культуры, М.—Л., i960;

П р и б ы т к о в с к и ft Л. Н., Нигерии в борьбе за независимость, М., 196.1.; А со­ли Н. С., Нигерия, М., 1963; И с м а г и- л о в а Р. Н., Народы Нигерии, М., 1963; Искусство стран и пародов мира, т. 3, М., 1971; Петров Е. А., Нигерии. М, 1971; Вавилов В. Н., Проза Ниге­рии, М., 1973; Бейлис В. А., Воле Шойинка, М., 1977; Современна л Ниге­рия (справочник), М., 1974.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …